Jump to content

Монако

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Монако
Principauté de Monaco
Principatu de Múnegu
Principat de Mónegue
Парчам [[Image:|Нишон|90px]]
Шиор: «Deo Juvante»
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Монако|Hymne Monégasque ]]»
Рӯзи истиқлолият
Забони расмӣ забони фаронсавӣ
Пойтахт Монако
Шаҳри калонтарин Монте-Карло
Идораи давлат
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
-ум ҷой дар ҷaҳон
1,637 км²
0 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ
  • Зичӣ
-ум ҷой дар ҷaҳон
35,656
18 285 нафар/км²
Пули миллӣ Евро
Интернет-Домен .mc
Коди телефон +377
Соат UTC +1
Имрӯз қисми {{{Имрӯз}}}

Подшоҳии Мона́ко (фр. Principauté de Monaco) — давлат дар ҷануби Аврупо. Дар соҳили б. Миёназамин (дарозии хатти соҳилӣ – 4,1 км) қарор дошта, аз тарафи хушкӣ бо ҳудуди Фаронса (тӯли сарҳадӣ– 4,4км)  иҳота шудааст. Яке аз давлатҳои хурдтарини дунё буда, танҳо аз Ватикан калонтар аст. Аҳолиаш  31,1 ҳазор (2008)  аст. Пойтахташ  ш. Монако, забони расмӣ – фаронсавӣ. Воҳиди пулӣ – евро.

Монако узви СММ (1993), Шурои Аврупо (2004) ва САҲА (1973) мебошад. Давлати ягона аст. Конститутсияи он 17.12.1962 қабул шудааст. Шакли идорӣ – подшоҳии конститутсионӣ.  Роҳбари давлат шоҳзода буда, тибқи конститутсия, ҳокимияти иҷроия  ба ӯ тааллуқ дорад. Шоҳзода аъзои ҳукуматро таъйин ва озод мекунад, ҳамчунин, метавонад дар мавриди дилхоҳ фаъолияти Парлумонро қатъ намояд. Шоҳзода давлатро дар муносиботи байнидавлатӣ намояндагӣ карда, ҳуқуқи бастан ва тасдиқи қарордодҳоро дорад.  Барои иҷрои чунин қарордодҳо ва қонунҳо фармон содир мекунад. Ба шоҳзода чунин сохторҳо машварат медиҳанд: Шурои Тоҷ (дар масоили қарордодҳои байналмилалӣ, қатъи фаъолияти Парлумон, афв) ва Шурои давлатӣ (роҷеъ ба лоиҳаҳои фармону қонунҳо). Дар ҳолати даст кашидан аз тахт ва ё фавти ӯ, ба авлоди қонунӣ аз насли мардонааш тибқи тақаддуми синнусолӣ авлавият дода, ба тахт нишонда мешавад.

Сохти давлатӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳукумати қонунгузор ба шоҳзода ва Шурои миллӣ (Парлумон), ки аз 24 вакил иборат буда ва тариқи интихоботи умумии мустақим барои 5 сол интихоб мешаванд, тобеъ аст. Салоҳияти Парлумон маҳдуд аст, наметавонад фаъолияти ҳукуматро назорат ва бо ташаббуси қонунгузорӣ баромад намояд. Ҳокимияти иҷроия бар дӯши Шурои ҳукуматӣ аст, ки роҳбарии онро вазири давлатӣ  бар уҳда дорад. Вазири давлатӣ ва аъзои Шурои ҳукуматӣ аз ҷониби шоҳзода ба мансаб таъйин ва озод гардида, танҳо ба ӯ тобеъ мебошанд.

Дар Монако низоми бисёрҳизбӣ амал мекунад. Ҳизбҳои сиёсии Монако: Иттиҳоди миллӣ баҳри ояндаи  Монако, Иттиҳоди шоҳзодаҳо, Ҳаракат барои Монако, Ҳизби монегаскҳо ва ғ.

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Подшоҳии Монако 13 январи соли 2017 оғоз гардиданд.

Монако дар доманаи кӯҳи Алп, дар нишебии баландиаш то 500 м, дар 20 км-ии шимолу шарқи ш. Нитсаи Фаронса қарор дорад. Соҳили б. Миёназамин, махсусан, соҳили лоҷвардии он (соҳили Дозур) аз халиҷи соҳилсарои регӣ ва кӯҳпораҳои сахраӣ  иборат аст. Иқлимаш нарми  субтропикии баҳримиёназаминӣ: дар як сол 300 рӯзи офтобӣ дорад. Боришоти солона  500 мм, бештар дар зимистон. Барф хеле кам меборад. Ҳарорати моҳи январ 9 °C, дар июл 24 °C.

