Иқлими мавсимӣ
Иқлими мавсимӣ — иқлими хосси минтақаҳои Замин, ки дар он гардиши атмосфера хусусияти мавсимӣ дорад ва иқлими нисбатан камёб аст. Дар табақабанди иқлимии Кёппен ин иқлим бо ҳуруфи Аm нишон дода мешавад
Иқлими мавсимӣ дар ҳамаи моҳҳои сол дорои дамои моҳонаи аз 18 дарҷа боло аст ва монанди иқлими тропикӣ (гармсерӣ) дорои фасли хушку мартуб аст, вале бар хилофи он хушктарин моҳи иқлими мавсимӣ камтар аз 60 миллиметр борон ба худ мебинад, вале мизони бориши хушктарин моҳ бештар аз як бисту панҷуми кулли бориши солона аст. Дигар тафовути иқлими мавсимӣ бо иқлими гармсерӣ ин аст, ки иқлими мавсимӣ нисбат ба иқлими гармсерӣ дорои навасони дамои камтаре дар тӯли сол аст. Хушктарин моҳи ин иқлим тақрибан ҳамеша ҳангоме рӯй медиҳад, ки он сӯи хатти истиво инқилобин (хуристон) оғоз гаштааст.
Пайванд
[вироиш | вироиши манбаъ]- Glossary.ru: Иқлими муссонӣ Бойгонӣ шудааст 4 марти 2022 сол.
- Муссонный климат