Тасаввуф
Тасаввуф (ар. التصوف — пашм, пашмина), сӯфия — ҷараёни фалсафию ирфониеро гӯянд, ки мақсаду маромаш бо роҳи кашфу завқ дарк намудани Одаму Олам мебошад. Он аввал дар шакли як ҷараёни бидъатомез дар ахди хулафои рошидия ва умавия дар Ироқу Сурия пайдо шуда, сонӣ аз Хуросону Мовароуннаҳр сар карда то қисми шимолу ғарбии Африқо ва Индонезия густариш ёфтааст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Тасаввуф дар заминаи эътирози иҷтимоӣ дар садаи VIII пайдо шудааст. Ин эътироз аввал дар шакли гӯшаи узлат интихоб намудани зоҳидон зоҳир шуда, мақсади асосиаш барқарор намудани адлу инсоф, таҷдиди саодати муслимин ва наҷоти шахс аз беадолатиҳои иҷтимоӣ буд. Сонӣ он ба расму одоби гурӯҳи зоҳидон табдил ёфг, ки бештар ба фақру сабр, қаноату риёзат ва таҳаммулу таваккул машғул шуда, тариқаи хоси амали ахлоқиро ба вуҷуд овард. Минбаъд зимни ошноии зоҳидон он муҳити рангини аҳдӣ ба баҳсу наҳси маъорифи таълимию ақоиди илмӣ ҷиҳатҳои завқию назарии тасаввуф такмил ёфт ва ҳар қадаре ки тавассути зинаҳои меъроҷии назарӣ боло мерафт, ҳамон қадар тафовути зоҳидони ахди аввали ислому сӯфиён ё худ соликоия роҳи тариқат меафзуд.
Муаррихи тасаввуфи асрҳои миёна Ибни Ҷавзӣ дар «Талбиси иблис» ном асараш исми зиёда аз чил нафар зоҳидони ахди аввали исломро овардааст. Андаке баъдтар Ҳасани Басрӣ сарватмандиро манбаи асосии шар пиндошта, сабру гуруснагӣ ва накӯкориро тарғиб намуд ва ҳамасри ӯ Иброҳими Адҳам масъалаи дарки ҳақиқатро ба миён гузошт. Робияи Адвия дар тасаввуф роҳи ифрот паймуда, ғояи асосии тасаввуфи ошиқонаро баён намуд, ки Абӯбакри Шиблию Мансури Ҳаллоҷ, Абӯсаиди Абулхайру Шамси Табрезӣ ва дигарон шеваи ӯро идома дода, дар тасаввуф бо номи аҳли муҳаббат маълуму машҳур шуданд. Намояндаи дигари тасаввуф дар садаи IX Зуннуни Мисрӣ, ки Абдурраҳмони Ҷомӣ ӯро раиси сӯфиён номидааст, ба таваккул аҳамияти махсус дода, маърифати ваҷҳи илоҳиро ба воситаи муроқибаю мушоҳида талқин намудааст. Муосирони ӯ Боязиди Бистомӣ ва Ҷунайди Бағдодӣ масъалаи тавҳиди тасаввуфро ба миён гузошта, дар тадқиқи мақомоти тасаввуф, махсусан дар фано ва бақо кӯшиши зиёде намуданд ва равияҳои «асҳоби саҳв» ва «асҳоби сукр»-ро дар тасаввуф ба вуҷуд оварданд. Ҷунайди Бағдодӣ умуман ҳамчун мазҳари каломи тасаввуфи мӯътадилона машҳур аст, ки ин равияи ӯро минбаъд Абӯҳомиди Ғазолӣ идома дода, масъалаи каломро бо тасаввуф биомехт ва ба тасаввуфи мӯътадилона асоси мустақили назарие бахшид.
Баъди Ҷунайди Бағдодӣ аввал Ҳакими Тирмизӣ дар боби вилоят мақоми авлиёро бартар аз анбиё дониста, мавриди ғавғою ҳамлаи фақеҳон қарор гирифт, баъд Абулҳасаии Нурӣ масъалаи ишқи ирфониро тараннум намуд, ки авҷи парвози фикри ҳар дуи онҳо дар суханони «аналҳақ»-и Мансури Ҳаллоҷ баён шуд ва достони марги нофарҷоми ӯ бурзӯртарин саргузашти соликони тариқатро ифода мекард. Баъди Мансури Ҳаллоҷ то садаи XI Абулҳасани Харақонӣ, Абӯсаиди Абулхайр намояндгони тасаввуфи ифротӣ ба шумор мерафтанд ва Чуллобии Ҳаҷвгарию Аюулқосими Қӯшайрӣ ҳамчун муаррихони тасаввуф ба навиштани шарҳи ҳоли орифони машҳур ва таҳқиқи рукнҳои асосии тасаввуф пардохта буданд.
