Хонавода
Хонавода (форсӣ: خانواده), оила (ар. العائلة) — хурдтарин воҳиди иҷтимоъӣ, ки шомили падар, модар ва фарзандони онҳост
Хонавода дар ислом
[вироиш | вироиши манбаъ]Ташвиқ ба ташкили оила:
- Паёмбари Худо (с): Дар Ислом, ҳеч биное сохта нашудааст, ки назди Худои Таоло, маҳбубтар аз бинои издивоҷ бошад.
- Паёмбари Худо (с): Дар чаҳор ҳангом, дарҳои раҳмати осмон кушода мешавад: … ва дар ҳангоми издивоҷ кардан.
- Паёмбари Худо (с): Ҳар кас бар дини ман ва оини Довуд ва Сулаймон ва Иброҳим аст, агар тавони издивоҷ кардан дорад, бояд издивоҷ кунад.
- Паёмбари Худо (с): Ҳар кас оини маро дӯст дорад, бояд аз суннати ман пайравӣ кунад ва аз ҷумлаи суннати ман, издивоҷ кардан аст.
- Паёмбари Худо (с): Издивоҷ кунед, зеро ман дар фардои қиёмат, ба афзунии шумо бар дигар умматҳо менозам, ҳатто ба ҷанини сиқтшудае, ки бо ҳолати қаҳру нороҳатӣ бар дари биҳишт меояд ва ба ӯ гуфта мешавад: «Ба биҳишт дарой!» ва ӯ мегӯяд: «На. Намедароям, то падару модарам пеш аз ман дароянд».
- Паёмбари Худо (с): Издивоҷ кардан, аз суннати ман аст. Пас ҳар кас ба суннати ман амал накунад, аз ман нест. Издивоҷ кунед, зеро ман ба афзунии шумо бар дигар умматҳо меболам.
- Паёмбари Худо (с): Издивоҷ кардан, суннати ман аст. Пас ҳар кас аз суннати ман рӯй бартобад, аз ман нест.
- Имом Алӣ (а): Издивоҷ кунед, зеро Паёмбари Худо (с) фармуд: Ҳар кас дӯст дорад, ки аз суннати ман пайравӣ кунад, бидонад, ки издивоҷ кардан, аз суннати ман аст.[1]
Таърифи ҳуқуқӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Оила, зуҳуроти иҷтимоию ҳуқуқист. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таърифи ҳуқуқии оила дода нашудааст, вале дар истинод бо нуқтаи назари мухталиф таърифи оиларо ба тариқи зайл додан мумкин аст: оила иттифоқи озод, ихтиёрона, баробарҳуқуқ ва чун қоида якумраи зану шавҳар аст, ки ба муҳаббату эҳтироми тарафайн бо мақсади ташкили оила барои тавлид ва тарбияи фарзандон асос ёфта, бо риояи ҳама шартҳои дар қонун зикршуда ва умумияти маънавӣ ва хоҷагӣ, инчунин ҳуқуқу ӯҳдадориҳоро байни аъзои оила ба вуҷуд меорад ва дар ҳифзи давлат мебошад.
Вазифаҳои асосии оила репродуктивӣ, тарбиявӣ, хоҷагидорӣ (иқтисодӣ), маънавияти ба ҳам соз��ори аъзои оила ва дастгирии моддӣ мебошад.[2]
Дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 13 ноябри соли 1998) Моддаи 1. Заминаҳои асосии қонунҳои оила чунин омадааст:
" Қонуни оила ба зарурати таҳкими оила, ба бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббату эҳтироми якдигар, кумаки мутақобила ва масъулияти ҳамаи аъзои оила дар назди оила, раво набудани дахолати беасоси ҳар шахс ба корҳои оила, татбиқи бемонеаи ҳуқуқ ва иҷрои ӯҳдададориҳои худ аз ҷониби аъзои оила ва имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбад.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Оиладорӣ (аз нигоҳи Қуръон ва ҳадис)
- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — С. 368
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бойгонӣ шудааст 8 феврали 2017 сол.
- Оилаи шумо хушбахт шуда метавонад