Jump to content

Кома

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Кома[1] (форсӣ: کامه‎), гамета (юн. gametе — зан, gamеtes — мард) — ҳуҷайраҳои ҷинсии ҳайвоноту рустаниҳо, ки ҳангоми омезиши онҳо насли нав ба вуҷуд омада, дар баробари ин аломатҳои ирсӣ маҳфуз мемонанд.

Комаҳо аз дастаи тоқ (гаплоид)-и хромосомаҳо иборат мебошанд. Ҳангоми бордоршавӣ ду комаи фардҳои ҷинсашон гуногун омехта шуда, зигота ҳосил мекунанд ва ҳамин тавр соҳиби дастаи комили хромосомаҳо (диплоидӣ) мегарданд. Кома дар мавҷудоти серҳуҷайра аз ҳуҷайратухм ва нутфа иборат аст. Он дар ҳайвонот ва рустаниҳои дараҷаи паст (Protozoa ва Protophyta) се навъ — гетерогамӣ, изогамӣ ва зигогамӣ мешавад. Дар аснои гетерогамия ду комае, ки ҳангоми бордоршавӣ иштирок мекунанд, аз ҷиҳати шаклу андоза фарқ доранд. Комаи модина ҳуҷайратухм ва комаи нарина сперматозоид ё нутфа ном дорад. Дар мавриди изогамия (дар бархе аз обсабзҳо, миксомитсетаҳо ва занбӯруғҳои дараҷаи паст дучор меояд) ҳар ду Комае, ки зигота ҳосил менамоянд, аз нигоҳи морфологӣ ба ҳамдигар монанд бошанд ҳам, аз ҷиҳати физиологӣ фарқ мекунанд. Онҳо бо аломатҳои (+) ва (-) ишора карда мешаванд. Ҳангоми зигогамия кома дар бисёр рустаниҳои дараҷаи паст ба маънии қадре дигар меояд, зеро амалиёти ҷинсӣ дар онҳо аз омехташавии ду қисми аз ҷиҳати физиологӣ гуногунҷинси митселия (дар зигомитсетаҳо), ё ду ҳуҷайраи нашвӣ (дар обсабзҳои диатомӣ), ё қисми махсуси митселия (дар занбӯруғҳо) иборат аст. Дар ин гуна маврид ҳамон ду ядрои ҳуҷайраеро кома меноманд, ки ҳангоми амалиёти ҷинсӣ омезиш меёбанд. Раванди ташаккули Кома гаметогенез ном дорад. Комаи ҳайвонот дар гонада ном узви махсус ба вуҷуд меояд. Комаҳои модина ва нарина дар тухмдон инкишоф меёбанд. Дар бештари кирму нармбаданҳо Комаҳои нарина ва модина дар як андомгон (нигар Хунсоӣ) пайдо мешаванд.

  1. Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ. Кома чист? Маънои кома(тоҷ.). vazhaju.com. Вожаҷӯ. 18 марти 2020 санҷида шуд.
  • Биологический энциклопедический словарь. М., 1986;
  • Биология. Современная иллюстрированная энциклопедия. М., 2006.