Аксари аҳолии Монако-ро фаронсавиҳо (28,2%), қабоили бумии монегаскҳо (21,5%) ва итолиёиҳо - (18,6%) ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, англисҳо (7,5%), белжикҳо (2,8%), олмониҳо (2,5%), швейтсариягиҳо ё суисиҳо (2,5 %), португалиҳо (1,5%) ва амрикоиҳо (1%) зиндагӣ мекунанд. Дар таркиби аҳолии Монако одамони куҳансол бартарӣ доранд, синни  миёнаи аҳолӣ– 49,4, синни миёнаи дарозумрӣ 89, 7 сол.

Зичии аҳолӣ зиёд аст (наздик ба 17,8 ҳазор одам дар 1 км2 ). Ҳамагӣ дар иқтисоди кишвар беш аз 45,6 ҳазор  одам кор  мекунад, ки қариб 8 ҳазори он сокини Монако буда, боқии кормандон ҳамарӯза аз Фаронса ва Итолиё ба кор меоянд. Дар бахши хидматрасонӣ 79% (аз ҷумла, тиҷорат – 52%, сайёҳӣ – 11%, бонкдорӣ ва молия – 7%, сохтмон – 13% ва саноат – 8 %)  кор мекунад.

Тақрибан 90 %-и аҳолӣ пайрави шохаи католикии масеҳиянд. Дар Монако калисои католикӣ  фаъолият мекунад

Бори аввал аз Монако таърихнигори юнонӣ Гикатейи Милетӣ (асрҳои  6 – 5-и то м.) дар шакли Монойкос (Μόνοιϰος) ёдовар шудааст. Баъдан, юнониҳо ин номро ҳамчун яке аз лақабҳои Ҳеракл – «танҳо» истифода бурданд. На баъдтар аз қарни 5 юнониҳои массилиягӣ дар Монако минтақаи бозаргоние созмон доданд, ки дар ҳудуди он маъбади Ҳеракл воқеъ буд. Дар охири қарни 2 то м.  Монако ба дасти румиҳо гузашт. Яке аз роҳҳои муҳимтарини Рум ба Гал аз тариқи Монако мегузашт.

Солҳои 1494–1559 Монако таҳти васояти Испониё қарор гирифт. Соли 1612 сенёр Монако Онори II (1804–1862)  рутбаи шоҳзодаро ба даст овард ва соли 1841 бо Фаронса қарордоде ба имзо расонд, ки тибқи он таҳти васояти Фаронса будани Монако-ро  эътироф ва испаниҳоро аз шаҳр берун кард. Соли 1793 Фаронса Монако-ро  ғасб ва номи онро ба Фор де Эркюл иваз намуд.

Соли 1814 тибқи Қарордоди сулҳи Порис, низоми подшоҳӣ барқарор шуд ва таҳти васояти Фаронса қарор гирифт. Байни Фаронса ва Монако қарордод ба имзо расид, ки тибқи он, аз даст додани Ментона ва Рокрюнро  Монако эътироф кард. Соли 1865 Монако бо Фаронса иттиҳоди гумрукӣ баст. Дар Монако соли 1911 конститутсия қабул шуда, будҷаи шоҳзодаро аз будҷаи шоҳӣ ҷудо кард ва парлумон таъсис ёфт.

Дар Ҷараёни ҷанги якуми ҷаҳонӣ Монако бетарафии худро эълон намуд. Фаронса тибқи қарордод аз соли 1918 подшоҳиро эътироф ва ба истиқлолияту якпорчагии Монако кафолат дод.

Соли 1942 подшоҳӣ аз ҷониби Итолиё ва баъдан аз ҷониби Олмони фашистӣ ғасб гардид. 3. 9. 1944 Монако аз дасти фашистон  озод шуд. Солҳои баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ иқтисоди Монако рушд кард ва ислоҳоти сиёсӣ амалӣ гардид. Иттифоқҳои касаба ба ҳукми расмият даромаданд (1944), ба занон ҳуқуқи иштирок дар интихобот дода шуд (1945). Суди олӣ таъсис ёфт, ҳуқуқи Шурои миллӣ густардатар ва ҳукми қатл бекор гардид. Сохторҳои бонкдорӣ, сайёҳӣ ва бизнеси қимор  рушд ва сохтмони саноати шимӣ, электронӣ ва дорусозӣ ба роҳ монда шуд.