Намояндагони тасаввуфи асрҳои 10—11 Абӯалии Даққоқ, Абулфаали Сарахсӣ, Абдурраҳмони Суламӣ, Абӯисҳоқи Козгарунӣ, Айнулҷузоти Ҳамадонӣ, Абулмаҷид Саноӣ, Аҳмади Ҷомӣ ва дигарон буданд, ки баъзеашон ба таҳқиқи афкори ирфонӣ машғул шуда, ба инкишофи минбаъдаи тасаввуф замина гузоштанд ва баъзеи дигарашон афкори ирфониро ба назм ворид карда, онро аввал бо истифодаи истилоҳоти ғанни тасаввуфӣ ва баъд бо мазмуну мувдариҷаи тозаи ғоявӣ ба пояи баланди инкишоф расониданд. Дар натиҷаи истилои салҷуқиён, муғулҳо ва темуриён шароити мусоиде барои инкишофи тасаввуф ба вуҷуд омад ва дар ҳамин замина силсилаҳои гуногуни он пайдо шуданд.
Охирин намояндагони тасаввуф дар асрҳои миёнаи мутааххир Маҳмуди Шабустарӣ ва муассиси силсилаи неъматуллоҳия Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ (мебошанд ва ин хати идоматро то Ҷомӣ ва Бедил кашидан мумкин аст. Бисёр нуктаҳои таълимоти охириро дар давраи муосир Иқбол идома додааст. Маърифати сӯфия, ки дарки ҳақиқатро ҳадафи худ қарор дода буд, ҷиҳатҳои назарӣ ва амалӣ дошт.
Қисмати амалии тасаввуф
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар қисмати амалии тасаввуф солик марҳилаи шариатро тай намуда, ба тариқат дохил мешавад ва ба суи ҳақиқат мешитобад. Барои ба чунин шакли маърифат ноил шудан сӯфӣ бояд ахлоқи разилаи худро тарк карда, соҳиби ахлоқи ҳамида шавад; бояд дарк намояд, ки вуҷуди ҳақиқӣ ҳамон вуҷуди ҳақ аст ва ҳамаи махлуқоти олам эътиборӣ буда, сояи (тахайюли) ҳамон ҳақиқатанд. Аз ин рӯ, инсон ҳамчун махлуқ худро бояд аз халқ дур намуда, аз ҷиҳати маънавӣ ба ҳақ наздик кунад ва худшиносии хешро таъмин намояд. Дар «Гулшани роз»-и Маҳмуди Шабустарӣ ба ҳамин мазмун омадааст:
Висоли хақ зи халқият ҷудоист,
Зи худ бегона гаштан ошноист.
Тасаввуф ба дараҷаи худоӣ расидани инсонро имконпазир мешуморад ва аз ин ҷиҳат афкори тасаввуфӣ ба нуктаҳои асосии таълисмоти дини ислом дар бораи худои яккаву ягона муқобил аст.
Бино ба тасаввуф сӯфӣ дар ҷараёни сайри такомули маънавӣ баъди аз худ дур намудани олоишҳои олами моддӣ ва касби сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ барои дарки холиқ қобилият пайдо нарда, ҳиҷоби байии худ (субъекти маърифат) ва худо (объекти маърифат)-ро аз миён мебардорад. Чунин ҳолатро сӯфиён мукошифа меноманд. Баъди бардошта шудани ҳиҷобҳо, агар солик бавосита холиқашро дарк намояд ва огоҳ шавад, ки вуҷуди ӯ ҳамон аҳадиятест, ки солик зуҳури он мебошад, байни онҳо дигар монеае намемонд. Ин ҳолатро дар тасаввуф мушоҳида меноманд. Яъне солик зимни камолоти маънавӣ ҳақиқати реалию куллиеро (ба истилоҳи Ибни Арабӣ вуҷуди мунбаситеро) мушоҳида м��кунад, ки саргаҳи он худо (холиқ) аст ва охири он табиат (махлуқ) мебошад. Инсон ҳамчун маҳсули инкишофи табиат ин ду нуктаро бо ҳам пайваста, як вуҷуди куллиеро ташкил медиҳад ва худашро аз ҷиҳатн камолоти маънавӣ ба худо баробар карда, мақоми худро аз дараҷаи пайғамбарӣ ҳам волотар мешуморад. Ҳамин хел ӯ бо чашми дил ҳақиқати реалиро бевосита мебинад, аз худ фонӣ ва ба худ боқӣ шуда, ба дараҷаи муоина ё худ ҳулул мерасад ва ба як чашми худ холиқу ба дигараш тамоми махлуқотро мебинад. Аз ин рӯ, солике, ки ба дараҷаи маърифати комил расидааст, «зулайнайн», яъне соҳиби ду чашм меноманд.
Ғояи асосии «ваҳдати вуҷуд» дар таълимоти Мансури Ҳаллоҷ ба вуҷуд омада, онро Ибни Арабӣ аз ҷиҳати назарӣ асоснок намудааст.
