Jump to content

И (қавм)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
И
Номи қавмии ҳозира вйетн. người Lô Lô
Шумора
  • 8 000 000 тан (2000)
Сукунат
Забон Loloish[d]
Дин Bimoism[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

И (йи, й, ий, итсзу, лоло; номи қавмӣ «и-и сиёҳ» — ꆈꌠ, талаффузи расмӣ Nuosu, [ nɔ̄sū ] носу, дигар иачжэ, аси ва дигар.; чинии сода: 彝族, пинйин: Yí Zú, ицзу; вйетн. Di, Màn Di, Lô Lô, зи, манзи, лоло) — халқияти таббату бирмаиасл, ки аксарият дар ҷанубу ғарби Ҷумҳурии Халқии Чин (8 млн) ва боқимонда дар минтақаҳои шимолии Вйетнам (4541 нафар, 2010) ва Лаос (2203 нафар, 2015) иқомат доранд.

Бо забони лоло-бирмагии оилаи забонҳои лолойӣ гуфтугӯ мекунанд. Иҳо ба зергурӯҳи шимолӣ (И-ҳои шимолӣ, шарқӣ ва ғарбӣ), марказӣ (йиҳои марказӣ, липо ё лолопо), ғарбӣ (ё лалуо) ва ҷанубу шарқӣ ҷудо мешаванд. Шумораи умумиашон 9 млн нафар (2010). Дар минтақаҳои сукунаташон чандин ноҳия ва округи худмухтор доранд. Дар асрҳои миёна аз хатти ҳиҷогӣ истифода мекарданд, ки то ҳол намунаи он дар минтақаи Ляншан боқӣ мондааст. Дар нимаи дуввуми асри 20 тавассути мубаллиғон хатти лотиниасос таҳия гардид, ки тақр. 30 дарсади И-ҳо бо ин хат ошноӣ доранд. Аз соли 1970 хатти ҳиҷогӣ мақоми расмӣ гирифт. Тақр. 40 дарсади И-ҳо бо забони хитойӣ гуфтугӯ мекунанд. Аксарият ба боварҳои қадимӣ ва қисман ба дини насронӣ (2 %) эътиқод доранд. Аҷдоди И-ҳо бунёдгузорони давлатҳои қадими Нанчжао ва Дали (асрҳои 7-13) буданд. Онҳо пас аз таназзули давлатдориашон қисман ба кӯҳҳои Ляншан (дар ҷанубу шарқии музофоти Сичуан) ва шимолу шарқи музофоти Юннан кӯч баста, то ибтидои асри 20 мустақилияти худро ҳифз карданд. Фарҳанги анъанавии И-ҳо ба халқҳои Осиёи Шарқӣ шабоҳат дорад. Машғулияти асосиашон — кишоварзӣ, чорводорӣ, шикор, ҷамъоварии ҳосили рустаниҳо, бофандагӣ, косибӣ, оҳангарӣ ва заргарӣ. Деҳкадаҳои доманакӯҳ аз 8-10 хонавода иборат буда, атрофашон бурҷҳои мудофиавӣ доранд. Тарҳи хонаҳояшон росткунҷа: хонаҳо дар болои зербинои сангӣ аз сангу чӯб сохта шуда, бомашон шервонпӯш аст. Ҷомеаи анъанавии И-ҳои шимолӣ аз 4 табақа иборат буд 1) ноҳо (И-ҳои «сиёҳ») — ашроф, заминдорон ва ғуломдорон; 2) сюйно (И-ҳои «сафед») — заминдорони тобеъ, ҳунармандон, тоҷирон; 3) асзя — аҷдоди асироне, ки ба ноҳо ва сюйнҳо тобеъ буданд ва дар хонаҳои хоҷаҳои худ иқомат мекарданд; 4) сяси — ғуломони муҷаррад, ки дар биноҳои канории хоҷаи худ зиндагӣ мекарданд. Дар байни И муносибатҳои авлодӣ боқӣ монда, одатан чанд хонавода табақаҳои якуму дуввум як ҷамоа (тсоси)-ро ташкил медиҳанд. Тсоси ҳуқуқи аъзои худро ҳимоя карда, тавассути пешвоён (суи), муҳофизони урфу одат (дэгу) ва низомиён (чжахуа), шӯрои пирсолон (тсзи-эртсизите) ва маҷлиси умумии мардон (мэнгэ) идора карда мешуд. Тсоси ба ҷамоаҳои хурдтар (бусу) ҷудо шуда, ба он пешво (дэгу) роҳбарӣ мекунад. Дар байни И-ҳо эътиқод ба рӯҳи Осмон (Толо ва Соло — Аждаҳои Тилоӣ ва Нуқрагин) ва рӯҳи кӯҳи Миси ривоҷ ёфтаанд. Ҳуқуқи анҷом додани маросими қурбонӣ ба коҳинон (биму), азоимхонон, муҳофизон ва таъбиркунандагони урфу мансуб аст. Ҳар як ҷамоа бимуи худро дорад, ки вазифаи ӯ меросӣ аст. Иди асосиашон — ҷашни тобистонии машъал («Бозгашти ситораҳо») дар рӯзҳои 23-24-уми моҳи 6 тақвими моҳтобӣ баргузор мешавад. И-ҳо ҷасади фавтидагонро сӯзонда, баъзан хокистари майитро дар ғорҳо нигоҳ медоранд. И-ҳо эпос («Ашма», «Мэйгэ» «Сетсзи» (Оғози ҷаҳон), драмаи халқӣ, қисса, ривоят ва масалҳои ғанӣ доранд.