Дар Монако таҳсил барои кӯдакони синни 6–16-сола  ҳатмист. 99% -и  аҳолии аз 15-сола боло соҳибмаълумотанд (2009). Дар Монако Академияи мусиқии ба номи шоҳзода Ренйе III, Академияи рақсҳои классикии ба номи шоҳдухт Грейс, Донишгоҳи байналмилалӣ; Осорхонаи уқёнусшиносӣ, Нигористони ҳунари муосир, коллексияи мошинҳои Ренйе III, боғи экзотикӣ, расадхона ва ғ. мавҷуданд.

Дар Монако ёдгориҳои таърихии мансуб ба давраҳои палеолит ва неолит мавҷуданд. Аз давраҳои истеъмори финиқиҳо, юнониён, лигурийҳо ва румиҳо димнаҳои маъбад, сафолпораҳо ва зеваролот  боқӣ мондаанд.

Дар нимаи дуюми асри 19 ва аввали асри 20 шаҳри нави Монте Карло бунёд шуд, ки муҷтамаи қимор бо театри опера, биноҳои  «Отел де Пари», «Кафе де Пари»  ва қасри ҳунар дошт. Дар ҳамин давра калисои хурди Сент Оноре,  калисои Сен Шарл ва  калисои ҷомеи неоромании Борварии пок сохта шуданд.

Меҳмонхонаҳои  «Метропол» ва  «Александра», виллаи  «Собер» ва виллаҳои зиёди дигар дар сабки электизм (интиқодгароӣ) сохта шудаанд. Бо сабки неоклассикӣ Осорхонаи уқёнусшиносӣ, бинои «Бел Эпок», виллаи «Барбарен», нигористони «Ампир» дар дохили казинои Монте Карло бино шудаанд.

Монако кишвари пешрафта ва дар Аврупо яке аз марказҳои сайёҳӣ ва хидматрасонии бонкию молӣ ба шумор меравад. Аз рӯйи ҳаҷми умумии ММД (976,3 млн долар, сандуқи истеъмолӣ, 2006) Монако ҳамчун давлати хурд дар байни давлатҳои Аврупо яке аз ҷойҳои охир, аммо аз рӯйи ҳаҷми ММД нисбат ба саршумори аҳолӣ (тақр. ба 30 ҳазор доллар) дар ҷойи дуюм қарор дорад. Дар сохтори ММД саҳми соҳаи хидматрасонӣ  95,2% ва саноат 4,8%-ро ташкил медиҳад (2009).   Будҷаи давлатӣ аз ҳисоби андоз аз амволи ғайриманқули тиҷорат, андозҳои гумрукӣ, бизнеси қимор, инҳисори давлатии фурӯши тамоку, гугирд ва маркаи почта  ташкил меёбад. Ҳамчунин,  аз ҳисоби баргузор кардани чорабиниҳои зиёди варзишӣ, фарҳангӣ ва рӯйдодҳои тиҷорӣ низ ба буҷети давлат маблағи зиёд ворид мегардад.

Дар н.  Фонвейи  Монако наздик ба 120 корхонаи начандон калони экологӣ фаъолият мекунад. Тавлидоти маводди ороишӣ ва беҳдоштӣ (яке аз истеҳсолкунандагони бузург ширкати  «Biotherm» дар ҳайати  «L’Oréal Group», ки ба тавлиди лавозими ороишии гаронбаҳо машғул аст), дорусозӣ (аз ҷумла, «Theramex»  ва ғ.), маҳсулоти пластикӣ ( «Megaplast» - ҷузвҳои бастабандӣ барои атриёт ва лавозими ороишӣ), маҳсулоти чопӣ (маркаҳои почтавии коллексионӣ ва кушодахатҳо), электронӣ (аз ҷумла,  қитъаот ва дастгоҳҳо барои мошинҳои баландсуръати пойгавӣ  ва таҷҳизоти ҳавонавардӣ), таҷҳизоти барқӣ (ришгирак), қаҳвасоз ва дастгоҳҳои коркарди қаҳва, ҳамчунин, релеву вентилҳои гуногун, калидҳои барқӣ ва ғ.), маҳсулоти порчаӣ ва дузандагӣ, қаннодӣ ва панирӣ ва сохмонӣ ба роҳ монда шудааст. Илова бар ин, васли қисмҳои мошинҳои барқии варзишӣ (аз соли 2010 ширкати амрикоии  «Tesla  motors»), истеҳсол ва таъмири киштиҳо; устохонаҳои таъмири мошинҳо низ хеле рушд кардаанд.

Саноати сохтмон (бунёди хонаҳои иқоматӣ аз сабаби кам будани замини сохтмон маҳдуд аст; ҳаҷми асосии кор ба тавсеаи ҳудуди Монако, ки аз ҳисоби  соҳили баҳр вобаста мебошад), пеш рафтааст.

