Jump to content

Ғоирхон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ғоирхон
Таваллуд 1165 ё асри XII
Даргузашт 1220

Ғоирхон, лақаби Айнолҷуқ, ки дар арафаи тохтутози муғул ба Осиёи Марказӣ ҳокими ш. Утрор буд.

Дар маъхазҳои таърихӣ бо номи Инолхон ва Ниёлҷуқ низ ёд шуда, насабаш ҳамчун холазода ё тағозодаи Муҳаммад Хо­­размшоҳ ба Турконхотун мепайвандад. Номи Ғоирхон нахустин бор дар таърих ҳангоми шарҳи «фоҷиаи Утрор» зикр мегардад.

Корномаи сиёсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъди барқарор гардидани муносибатҳои дуҷо­нибаи байни муғулҳо бо Хоразмшоҳиён бо дастури Чингизхон ҳайати тоҷироне (иборат аз 450 нафар) бо сарварии Умари Утрорӣ, Ҷамоли Мароғӣ, Фахруддин Дизакии Бухорӣ ва Ҷамоли Мароғӣ бо ашё ва тилову нуқраи фаровон ба Хоразм сафар карда, дар ш. Утрор аз ҷониби Ғоирхон ҳамчун ҷосус дастгир ва ба фармони Муҳаммад Хоразм­шоҳ кушта шуданд (1218). Ба қавли Насавӣ, Ғоирхон ба хотири дарёфти амволи гаронбаҳо хилофи фармони Муҳаммад Хоразмшоҳ дар бораи боздошти ҳайат ва муайян кардани ҳақиқати ҳол рафтор карда, тоҷиронро сар бурид. Ба андешаи Ҷувайнӣ, Ғоирхон дар ҷавоб ба мағрурии яке аз тоҷи­ро­ни ҳинду ба ин амал даст задааст.

Пайомади иқдомоти Ғоирхон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъди ифшо шудани ха­бар Чингизхон сафорати дигареро бо сарварии Куҷ Буғ­ро ба Хоразм фиристод, то Муҳаммад Хоразм­шоҳ гунаҳ­ко­ри фоҷиа – Ғоирхонро ба дарбори Хони бузург таслим намояд. Муҳаммад Хоразмшоҳ аз тарси сарлашкарону ашрофи бу­зург (онҳо аксаран наздикони Ғоирхон буданд) на танҳо гунаҳ­корро ба Чингизхон насупурд, балки фиристодаи муғул­ро ба қатл расонид, ки ин амал барои ҳамлаи муғул ба Осиёи Миёна баҳона гардид. Ғоирхон дар арафаи тохтутози му­ғул бо дастури Муҳаммад Хоразмшоҳ ба истеҳкоми де­вор­ҳои мудофиавии Утрор машғул гардида, муҳо­фа­за­ти шаҳрро ба уҳда дошт (1219).

Фарҷоми зиндагӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Чун Ғоирхон намехост ба Чингизхон таслим шавад, муддати 6 моҳ дар Утрор бо сипо­ҳи 60–ҳазорӣ (ба қавли дигар 20–ҳазорӣ) бар зидди муғу­лон мубориза бурда, оқибат тибқи фармони Чингизхон зин­да дастгир карда шуд. Назари таърихнигорон оид ба тақ­дири баъдии Ғоирхон гуногун аст: ба қавли Ҷувайнӣ, дар саройи Коси Са­марқанд кушта шуд; тибқи ривояти Насавӣ, Чингизхон баъ­ди ишғоли Утрор ба чашму гулӯи Ғоирхон нуқраи гудохта рехт.

  • Буниятов З. М. Государство Хорезмшахов-Ауштегинидов. 1097–1231. М. 1986;
  • Неъматов Н. Н., Амиршоҳӣ Н., Мирбобоев А. К., Пирумшоев Ҳ. Таърихи халқи тоҷик. Х. 2008;