Зуф
Зуф | ||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| ||||||||||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
|
||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||
Plantago L., 1753 | ||||||||||||||
Мутародифот | ||||||||||||||
Номенклатурный тип | ||||||||||||||
Виды | ||||||||||||||
|
Зуф (лот. Plantágo) — ҷинси рустаниҳои як ё бисёрсола, мансуби зуфиҳо.
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Решааш кӯтоҳ. Баргаш паҳни байзашакл ё дарозрӯяи нештармонанд (баъзан дандонадор), аз бехи поя месабзад. Гулпояаш борики дароз, луч ё пашмакдор. Хӯшагулаш дарози борик ё кӯтоҳ. Гулаш майда, самараш — чалғӯза, тухмаш дарозрӯя, суфтаи чин-чин, баъзан теғадор. Дар олам беш аз 150 намуди зуф дучор меояд.
Дар минтақаҳои иқлимашон муътадил ва субтропикии Аврупо, Осиё, Африқо ва Амрико паҳн шудааст. Дар Тоҷикистон 9 намуди зуф (барги зулф, зулфи ятимак, P. griffifhii, P. depressa, P. arachhoidea, P. coronopus, P. minuta, P. lachnantha, P. lagosephola) месабзад. Зуф бештар дар лаби ҷӯй, канори роҳ, боғот, киштзор, заминҳои партов, доманакӯҳҳо (дар баландии 400-4300 м аз с. б.) мерӯяд. Дар таркиби узвҳои нашвии зуф каротин, витамини С., фитонсид ва ғайра мавҷуданд. Бисёр зуфҳо гиёҳҳои доруӣ мебошанд. Онҳоро ба хӯрок илова мекунанд, санбӯса мепазанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Хатои ёдкард: Барчасби
<ref>
ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номиING
ворид нашудааст
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зуф // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.