Мӯй
Дар ин мақола пайванд ба сарчашмаҳои иттиллот намерасад. |
Мӯй (Pili) — торҳои найчамонанди маҳин ва нозуке, ки аз пӯст мерӯянд.
Мӯй ба ғайр аз кафи даст, пошнаи пой, пушти буғумҳои нохундор, лаб ва баъзе қисмҳои дигар қариб тамоми бадани одамро фаро гирифтааст. Мӯйи дароз (дар сар, занах, зери ноф, зери каш), қилмонанд (абрӯвон, мижгон ва ғайра) ва пашмакмонанд (дар тамоми бадан) мешавад.
Мӯӣ аз тор, ки берун аз пӯст ва реша (дар зери пӯст ҷой гирифта, бо пиёзаки мӯй интиҳо меёбад) иборат аст. Решаи мӯй якҷоя бо пиёзаки он дар фолликулаи мӯй ҷойгир буда, роҳи ғадудҳои чарб ба он рафта мерасанд. Фолликулаи мӯй (ғайр аз фолликулаи Мӯӣи қилмонанд) дорои бандчаи мушакҳои суфта аст, ки онҳо Мӯйро бардошта меистанд ва ба холӣ шудани ға��удҳои чарб мусоидат мекунанд. Ба пиёзаки мӯй пистонаки пайвастбофта, ки бо рагҳои хун ва нахҳои асаб фаро гирифта шудааст, ворид мешавад. Мӯй асосан аз кератин, ки сулфуру нитрогени бисёр дорад, иборат аст. Ранги мӯй ба пигменти таркибаш вобаста аст. Бо мурури синну сол миқдори пигмент кам ва тақсимоти он вайрон мешавад, мӯй сафед мегардад. Мӯйҳои бепигмент, одатан, сафеданд, ки онро албинизм меноманд.
Сабзиши мӯй
[вироиш | вироиши манбаъ]Сабзиши мӯй ба туфайли зиёд шудани ҳуҷайраҳои пиёзак сурат мегирад. Мӯй моҳе тақр. 1 см дароз мешавад. Вай муҳлати муайяни сабзиш дошта, пас аз он мерезад, ба ҷояш Мӯйи нав мебарояд. Давомоти ҳаёти мӯй сари мардон ба ҳисоби миёна 2 сол, мӯйи занон 4 — 5 сол, давомоти сабзиши мижгон 3 — 5 моҳ мебошад. Ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 30 — 50 тор мӯй мерезад. Муайян шудааст, ки Мӯй баҳору тобистон нисбат ба зимистону тирамоҳ ва рӯз нисбат ба шаб тезтар месабзад. Мӯйи солим бақувват ва чандир аст (М. 100—200 г борро бардошта метавонад). Ба чандирии мӯй равғане, ки ғадудҳои чарб ихроҷ менамоянд, мусоидат мекунад. Ба суръату давомоти сабзиш ва хусусиятҳои мӯй омилҳои гуногун таъсир мерасонанд: синну сол (мӯйи пиронсолон борик ва сабзиши онҳо суст мешавад), ҳолати асабия ва узвҳои эндокринӣ, ҷараёни мубодилаи моддаҳо дар организм, хусусияти ғизо, нигоҳубини Мӯй ва ғ. Аз таъсири ҳарорат, ишқор (спирти навшодир, карбонати натрий, собуни ҷомашӯй ва ғайра) таркиби Мӯй тағйир ёфта, он камқувват ва мӯрд мешавад. Ихроҷи барзиёди чарби пӯст ва тағйир ёфтани таркиби химиявии он, ки дар натиҷаи вазъи ногувори асабу узвҳои эндокринӣ ба амал меояд, боиси серчарбии мӯй, зуд ифлос ва часпак шудани баъзе торҳои он мегардад. Дар натиҷаи аз беморӣ ё нигоҳубини нодуруст (зуд-зуд шустан, истифодаи оби дурушт, атр, маҳлулҳои спиртноки равғанбар, собуни ишқордор, тез-тез ҷингила кардан) суст гардидани кори ғадудҳои чарб М. аз ҳад зиёд мехушкад. Чунин мӯй хираю беҷило буда, зуд мерезад ва монанди мӯқалам тит мешавад.