Барои таъмини бозори дохилӣ дар ҳаҷми начандон калон хурмо, анҷир, анор, бодом, зайтуну меваҳои ситрусӣ (мураккабот) парвариш мешавад. Обҳои наздисоҳилӣ моҳии кам доранд.

Хидматрасонӣ аз бахшҳои асосии иқтисоди Монако мебошад. Соҳаҳои асосӣ: саноати байналмилалии гардишгарӣ ва дилхушӣ, тиҷорати бонкӣ ва молӣ. Монако - маркази гардишгарии дорои аҳаммияти байналмилалӣ  аст. Дар соли 2010 ба Монако 279, 2 нафар (817 ҳаз. дар як шаб низ ба қайд гирифта шудааст) ворид шудааст. Монако 15 меҳмонхона ва 99 тарабхона дорад. Намудҳои асосии гардишгарӣ – фарҳангӣ ва омӯзишӣ (аз ҷумла, ширкат  дар ҷашнвораҳои сершумори сатҳи ҷаҳонӣ ва мусобиқоти варзишӣ), табобати баҳрӣ (Монте Карло), мулоқотҳои расмӣ (ҳамасола дар Монако наздик ба 500 конфронс ва намоишгоҳ баргузор мешавад). Яке аз қадимтарин ва бузургтарин ширкат дар Монако «Societé Anonyme des Bains de Mer et du Cercle des Etrangers à Mona­co» мебошад, ки казиноҳои Монте Карло ва чанд меҳмонхонаву ресторанҳо  дохили ин ширкатанд.

Низоми озоди (либералӣ) андоз имкон дод, ки Монако ба яке аз марказҳои бузурги маблағгузорӣ табдил ёбад; дар ин ҷо наздик ба 80 бонк ва марказҳои маблағгузорӣ ва дафтари марказии бештар аз 800 ширкати байналмилалӣ қарор дорад. Даромади сокинони Монако ва хориҷиҳои муқимӣ (ба истиснои фаронсавиҳо) аз андоз озод аст, бино бар ин, аврупоиҳое, ки сарвати зиёд доранд, Монако-ро маҳалли зист интихоб мекунанд. Ширкатҳое, ки дар подшоҳӣ ба қайд гирифта шудаанд, муддати 2 соли аввал аз даромад  андоз намесупоранд.

Навъи асосии нақлиёт автомобил буда, ҳамлу нақл аз тариқи он сурат мегирад. Дарозии роҳи мошингард тақрибан 50 км аст. Аз ҳудуди Монако хатти р. о. мегузарад, ки Итолиё, ҷануби Фаронса ва Испониёро ба ҳам пайваст мекунад. Бандарҳои баҳрӣ: Эркюл ва Фонвей.

Тиҷорати хориҷӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳаҷми содироти коло – 536,9 млн евро, воридот – 668, 8 млн. евро. Колои содиротии асосӣ маводди ороишӣ, собун, атриёт, ҳамчунин, яхтаҳо, маҳсулоти пластикӣ,  автомобилӣ ва лавозими беҳдоштӣ мебошад. Ҷавоҳирот, ҷавоҳироти бадалӣ, созҳои мусиқӣ, воситаҳои нақлиёт, либосу маҳсулоти чармӣ, ашёи хому дастгоҳҳои саноатӣ ва хӯрока ба Монако аз хориҷ ворид мешаванд. Шарикони асосии тиҷорати хориҷии Монако: кишварҳои аврупоӣ (асосан Олмон, Итолиё ва Британияи Кабир) ва Хитой.

Кумитаи олимпии Монако соли 1907 таъсис ёфтааст. Варзишкорони Монако аз соли 1920  дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунанд. Футбол, шатранҷ, теннис ва мусобиқаҳои пойгавӣ аз навъҳои рушдкардаи варзиш дар Монако -анд. Бошгоҳи футболи  «Монако»  8 маротиба қаҳрамони футболи Фаронса ва 5 маротиба Ҷоми футболи Фаронсаро ба даст овардааст, ҳамчунин, солҳои 2003–2004 иштирокдори бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо буд.

Дар Монако мусобиқоти касбии мардонаи теннис (аз соли 1968), дар хиёбонҳои Монако мусобиқоти пойгавӣ (аз соли 1929) марҳалаи қаҳрамонии ҷаҳон  «Формула-1» (аз соли 1955),  ҳамчунин, мусобиқоти ҷаҳонии шатранҷ  баргузор мегардад.

  • Э. Раҳматов. Монако.ЭМТ, Ҷ. 13, саҳ.
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
Монако дорад