Ба қавли Ибни Арабӣ, агар ба сурати хориҷии ҳақиқати ягона бингарем, он «носут» аст ва чун ба ботини он бингарем, он «лоҳут» бувад. Пас на фақат дар инсон, балки дар ниҳоди тамоми мавҷудот ду сифати як мабдаъ воқеъ аст, ки гоҳ онро зоҳиру ботин ва гоҳ ҷавҳару араз меноманд. Аз ин рӯ ҳақиқати азалӣ ба ҳамаи вуҷуд таҷаллӣ мекунад, вале дар инсон он дар комилтарин сурате ҷилвагар мешавад. Би нобар он инсон «мухтасари шариф» ё «кавни ҷомеъ» ё худ «инсони комил» номида мешавад. У олами сағирест, ки дар оинаи вуҷудаш ҳамаи камолоти «олами кабир» мунъакис мегардад. Агар инсон ориф шуда, худро дарк кунад, он мазмуни дарки худоро дорад ва моҳияти ин худошиносӣ худшиносии комили инсон ва барқарор шудани шахсияти ӯ мебошад.
Таълимот
[вироиш | вироиши манбаъ]Мазмуну моҳияти таълимоти тасаввуф аз бисёр ҷиҳат ба рукнҳои асосии дини ислом зарба зада, зоҳиран баъзе ҷиҳатҳои расмии масъаларо аз бими замона нигоҳ дошта бошад ҳам, дар асл ба таълимоташ ғояҳои фалсафию озодандеширо дохил карда, афкори мулҳидонаро низ инкишоф додааст. Маҳз аз ҳамин сабаб бисёр сӯфиёни намоёнро намояндагии дин ба куфру зиндиқа айбдор намуда, ба қатл расондаанд.
Дар таърихи тасаввуф на ҳамаи сӯфиён ҷараёни маърифатро як хел мефаҳмиданд. Вобаста ба дараҷаи ҷаҳонбиниаш ҳар як сӯфӣ яке аз зинд дараҷаи камолотро мақсади ниҳоии худ қарор дода, барои расидан ба он кӯшиш мекард. Вобаста ба хусусияти дарки назарии тасаввуф ва эҷодиёти шоирони мутасаввиф навъҳои гуногуни тасаввуф, аа ҷумла «тасаввуфи обидона» (Ҳасани Басрӣ, Маъруфи Кархӣ), «тасаввуфи ошиқона» (Мансури Ҳаллоҷ, Абӯсаиди Абулхайр), «тасаввуфи шоирона» (Абулмаҷиди Саноӣ, Фаридуддини Аттор, Ҳофизи Шерозӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил) ва «тасаввуфи орифона» (Ҷалолуддини Балхӣ, Маҳмуди Шабустарӣ) дар адабиёти классикӣ ба вуҷуд омаданд. Ҳар як навъи номбаршуда ба сифати рукни асосии маърифати тасаввуф масъалаи муайянеро қарор медод. Масалан, дар «тасаввуфи шоирона», ки дар адабиёти классикии форс-тоҷик шакли нисбатан интишорёфта мебошад, субъекти маърифат (худи шоир) ҳама вақт гирди меҳвари масъалаи асосии ишқ давр мезад ва мақсади асосӣ ба висоли маъшуқ расидани ошиқ буд. Ин масъала дар эҷодиёти шоирони мутасаввифамон бо образҳои гуногуни бадеӣ тасвир шудаанд.
Ҷиҳатҳои гуногуни таълимоти тасаввуф ва тобишҳои сиёсии онро дар тӯли таърих бисёр гурӯҳҳо ба манфиати синфии худ истифода бурданд. Суфиён дар ҷиҳод ва ҳаракати сарбадорон фаъолона иштирок намуданд. Баъзе шайхони тасаввуф аз нуфузу эътибори худ истифода бурда, сарват ғун карданд ва ба феодал табдил ёфтанд. Масалан, муассиси силсилаи тасаввуфии сафавия Сафиуддини Ардабилӣ аввал ба феодали калон табдил ёфта, баъд ба барқароршавии сулолаи сафавиён дар Эрон мусоидат кард.
Дар охири асри XIX ва аввали асри XX ислоҳотчиёни буржуазӣ дар мамлакатҳои Шарқи мусулмонӣ ва модернистони ислом ба муқобили силсилаҳои тасаввуфие, ки реаксияи феодалиро пурзӯр менамуданд, мубориза бурданд. Дар Туркия зимни ислоҳоти буржуазӣ ҳамаи силсилаҳои тасаввуф баста шуданд. Дар ИҶШС низ аз солҳои 20 асри XX силсилаҳои тасаввуф аэ байн рафтанд. Ҳоло дар мамлакатҳои Шарқи мусулмонӣ тасаввуф нуфуз пайдо карда истодааст.
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бертельс Е. Э. Суфизм и суфийская литература, Москва, 1965
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.