Jump to content

Шодон Ҳаниф

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шодон Ҳаниф
Шодӣ Ҳанифов
Таърихи таваллуд: 10 март 1934(1934-03-10)
Зодгоҳ: ноҳияи Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон
Таърихи даргузашт: 5 май 2007(2007-05-05) (73 сол)
Маҳалли даргузашт: Душанбе
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият:
нависанда, дромнавис, тарҷумон
Жанр: ҳикоя, қисса, очерк, роман, повест
Забони осор: забони тоҷикӣ
Ҷоизаҳо: Ордени Шараф

Шодон Ҳаниф (Шодӣ Ҳанифов; 10 март 1934, Вилояти Самарқанд5 май 2007, Душанбе) — нависанда, дромнавис, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандаго��и Тоҷикистон (аз с.1975). Дорандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ (1987). Нависандаи халқии Тоҷикистон (2004).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шодон Ҳаниф 10 марти соли 1934 дар деҳаи Оҳалики ноҳияи Самарқанд ба дунё омадааст. Шуъбаи тарҷумонии факултети таъриху филогияи УДТ ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1959). Ходими адабии рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло — «Ҷумҳурият», 1959—1961), муҳаррир, мудири шуъбаи нашриёти «Ирфон» (1962—1967), сармуҳарири идораи барномасозии Вазорати маданияти Тоҷикистон (1967—1971), мудири шуъбаи моҳномаи «Садои Шарқ» (1971—1980), тарҷумон ва мушовири ниҳодҳои ҳизбӣ дар Афғонистон (1980—1985), директори шуъбаи Тоҷикистонии Фонди адабии СССР (1986—1991). Ӯ 5 майи соли 2007 дар Душанбе вафот кардааст.

Муаллифи маҷмӯаи ҳикояҳои

  • «Майна» (1970),
  • «Алмос» (1991),

маҷмӯаи очеркҳои

  • «Дидор» (1974),
  • «Кӯҳ ба кӯҳ мерасад» (1976),

повесту романҳои

  • «Оҳугузар» (1975),
  • «Бедорӣ» (1980),
  • «Ҷон ба гарав» (1982),
  • «Шикояти офат» (1986),
  • «Хунбаҳо» (1990),
  • «Дил ба ёдгор» (1991),
  • «Уқоби захмин» (1993),
  • «Дар суроғи модар» (2001),
  • «Дар паноҳи Ҳиндукуш» (қ.1. 2004),
  • «Аз ҳаёт ва фаъолияти Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон» (2003),
  • «Миротворец» (дар бораи Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон, бо ҳамқаламии С. Мирзошо. — Душанбе, «Адиб», 2004),

асарҳои драмавии

  • «Домоди шаҳрӣ» (1976),
  • моҷарои «Обфурӯш» (1984).[1]
  • Ордени «Нишони Фахрӣ»,
  • Ордени Шараф,
  • медали Иттифоқи журналистони Россия,
  • ва Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мукофотонида шудааст.

Бахшида ба 70-солагии зодрӯзаш шоир Алӣ Бобоҷон ин байтро дар ҳаққаш гуфтааст:

«
Ҳаббазо, Шодӣ Ҳаниф, эй, соҳиби табъи латиф,
Аз каломат мечакад шаҳди Самарқанди шариф.
»
  1. Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013, — С. 145—184 с. — ISBN 978-99947-958-2-6