Jump to content

Ҷон Эндрю Бойл

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷон Эндрю Бойл
Таърихи таваллуд 10 март 1916(1916-03-10)[1][2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 19 ноябр 1978(1978-11-19)[1][2] (62 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ шарқшиносӣ
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Владимир Минорский[d]

Ҷон Эндрю Бойл (англ. John Andrew Boyle, 10 март 1916[1][2], Worcester Park[d]19 ноябр 1978[1][2], Манчестер[d], Манчестери Бузург) — шарқшиноси инглис. Профессори Донишгоҳи Манчестер (1966).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Падараш китобфурӯшу китобшинос буд, осори адабиро аз забонҳои лотинӣ, фаронсавии қадим, испониёӣ, португалӣ ба англисӣ тарҷума мекард. Ҷон Эндрю Бойл таҳсили ибтидоиро дар назди падараш оғоз карда, забонҳои лотинӣ ва юнониро омӯхт. Дар Донишгоҳи ш. Бирмингем як сол забони олмонӣ, дар Донишгоҳи Берлин ва Донишгоҳи Гёттинген назди устодони худ Ҳанс Ҳайнрих Шедер ва Олаф Хинсен, Мартин Ҳартман забонҳои форсии қадим, авестоӣ, паҳлавӣ, арабӣ, туркӣ, таърихи кишварҳои Шарқ ва динҳоро омӯхт. Пеш аз оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба Англия баргашт ва дар Донишкадаи мутолиоти шарқии Донишгоҳи Лондон ва Донишгоҳи Манчестер (1950-66) кор кард.

Беш аз 90 асари Ҷон Эндрю Бойл — китобҳо, мақолаҳо, тарҷумаҳояш аз осори таърихии форс-тоҷик ба табъ расидаанд. Ҷон Эндрю Бойл мутахассиси соҳаи таърихи муғул буд. Дар ин бобат кори нисбатан муҳимми ӯ тарҷумаи англисии «Таърихи ҷаҳонкушой»-и Ҷувайнӣ (1958, дар ду ҷилд), тарҷумаи бахшҳое аз «Ҷомеъу-т-таворих»-и Рашидуддини Фазлуллоҳ (1971), мақолаҳои «Дар бораи алқобе, ки дар китоби Ҷувайнӣ ба баъзе аз шоҳзодагони муғул дода шудааст» (1959), «Фармонравоии муғул дар Афғонистону Ҳинд ба ривояти „Табақоти Носирӣ“-и Ҷузҷонӣ» (1963), «Рашидуддин нахустин таърихнигори ҷаҳон» (1968) ва ғ. мебошанд. Ба қалами Ҷон Эндрю Бойл чун устоди забони форсӣ ва муҳаққиқи адабиёти форсӣ китобҳову мақолаҳое аз қабили «Адабиёти форсии имрӯз» (1957), «Умари Хайём: ахтаршинос, риёзидон ва шоир» (1975), «Солшумории сафарҳои Саъдӣ» (1974), тарҷумаи англисии «Илоҳинома»-и Аттор (1974), «Маснавиҳои мазҳабии Фаридуддини Аттор» (1979), «Дастури забони форсии имрӯз» (1966) ва ғ. тааллуқ доранд. 25 мақолаи Ҷон Эндрю Бойл дар «Доиратулмаорифи ислом», 4 мақола дар «Бритоннико» ба табъ расидаанд. Ҷон Эндрю Бойл муҳаррири ҷилди панҷуми «Таърихи Кембриҷи Эрон» ва муаллифи яке аз мақолаҳои он (дар бораи Элхониён) буд.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)