Jump to content

Сергей Вернов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сергей Вернов
Таърихи таваллуд 28 июн (11 июл) 1910
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 26 сентябр 1982(1982-09-26) (72 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ cosmic radiation[d]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва метематика[d]
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Сергей Иванович Вавилов ва Dmitri Skobeltsyn[d]
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ
ордени Ленин ордени Инқилоби Октябр ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ» Jubilee Medal "In Commemoration of the 100th Anniversary of the Birth of Vladimir Ilyich Lenin"
State Stalin Prize, 1st degree Мукофоти ленинӣ Мукофоти сталинӣ

Серге́й Никола́евич Вернóв (28 июн [11 июл] 1910, Сестроретск, губернияи Санкт-Петербург[d][1]26 сентябр 1982, Маскав) — физикдони шӯравӣ, академики АИ ИҶШС (1968, узви вобаста, 1953).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъди хатми Донишкадаи политехникии Ленинград (1931) дар Институти радийи АИ ИҶШС, аз соли 1936 дар Институти физикаи АИ ИҶШС кор кард. Аз соли 1944 ҳамзамон проф. Донишгоҳи давлатии Маскав ва аз 1946 корманди Институти таҳқиқоти илмии физикаи ҳастаи ҳамин донишгоҳ (аз 1960 директор) буд. Корҳои илмии Сергей Вернов асосан ба таҳқиқи табиат ва хосиятҳои нурҳои кайҳонӣ дар қабатҳои болоии атмосфера ва берун аз он, инчунин ба физикаи кайҳонӣ бахшида шудаанд. Сергей Вернов усули радиозондҳоро барои пажӯҳиши амалии нурҳои кайҳонӣ (1935) таҳия намуд, падида (эффект)-и арзии нурҳои кайҳониро дар стратосфера (1935) кашф кард, сабабҳои пайдоиши ҷузъҳои электронию фотонӣ, мюонӣ ва ҳастаиву фаъоли нурҳои кайҳониро дар стратосфера шарҳ дод, бори нахуст номутаносибии шарқиву ғарбии сели нурҳои ибтидоӣ (асосӣ)-и кайҳониро дар мавзеи экватори геомагнитӣ муайян намуда, муқаррар кард, ки қисми асосии ин сел аз протонҳо иборат мебошад, инчунин тарзи тавлиди ҷузъҳои дуввумин (ғайриасосӣ)-и нурҳои кайҳониро ошкор сохт. Солҳои 50 асри 20 бо роҳбарии Сергей Вернов барои таҳқиқи нурҳои кайҳонии энергияашон фавқулбаланд таҷҳизоти нодире сохта шуд, ки бо ёрии он нобаробарӣ (аномалия)-и спектри энергетикиро ҳангоми 1015 ЭВ будани энергия ошкор намуданд. Баъди парвози мушакҳои нахустини шӯравӣ Сергей Вернов шиддатнокии нурҳои кайҳониро берун аз атмосфера чен кард, ҳамроҳи шогирдонаш минтақаи радиатсионии берунизаминиро (1958) кашф ва таҳқиқ намуд. Таҳти роҳбарии Сергей Вернов бо ёрии радифҳои «Электрон» ва «Космос» барномаи омӯзиши минтақаҳои радиатсионӣ ва магнитосфераи Замин амалӣ гардида, сохтор ва динамикаи минтақаҳои мазкур, инчунин тарзи пайдоишу табиати онҳо (1968) муайян карда шуданд. Сергей Вернов яке аз асосгузорони соҳаи масолеҳшиносии кайҳонӣ аст.

Дорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС (1949) ва Мукофоти ленинӣ (1960). Бо ордени Ленин ва дигар ордену медалҳо сарфароз гардидааст.

  1. 1.0 1.1 Вернов Сергей Николаевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.