Jump to content

Элом

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Элом
2700 то м. — 539 то м.


Пойтахт Аншон[d] ва Шӯш[d]

Элом — як минтақаи таърихӣ ва давлати қадимӣ (ҳазораи 3 — нимаи асри 6 то милод) дар ҷанубу ғарби Эрони муосир (вилоятҳои Хӯзистон ва Луристон).

Дар ин минтақа дар аввали ҳазорсолаи IV п.м. шаҳраку шаҳрҳо пайдо шуда, иқтисодиёт тараққӣ мекунанд. Дар пойтахти он ш. Шуш биноҳои боҳашамат, истеҳсоли фулузот, чархи кулолгарӣ ва хат пайдо мешаванд.

Дар асри XXVII—XXVI п.м. дар Элом аввалин иттиҳодияи сиёсӣ, яъне давлат ташкил мешавад. Минбаъд ва то охири ҳазорсолаи II п.м. Элом дар нашъунамо буд, бо Шумеру Аккад ва Бобул рақобат ва ҷанг мекард, баъзан минтақаҳои ҳамсарҳадро ишғол менамуд. Дар Элам савдо, заминдорӣ, чорводорӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, маъмурият инкишоф ёфта буд.[1]

  1. Ҳотамов Н. Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе,2011, — с. 29.