Аневризма
Аневризма | |
---|---|
Ихтисос | Vascular surgery |
МКБ-10 | I72. |
---|---|
МКБ-9 | 442 |
DiseasesDB | 15088 |
MedlinePlus | 001122 |
eMedicine | / |
MeSH | D000783 |
Аневри́зма (аз юнонӣ aneurysma — васеъ шудан) — васеъ шудани рагҳои хун ё ҷавфи дил, ки дар натиҷаи ёзидан ва дамидани девораҳои он ба вуҷуд меояд.
Аневризмаро чун оризаи сактаи дил, атеросклероз, сифилис ва дигар бемориҳо, ҳамчунин натиҷаи захм (аневризмаи захмӣ) медонанд. Нуқси модарзоди девораи paг низ метавонад боиси пайдоиши аневризма (бештар дар рагҳои майна) гардад. Вобаста ба мавзеъ аневризма шараёнӣ, варидӣ, шараёнию варидӣ мешавад. Намудҳои дукшакл ва халташакли аневризма бештар вомехӯранд. Аневризмаи шоҳраг бештар дар мардоне мушоҳида мешавад, ки гирифтори атеросклерозанд. Аневризмаи дил оқибати нохуши сактаи қалб буда, одатан, дар девораи меъдачаи чап ба вуҷуд меояд. Зуҳуроти аневризма ба мавқеъ, андоза ва дигар омилҳои марбути он вобаста аст. Беморӣ басе дуру дароз ва ноаён (беаломат) мегузарад. Аневризма боиси ихтилоли хунгирии бофтаҳо мешавад. Ҳангоми аневризма бисёр вақт фаъолияти дил халал меёбад; ҳар қадар аневризма ба мушаки дил наздик ҷойгир шуда бошад, ихтилоли кори дил ҳамон қадар барвақт ба вуқӯъ мепайвандад. Кафидани аневризма ва хунравии ҳалокатбор аз имкон берун нест. Беморони гирифтори аневризма ба муолиҷаи духтур ва назорати махсус эҳтиёҷ доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аневризма // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.