Jump to content

Инфиҷори фазопаймои «Чалланҷар»

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Инфиҷори фазопаймои «Чалланҷар»
Нигора
Кишвар
Макони кунунӣ
Замони вуқуъ 28 январ 1986
Шумори ҷонбохтагон
  • 7 тан
Харобӣ Challenger[d]
Ба далели cold weather[d], structural failure of external tank[d] ва O-ring seal failure[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Challenger дар соли 1983

Инфиҷори фазопаймои "Чалланҷар"28-уми январи соли 1986 аз сабаби таркиши боки сӯзишвории фазопаймо дар сонияи 72-юм ба вуҷуд омада буд, ки дар натиҷа 7 узви ҳайати кайҳонавардони фазопаймо ҳалок шуданд. Инфиҷор соати 11:39 дақиқа вақти маҳаллӣ дар уқёнуси Атлантик, наздикии соҳили қисми марказии шибҳиҷазираи Флоридаи ИМА рух дод.

Ҳайати парвозӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Ҳайати парвозии STS-51L. Аз чап ба рост: Маколифф, Ҷарвис, Резник, Скоби, МакНейр, Смит, Онизука

Ҳайати парвозии Challenger аз ҳафт нафар иборат буд [1] :

  • Командири ҳайат — Франсиски "Дик" Р. Скоби (англ. Francis «Dick» R. Scobee )-и 46-сола [1]. Сарнишини ҳарбии ИМА, подполковники нерӯҳои ҳавоии ИМА, кайҳоннаварди NASA .
  • Сарнишини дуюм — Майкл Ҷ. Смит (англ. Michael J. Smith ) -и 40-сола. Сарнишин-коромӯз, капитани нерӯҳои баҳрии ИМА, кайҳоннаварди NASA.
  • Мушовири илмӣ — Эллисон С. Онизука (англ. Ellison S. Onizuka, яп. 鬼塚 承 次)-и 39-сола . Сарнишин-коромӯз, подполковники нерӯҳои ҳавоии ИМА, кайҳоннаварди NASA.
  • Мушовири илмӣ — Ҷудит А. Резник (англ. Judith A. Resnik )-и 36-сола . Муҳандис ва кайҳоннаварди NASA.
  • Мушовири илмӣ — Роналд Э. McNair (англ. Ronald E. McNair )-и 35-сола . Физик, кайҳонаварди NASA.
  • Мутахассиси соҳаи бори лозимӣ — Григорий Б. Ҷарвис (англ. Gregory B. Jarvis )-и 41-сола . Муҳандис ва кайҳоннаварди NASA. Ин аввалин парвози ӯ дар Challenger буд.
  • Мутахассиси соҳаи бори лозимӣ — Шарон Криста Корриган Маколиффи (англ. Sharon Christa Corrigan McAuliffe )-и 37-сола.

Баррасии иллати ҳодиса

[вироиш | вироиши манбаъ]

Камбудиҳои сохтмонӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Қисмати васли ду қисмати суръатбахши сӯзишвории сахти shuttle: A — стальная стенка толщиной 12,7 мм, B — основное уплотнительное кольцо, C — резервное уплотнительное кольцо, D — укрепление оболочки, E — секции ускорителя, F — теплозащитная изоляция, G — покрытие, H — герметизирующая паста, I — ракетное топливо

Комиссияи таҳқиқии риёсати ҷумҳурӣ, мавсум ба комиссияи Роҷерз, иллати ҳодисаро тарҳи номуносиби васли бахшҳои мушаки сӯхти ҷомиди кумакӣ (solid rocket booster) донист. Муҳандисон аз ширкати паймонкори созандаи мушак ду рӯз қабл аз партоби мушак бо НАСА тамос гирифта ва ба хатари берун рафтанигаз аз ин қисмҳои васлшуда дар сурати партоби фазопаймо дар ҳавои сард ҳушдор дода буданд, аммо мудирони НАСА, ки ба далели таъхироти мутааддид дар партоби фазопаймо таҳти фишор буданд, ин камбудро нодида гирифта буданд..

Ях дар майдончаи парвоз чанд соат пеш аз оғози Challenger
Оғози парвози "Чалланҷар"

мини|Навори инфиҷор

Аъзои Комиссияи Роҷерс ба маркази кайҳонии Кеннеди меоянд
Шарҳҳо
Манбаъ