Jump to content

Муаззама Аҳмадова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муаззама Аҳмадова
Муаззама Аҳмадова
Таърихи таваллуд: 20 феврал 1952(1952-02-20)
Зодгоҳ: ноҳияи Исфара
Таърихи даргузашт: 5 феврал 1988(1988-02-05) (35 сол)
Маҳалли даргузашт: Душанбе, Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: нависанда
Солҳои эҷод: 1980—1988
Самт: нависанда, рӯзноманигор
Жанр: ҳикоя
Забони осор: тоҷикӣ

Муаззама Аҳмадова (20 феврали 1952, Қалъачаи Мазор, Исфара5 феврали 1988) — нависанда ва рӯзноманигори тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаззама Аҳмадова 20 феврали соли 1952 дар деҳаи Қалъачаи Мазори ноҳияи Исфара ба дунё омадааст. Донишкадаи омӯгории Хуҷандро хатм карда дар зодгоҳаш ҳамчун муаллимаи фанни ҷуғрофия дар мактаби таҳсилкардааш дарс додааст. Меҳри эҷодкорӣ дар риштаи адабиёт, навиштани ҳ��кояву мақоланависӣ, ӯро дар ибтидои солҳои 80-ум ба шаҳри Душанбе овард, Духтари эҷодкори боистеъдодро аввало ба сифати мухбири рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ва сипас мухбири рӯзномаи “Адабиёт ва санъат”ба кор қабул карданд. Аввалин ҳикояҳояш дар рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон”, “Адабиёт ва санъат” маҷаллаҳои “Садои Шарқ” ва “Занони Тоқикистон” нашр шудаанд.[1]

Муаззама Аҳмадова муаллифи ягона маҷмӯаи ҳикояҳо “Соҳиби аспи сафед” (1986) мебошад, ки аз ҷониби коршиносон ва хонандагон шостаи таҳсин шуда буд. Дар адабиёти гузашта номҳои занон ҳамчун шоирони боистеъдод ба монанди Робия, Маҳастӣ, Зебуниссо номбар шудаанд, вале зани нависанда номбар нашудааст. Адибони Тоҷикистон Муаззамаро ояндаи нахустин зани нависанда мепиндоштанд. Афсус, ки Муаззама Аҳмадова хеле ҷавон ин дунёро падруд намуд.[2]