Касалиҳои мӯй
[вироиш | вироиши манбаъ]Ихтилоли фаъолияти ғадудҳои чарб дар баробари тағйир ёфтани хусусияти мӯй боиси дар пӯсти сар пайдо шудани қабати равған ё сабӯсак низ мегардад, ки онҳо аломати себорея мебошанд. Ихтилоли сабзиши мӯй ва бо мӯйи нав иваз гаштани он, ки бинобар сабабҳои гуногун ба амал меояд, ба рехтани мӯй (то дараҷаи тосшавӣ) ё баръакс, ба сабзиши барзиёди он оварда мерасонад. Каллапӯшҳои вазнин ва танг, мудом пӯшида гаштани мӯи ориятӣ рехтани мӯйро зиёд мекунанд. Муддати дуру дароз сари луч дар офтоб гаштан низ ҷоиз нест, зеро он сабаби хеле хушку мӯрд шудани мӯй мегардад. Дар мавсими зимистон низ сарлуч гаштан зарар дорад, чунки ҳарорати паст ихтилоҷи рагҳои болои пӯстро ба амал меорад, дар натиҷа ғизогирии мӯй коҳиш меёбад. Таъсири омилҳои гуногуни ангезиш (мас., нодуруст тарошидани мӯй) боиси қат шудан ва ба даруни пӯст сабзидани он (мӯйҳои фурӯрафта) ва минбаъд рух намудани илтиҳоб мегардад. Аксар вақт ҳангоми касалиҳои занбӯруғии пӯст — микроспория, трихофития, тоссарӣ таркиб ва бутунии Мӯй халал меёбад. Дар мавриди ҳама гуна касалиҳои мӯй ба духтур муроҷиат кардан зарур аст. Нигоҳубини мӯйро бояд якҷоя бо тадбирҳои мустаҳкам намудани организм — хоби мӯътадил, сайругашти ҳаррӯза, хӯроки серғизо, варзиш, обутобдиҳӣ амалӣ сохт.
Шустани мӯй
[вироиш | вироиши манбаъ]Мӯйи равғанинро ҳафтае 1 маротиба, М.-и хушку мӯътадилро дар 10 — 14 рӯз 1 маротиба мешӯянд. Барои шустани Мӯй, новобаста ба ҳолати он, аз оби нарм (фориғ аз намакҳои калсий, магний, оҳан), ки бо роҳи ҷӯшондан ё ба об илова намудани танакор (1 қошуқча ба 1 л об) ҳосил карда мешавад, истифода мебаранд. Барои М. махсусан оби ҳарор. 50 — 55°С мусоид аст. Ба М. бевосита собун задан лозим нест, чунки вай осеб меёбад (беҳтараш бо кафки собун шуст). Ба М. аз ҳад зиёд собун молидан низ зиён дорад, зеро он хушкида зудшикан мешавад. Барои нигоҳ доштани ранг, ҷило ва чандирӣ М.-и малларо баъди шустан бо ҷӯшоби бобуна, М.-и сиёҳро бо оби сиркодор (1 қошуқ сирко ба 1 л об) мечайқонанд. Мӯйро бо собуни ҷомашӯйӣ набояд шуст. М.-и хушкро бо собунҳои серравған (мушкин, косметикӣ ва ғайра) мешӯянд. Аз зардии тухм, ки дар он моддаҳои равғанмонанд бисёр аст (зардии тухмро аз сафедиаш ҷудо карда, бо оби гарм меомезанд) ё ҷурғот (онро ба М. ба миқдори зиёд молида, 5 — 10 дақ. сарро бо рӯймол баста мемонанд ва баъд М.-ро бо оби гарм мечайқонанд) истифода бурдан мумкин аст. Барои равғанин шудан ба М.-и хушк чанд соат пеш аз шустан равғани гарми рустанӣ (канадона) мемоланд. Барои шустани М.-и хушк аз собун ё хамираи сулсенӣ истифода бурдан мумкин аст (моҳе як бор). М.-и хушкро бо обе, ки шарбати лиму ё сирко дорад (1 қошуқ ба 1 л об), чайқондан мувофиқи мақсад аст. М.