Jump to content

Кибернетика

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Кибернетика (аз юн.-қад. κυβερνητική — «санъати идоракунӣ» [1]) — (форсӣ: سایبرنتیک‎) илм дар бораи қонунияти равандҳои идоракунӣ ва ирсоли иттилоот дар системаҳои гуногун ба мисли системаҳои мошинӣ, организмҳои зинда ва ё ҷомеа. Кибернетика – илм дар бораи хосиятҳои умумии равандҳои идоракунӣ дар системаҳои зинда ва ғайризинда мебошад. Тафаккури сунъӣ (artificial inteligence) ҳамчун соҳаи нави илм соли 1956 аз тарафи олими ИМА Норберт Винер рӯйи кор омада, дарҳол ба ду самт тақсим шуд: нейрокибернетика ва кибернетикаи «қуттии сиёҳ».

Истилоҳи «кибернетика» ҳамчун маҳфуми илм дар бораи қонунияти равандҳои идоравӣ ва ирсоли иттилоот дар мошинҳо, организмҳои зинда ва ҷомеа бори аввал аз тарафи Норберт Винер дар соли 1948 пешниҳод [2] гашта буд.

Мисоли андешаронии кибернетикӣ. Аз як тараф, ширкат ҳамчун система дар муҳити атроф дида мешавад. Аз тарафи дигар, идоракунии кибернетикӣ метавонад ҳамчун система муарифи шавад.

  1. Словарь по кибернетике. — 2-е. — Главная редакция Украинской Советской Энциклопедии имени М. П. Бажана, 1989. — С. 259. — 751 с. — ISBN 5-88500-008-5.
  2. Norbert Wiener (1948), Cybernetics or Control and Communication in the Animal and the Machine, (Hermann & Cie Editeurs, Paris, The Technology Press, Cambridge, Mass., John Wiley & Sons Inc., New York, 1948)