Jump to content

Равшан Махсумзод

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Равшан Махсумзод
Равшан Махсумзод
Таърихи таваллуд: 27 сентябр 1963(1963-09-27) (61 сол)
Зодгоҳ: вилояти Сурхондарё, ҶШС Ӯзбекистон
Навъи фаъолият:
нависанда, рӯзноманигор, тарҷумон

Равшан Махсумзодрӯзноманигор, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2000)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Равшан Махсумзод 27 сентябри соли 1963 дар деҳаи Дарбанди ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё ба ҷаҳон омадааст. Мактаби миёнаро дар деҳаашон ба итмом расонда, вориди факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) шудааст. Баъди адои хидмати ҳарбӣ таҳсилро дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) идома дода, соли 1990 соҳиби диплом гаштааст. Сипас мухбири ҳафтаномаи «Сухан», котиби масъули ҳафтаномаи «Саховат», мудири шуъбаи маҷаллаи «Тоҷикистон», сармуҳаррири ҳафтаномаи «Зан ва мард», «Чархи гардун», «Вечерний Душанбе» ва мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст. Алҳол муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Нахустин ҳикояҳояш ҳанӯз аз овони донишҷӯӣ дар рӯзномаву ҳафтаномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», «Паёми Душанбе» ба табъ расидаанд. То имрӯз маҷмӯаи ҳикояву қиссаҳояш «Арзи дил» (1997), «Қалами шинос» (1998), «Духтари кӯҳистон» (2003), «Сояи ишқ» (2007), «Кафан киса надорад» (2009),«Пули Сирот» (2012), "Дили модар" (2016), "Ишки зистан" (2020), "Кафшергар" (2023), "Ғуруб" (роман, 2023) ва "Модари суфрадӯзи ман" (2024) интишор ёфтаанд. Дар баробари иншои асарҳои бадеӣ навиштаҳои публитсистиаш пайваста дар маҷаллаву рӯзномаҳо ба табъ мерасанд. Эссеву мақолаҳои ӯ дар хусуси зиндагии ибратомӯз ва фаъолияти пурсамари чеҳраҳои мондагори илму фарҳангу адаби тоҷик, монанди Устод Айнӣ, ҳунарпешаи номӣ Ҳошим Гадо, олими маъруф Ҳамид Мансуров,нависандагони машҳур Фазлиддин Муҳаммадиев, Пӯлод Толис, Мутеулло Наҷмиддинов,Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Муаззама ва диг. аз тарафи хонандагон хуб пазируфта шудаанд. Соли 2011 ҳикояи ӯ «Човандоз», ки дар мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ нигошта шудааст, барандаи дипломи нахустин Озмуни байналхалқӣ гардид, ки Иттифоқи журналистони Русия таҳти унвони «Искусство жить вместе» («Фарҳанги ҳамзистӣ») эълон карда буд. Чанде аз ҳикояҳояш ба забони русӣ, қазоқӣ, ӯзбекӣ, арманӣ ва белорусӣ тарҷума шудаанд. Худи ӯ чанде аз ҳикояҳои адибони русу белорус, амрикоӣ, ҳинду, маҷорӣ, ӯзбекӣ ва ғайраро ба тоҷикӣ гардондааст.

  • Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ; (2015)
  • Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика (2024)
  • Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Аълочии матбуоти ҶТ;
  • Нишони «Сухан»;
  • Ифтихорномаи Шӯрои Олии СССР;
  • Медали «100-солагии матбуоти тоҷик».[1]
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.122 ISBN 978-99947-2-379-9