-и равғанинро бо ҳама навъҳои собун (қатронӣ, шампун, собуни обакӣ ва ғайра) метавон шуст. Ба ҷои собун хардалро низ истифода бурдан мумкин аст. 2 — 3 соат пеш аз шустани М.-и равғанин ба пӯсти сар молидани шираи сабр (алоэ), сабзӣ, пиёз ё васоити махсус — арникол, кармазин, биокрин, биотол нафъ дорад. Барои чайқондани М.-и равғанӣ ҷӯшобаи гиёҳҳои дорӯӣ маслиҳат дода мешавад. Як қошуқ омехтаи гиёҳҳо (миқдори баробари ҷойкаҳак, бӯимодарон, пӯстлохи булут)-ро ба зарфе андохта оби ҷӯшида (1 л) мерезанд ва болояшро пӯшонда, 1 соат дар даруни деги обаш ҷӯшидаистода мемонанд. Баъд онро меполоянд ва хунук мекунанд. Барои чайқондани М.-и беҳад равғанин аз обе, ки спирти навшодир дорад (1 қошуқча ба 1 л об), истифода бурдан мумкин аст. Ба одамони пирсол маслиҳат дода мешавад, ки сифатҳои ба ин синну сол хоси М. (борикӣ, мурдӣ, хушкӣ, зудрезии он)-ро ба назар гирифта, 20 — 30 дақ. пеш аз саршӯйӣ ба он омехтаи зардии тухму равған (зардиро бо равғани рустанӣ хуб меомезанд) моланд, сарро аввал бо рӯймолчаи полиэтиленӣ, баъд бо рӯймоли муқаррарӣ банданд. Сарро бо кафки собун мешӯянд. Барои он ки М.-и сафед ранги дилкаши нуқрафом гирад, онро бо оби синкадор метавон чайқонд. М.-ро эҳтиёткорона ва бо сачоқи нарм хушкондан лозим. Ба ин мақсад истифодаи фен маслиҳат дода намешавад, зеро он М.-ро аз ҳад зиёд мехушконад. Сарро хушк нашуда бастан лозим нест. Дар пирсолӣ баъди шустани М. ва хушкондани он каме крем молидан муфид аст (он мӯйро равғанин ва ҷилодор мекунад).
Шона кардани мӯй
[вироиш | вироиши манбаъ]Мӯйро бодиққат ва дуруст шона кардан зарур аст. Ҳангоми дағалона шона кардан, М. меканад, гиреҳ мезанад, монанди мӯқалам тит мешавад. М.-и кӯтоҳро аз бехаш, М.-и дарозро аз нӯгаш сар карда шона мекунанд. Барои шона кардан, беҳтараш чӯткаи қилаш табиӣ истифода бурда шавад. Агар М. бисёр резад, онро бо шонаи дандонсирак шона мекунанд. Аз чӯткаи полиэтиленӣ ва чӯткаҳои аз диг. мавод сохташуда боэҳтиёт истифода мебаранд, чунки онҳо ба М. осеб расонда, пӯстро ангезиш медиҳанд. М.-ро сахт кашидан ва шона кардан, инчунин сахт бофтан зарар дорад. Масҳи ҳаррӯзаи сар муфид аст. Бо ин мақсад ҳар рӯз онро 5 — 7 дақ. бо ҳаракати даврашакли ангуштон (аз фарқи сар то поён ва ба ҳама тарафҳои он) масҳ мекунанд. Аз чӯткаҳои махсуси массоҳӣ низ истифода бурдан мумкин аст. Шонаю чӯткаи ҳар кас бояд алоҳида бошад; онҳоро бояд шуста, бо спирти навшодир тоза кард.
Кӯтоҳ кардани мӯй
[вироиш | вироиши манбаъ]Кӯтоҳ кардани мӯй аҳамияти гигиенӣ ва эстетикӣ дорад. Кӯтоҳ кардани мӯй аз давраи ширхорагӣ оғоз меёбад. Мӯйи аввалини кӯдак беқуввату борик буда, ба нигоҳ доштани он зарурате нест. Мардҳо дар 3 — 4 ҳафта як маротиба, занҳо аз рӯи зарурат Мӯйи худро кӯтоҳ мекунанд. Кӯтоҳ кардан ва тарошидани Мӯй сабзиши онро беҳтар намегардонад.
