Jump to content

Ҷоннӣ Депп

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷоннӣ Депп
англ. Johnny Depp
Ном ба ҳангоми таваллуд: англ. John Christopher Depp II
Таърихи таваллуд: 9 июн 1963(1963-06-09)[1][2][3][…] (61 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ:
Касб: коргардони филм, таҳиякунандаи филм, филмноманавис, ҳунарпешаи телевизиюн, ҳунарпешаи синамо, садопеша, nightclub owner, гиторнавоз, ҳунарпеша, мусиқидон
Корнома: 1984 — то ҳол
Самт: рок[d], фэнтези[d], моҷароҷӯӣ ва кумедии ошиқона
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 0000136
 Парвандаҳо дар Викианбор
Пенелопа Круз ва Ҷоннӣ Депп дар фестивали Канн -2011 (Cannes 2011)

Ҷоннӣ Депп (англисӣ: Johnny Depp) - ҳунарпеша, коргардон, таҳиякунанда, сенариянависи синамои ИМА аcт. Барандаи ҷоизаи Глобуси тиллоӣ (2008)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷоннӣ Депп (англисӣ: Johnny Depp) 9 июни соли 1963 дар шаҳраки хурди амрикоии Овенсборо дар оилаи муҳандис ва пешхизмат ба дунё омадааст. Вақте ки Ҷоннӣ 7 сола шуд, оилаи онҳо ба Флорида кӯчид, ки дар он ҷо ба падараш кори баландеро дар яке аз шаҳрҳои наздибаҳрӣ ваъда карданд. Ҳаёти кӯчманчиёна, иваз кардани хонаҳо, марги бобо, ки бо ӯ Депп тамоми кӯдакияшро гузаронида буд, ба равони кӯдак таъсири манфӣ расониданд. Ӯ ба мактаб бе ҳеч хоҳиши омӯзиш мерафт ва аз синни 12-солагӣ сигоркашӣ ва машруботнӯширо сар кард. Аз ҳам ҷудошавии волидайн авҳоли ӯро боз ҳам бадтар карданд: Депп дар синни 15 солагӣ ба истеъмоли нашъа сар кард ва чанде пас аз мактаб ронда шуд.

Вале, хушбахтона, Ҷоннӣ хеле зуд барои худ машғулияти наверо пайдо кард ва ҷиддан ба мусиқӣ машғул шуд: модараш ба ӯ гитараи барқии арзонеро харид ва Депп мустақилона навохтани онро омӯхта, дар яке аз гурӯҳҳои эстрадӣ баромад мекард. Онҳо дар тарабхонаву ошхонаҳои маҳаллӣ баромад мекарданд ва барои рӯзгузаронӣ маблағеро пайдо менамуданд. Вале корҳои гурӯҳ он қадар муваффақ набуданд ва он дере нагузашта аз байн рафт.

Тақрибан дар ин замон Депп ба Лори Эллисон ном духтаре хонадор шуд (онҳо ду сол зану шавҳар буданд), ки ӯро бо Николас Кейҷ шинос кард. Симо, нигоҳ ва тарзи рафтори Депп ба Николас маъқул шуданд ва ӯ Ҷонниро бо агенташ шиносонид. Дар натиҷа, ситораи оянда нақши аввалини худро дар филми Уэйс Крейвен "Кобус дар Кӯчаи Ҷинҳо" /Nightmare on Elm Street/ гирифт. Маошҳои аввалини худро Депп барои омӯхтани санъати ҳунарпешагӣ сарф мекард. Баъд аз хатми омӯзиш, ба ӯ нақшеро дар филми Оливер Стоун "Взвод" /Platoon/ доданд, ки он ба ҷоизаи Оскар ноил шуд.

Соли 1990 ду филм /Edward Scissorhands/ (коргардон Тим Бертон) ва “Гирёнчак” /Cry-Baby/ бо Ҷоннӣ Депп дар нақши асосӣ баромаданд. Ҳамкории Депп бо Тим Бертон то ҳол давом дорад.

Бо вуҷуди ҷанҷолҳои оилавӣ ва проблемаҳо дар ҳаёти шахсияш, карйераи Ҷоннӣ дар соҳаи синамо бомуваффақият буд. Нақшҳои ӯ дар филмҳои What's Eating Gilbert Grape? ва Arizona Dreaming аз тарафи мунаққидон баҳои баланд гирифтанд; Баъд аз он дар ҳамкорӣ бо Тим Бертон филми дигаре "Эд Вуд" /Ed Wood/ ба навор гирифта шуд, ки барои иштирок дар он ҳунарпеша Мартин Ландау соҳиби ҷоизаи "Оскар" гардид.

Соли 1995 дар экранҳо филми "Дон Жуан Де Марко" /Don Juan DeMarco/ баромад, ки дар он Депп бо Марлон Брандо нақш офарида буд, вале он дар байни тамошобинон он қадар машҳур нагардид. Дар баробари он, "Мурда"-и Ҷим Ҷармуш яке аз дастовардҳои бузурги синамо дар 20 соли охир шумурда шуд ва Деппро чун яке аз моҳиртарин ҳунармандони давронаш ҳисобиданд.

Дар охири солҳои 90-ум Ҷоннӣ чандин нақшҳои гуногунро офарид: Ӯ давр филмҳои фантастикӣ, триллер ва мелодрамаҳо иштирок кард. Филми дигаре, ки шуҳрати Ҷонниро дар синамо афзуд, филми «Кокаин» /Blow/ буд. Офаридани ин нақш барои Депп хеле вазнин буд. Душвории он боз аз он ҷиҳат зиёд буд, ки он асоси воқеӣ дошт ва шахсе, ки образи ӯро Ҷоннӣ офарида буд, шахси воқеӣ буд. Ҳарчанд ки ин филм потенсиали калони соҳибшавӣ ба «Оскар»-ро дошт, он дар ягон номинатсия ин ҷоизаи бонуфузро нагирифт.

Нақши «Ҷек Спэрроу» роҳзан (русӣ - пират) Ҷек дар филми “Роҳзанҳои баҳри Кариб” Ҷонниро дар байни тамошобинон хеле машҳур гардонид. Баъд аз баромадани филм, коргардонаш Ҷеррӣ Брукҳаймер эълон дошт, давоми он низ хоҳад баромад.


⚙️ Ҳунарпешагони ИМА
Леонардо ДиКаприо • Морган Фриман • Энтонӣ Ҳопкинс  • Зак Эфрон  • Жан-Клод Ван Дамм • Силвестер Сталлоне  • Стивен Сигал • Уилл Смит • Арнолд Швартсенеггер • Тобӣ Магуайр  • Том Круз • Долф Лундгрен • Ҷет Ли • Брюс Ли • Ҷеки Чан • Орландо Блум • Патрик Стюарт • Хю Ҷекман • Крис Эванс • Бред Пит • Ҷоннӣ Депп • Николас Кейҷ • Бен Аффлек  • Киану Ривз • Дэвид Духовни  • Мэрилин Монро   • Елизабет Тайлор   • Мэрил Стрип   • Ким Бейсингер   • Сандра Баллок   • Ума Турман   • Милла Йовович