Тарошидани ришу мӯйлаб ба мардон
[вироиш | вироиши манбаъ]Тарошидани ришу мӯйлаб ба мардон аз 19 — 20-солагӣ тавсия дода мешавад. Вобаста ба сабзиши М. ришу мӯйлабро ҳар рӯз ё рӯздармиён мегиранд. Бо ин мақсад аз риштарошаки алмосӣ, поку ё ришгираки электрӣ истифода мебаранд. Ришгираки электрӣ дар баробари гирифтани риш пӯстро масҳ низ мекунад. Пеш аз ришгирӣ бо риштарошаки алмосӣ ё поку бо чӯткача ба пӯст кафки гарми собун мемоланд (барои ин беҳтараш аз креми риштарошӣ истифода кард). Крем мӯйро нарм карда, пӯстро аз ангезиш эмин медорад, лағзиши риштарошак осон мегардад. Ришро боэҳтиёт (пӯстро андаке кашида истода) метарошанд. Ҳангоми ришгирӣ бо ришгираки электрӣ ба пӯст собун намемоланд. Барои пешгирӣ намудани ангезиши пӯст пеш аз ришгирӣ ба он упои равғанин мезананд. Ҳангоми аз ришгираки электрӣ истифода бурдан, онро ба пӯст андаке пахш карда, даврашакл ҳаракат медиҳанд. Ба ҷойҳои буридаи пӯст атр, лосён, спирт ё йод мемоланд. Баъди ришгирӣ пӯстро бо лосён ва диг. маҳлулҳо пок мекунанд, рӯйро аввал бо оби гарм, сипас бо оби хунуки сиркодор (1 қошуқча ба 2 истакон об) мешӯянд; барои пӯсти хушк лосён, гулоб ё оби мушкин тавсия дода мешавад. Баъд ба пӯсти рӯй як қабати тунук креми махсуси дорои витамини «Ғ» мемоланд. Агар пӯст ангезиш ёбад, пас аз тарошидани риш ба воситаи маҳлули 1-фоизаи резорсин, ҷӯшобаи решаи гули хайрӣ (докаи 3 — 4-қабатаро ба маҳлул тар карда, обашро каме мефишуранд ва баъд 5 — 7 дақ. дар болои пӯст нигоҳ медоранд) пӯстро тарбандӣ мекунанд. Баъди ришгирӣ ба пӯст упо задан тавсия дода мешавад. Барои он ки пӯст сироят наёбад, ҳангоми ришгирӣ ба қоидаҳои беҳдошт қатъиян риоя бояд кард. Сачоқчаҳо бояд тозаю дарзмолкарда бошанд; чӯткачаи нави ришгириро пешакӣ 5 — 6 соат дар маҳлули ғафсу гарми собуни ҷомашӯӣ нигоҳ дошта, баъд шустан лозим.
Мӯи зери каш ва зиҳорро моҳе як маротиба бояд чид. Агар пӯст ангезиш ёбад, докаро ба маҳлули кислотаи борат (1 қошуқча ба 1 истаон об) тар карда, 5 — 10 дақ. ба рӯи пӯст мемонанд. Ҷингила кардани мӯй бо усули перманентӣ ё бо роҳи хунукохунук хобондани он ба амал оварда мешавад. Перманенти чи гарм ва чӣ хунук (химиявӣ) мӯйро дер вақт ҷингила нигоҳ медорад. Аммо дар айни ҳол Тарошидани ришу мӯйлаб ба мардон чандирии худро гум карда мехушкад. Ҳангоми перманенти гарм мӯйро ба гилзаҳои филизӣ печонда дар асбоби махсус, ки дар он ҳарорат бо ёрии ҷараёни электр то 90°С мерасад, муддати дароз гарм мекунанд. Ин боиси беҳад хушкидан, зудшиканӣ ва рехтани М. (баъзан то ҳадди тосшавӣ) мегардад. Аз ин рӯ, ҷингилакунии перманентии гарм ба онҳое, ки Тарошидани ришу мӯйлаб ба мардони хушку борик доранд, тавсия дода намешавад. Моддае, ки ҳангоми ҷингилакунии химиявӣ истифода мешавад (кислотаи тиогликол), сохти мӯйро тағйир медиҳад, дар натиҷа он камқувват мегардад. Дар давраи шифоёбӣ аз бемориҳои сироятӣ, дар охири давраи ҳомилагӣ, ҳангоми ҳайз перманенткунӣ тавсия дода намешавад. Барои М. ҷингилакунии хунукохунук безарар аст. Мӯйро мустақилона ба мӯтобак (бигуди) печонда, ҷингила кардан мумкин аст. Ҳангоми печондани мӯй пиво истифода бурда мешавад. Онҳое, ки мӯи борик доранд, бояд мӯтобакҳоро пеш аз хоб кушода гиранд. Барои нигоҳ доштани ороиши мӯй аз локи мӯй низ истифода мекунанд.
Ранг кардани мӯй
[вироиш | вироиши манбаъ]Барои ранг кардани мӯй аз рангҳои наботӣ истифода бурдан беҳтар аст. Марҳами мӯй, ки барои барқарор кардани ранги аслии мӯйҳои сафед пешбинӣ шудааст, сурб дорад, аз ин лиҳоз онро муддати зиёд истифода кардан хуб нест. Истифодаи марҳами мӯй ба занҳои ҳомила ва бачамаккон, онҳое ки гирифтори бемориҳои гурдаанд, манъ аст.
Нигоҳубини абру ва мижгон
[вироиш | вироиши манбаъ]Мижгони зичу дароз ҳуснро меафзояд. Барои мустаҳкам намудани мижгон ва сабзиши онҳо бо ёрии чӯтка, ки ба равғани канадона тар карда шудааст (чанд қатра витамини А низ ҳамроҳ кардан мумкин), оҳиста масҳ кардани пилкҳои чашм муфид аст. Ҳангоми масҳ эҳтиёт шудан лозим аст, ки равған ба даруни чашм надарояд (ин метавонад боиси ангезиши мултаҳима гардад). Равғани офтобпараст, вазелин, равғани зайтун ё мағзи шафтолу низ мижгонро нарм карда, сабзиши онҳоро беҳтар мегардонад. Алалхусус баъди муддати тӯлонӣ истифода бурдани ранг, ки дар натиҷа мижгонҳо мӯрд ва хушк мешаванд, истифодаи равған мувофиқи мақсад аст. Мижгонро бо рангҳои шустанашаванда (дар кабинетҳои косметикӣ) ва тушҳои ҳарранга (сиёҳ, қаҳваранг, кабуд, сабз, бунафш) вобаста ба сару либоси зан, ранги чашму мӯй, рӯшноӣ ва ғ. ранг мекунанд. Тушро боэҳтиёт (то ин ки ба чашм надарояд) бо ёрии чӯткача ба мижгони хушк аз боло ба поён (аз пилки чашм то нӯги мижгон) мемоланд. Пеш аз хоб тушро тоза мекунанд, вагарна мижжаҳо мешикананд ва меафтанд. Тушро бо ёрии равғани рустанӣ, креми ғизобахш ё оби гарм тоза бояд кард. Бо обу собун шустани мижгон маслиҳат дода намешавад, чунки ин ба хушк шудани пӯсти пилки чашм, пайдоиши чин ва рехтани мижгон оварда мерасонад. Абрувонро бо қалами махсус ранг мекунанд. Барои ба абрувон шакли дилхоҳ бахшидан, як қисми мӯи онро бо мӯйчинак канда мепартоянд. Тез-тез ва дағалона кандани мӯи абрувон (махсусан агар мӯйҳо ба рафти сабзиши онҳо канда нашаванд) боиси газаки пӯст ва бо микробҳои моддаовар сироят ёфтани он шуда метавонад. Аз ин рӯ, ин корро дар кабинетҳои пардозгари ба ҷо овардан беҳтар аст.
Сермӯй
[вироиш | вироиши манбаъ]Сермӯӣ дар рухсора ё дигар қисмҳои бадан ва ҷои мӯӣҳои нарм бештар сабзидани мӯӣҳои дуруcтро гуянд. Муй дар сари одам ва бадани ҳайвонот мешавад. Муй агар дар сари одам бисёр бошад одам зебо менамояд.