Грипп
Грипп | |
---|---|
Ихтисос | Family medicine, Пулмонология, инфектология, emergency medicine |
МКБ-10 | J10., J11. |
---|---|
МКБ-9 | 487 |
OMIM | 614680 |
DiseasesDB | 6791 |
MedlinePlus | 000080 |
eMedicine | med/1170 Шаблон:EMedicine2 |
MeSH | D007251 |
Грипп — як навъ бемории вирусии сироятӣ.
Грипп бо нишонаҳои заҳролудии умумии андомгон (организм), баланд шудани ҳарорати бадан, беҳолӣ, дарди сар, дилбеҳузурӣ, баъзан қайкунӣ ва илтиҳоби луобпардаи роҳи нафас падид меояд. Ангезандаи грипп вирусҳои А, В, С мебошанд, ки ба оилаи ортомиксовирусҳо (Orthomyxoviridae) мансубанд. Ба ин оила се ҷинс — вирусҳои гриппи А, вирусҳои гриппи В, ҳамчунин вирусҳои гриппи С тааллуқ доранд. Вирусҳои грипп ба сармо тобовар буда, ҳангоми гарм кардан ва ҷӯшондан зуд нобуд мешаванд. Онҳо хусусан аз таъсири афканишоти фаробунафш ва маводди гандзудо (дезинфексиявӣ) фавран маҳв мегарданд. Манбаи сироят бемор, ҳамчунин одамоне мебошанд, ки дар онҳо грипп ба таври ниҳонӣ сурат гирифтааст. Вирусҳо ҳафтаи аввал дар вақти гуфтугӯ, сурфидан ва атса задан хориҷ карда мешаванд. Грипп чун эпидемия пайдо мешавад ва ҳатто мумкин аст ба пандемия табдил ёбад. Бозичаҳо, пистонак, косаву табақ, сачоқ ва ғ. низ метавонанд мӯҷиби сирояти ангезандаи грипп шаванд. Дар мавриди сабук будани беморӣ грипп барои атрофиён хеле хатарнок аст, чунки бемор ба духтур муроҷиат накарда, бистарӣ намешавад ва бо ҳамин роҳ вирусҳои гриппро паҳн мекунад. Ба грипп одамони синну солашон гуногун ва дар ҳама фасли сол (бештар тирамоҳу зимистон) гирифтор мешаванд. Вируси грипп баъди ҳар 11-18 сол тағйир меёбад.
Беморӣ ногаҳон бо табларза, ҳарорати баланд (38-39°С), сарчархӣ, сардард (асосан дарди пешонӣ, чаккаи сар, чашмхона), беҳолӣ, буғумдард, дарди мушакҳо, дилбеҳузурӣ ва қай ба вуҷуд меояд; ранги рӯйи бемор сурх мешавад, аломатҳои назла (нафасгирии душвор, зуком, хориши гулӯ, сурфаи хушк, дарди гулӯ ҳангоми фурӯбарӣ) ба мушоҳида мерасанд, оби чашм рафта, кас наметавонад ба рӯшноӣ нигарад. Дар сурати бистарӣ нашудан ва риоя накардани тавсияҳои духтур грипп оризаҳои ногувор (мас., газаки шуш, гайморит, газаки ҷавфҳои иловагии бинӣ, отит, иллати дил ва илтиҳоби майнапарда) ба бор меорад. Оризаи нисбатан асосии грипп пневмония аст. Ҳамчунин оризаҳои дигари бактериявӣ, мас., фронтит, мастоидит ва бронхиолит низ рух менамоянд. Инчунин мумкин аст бемориҳои музмини пешина (сил, тарбод, тонзиллити куҳан, холесистохолангит, пиелит ва ғ.) хурӯҷ намоянд.
Яке аз шаклҳои вазнини грипп, ки боиси фавти одамон мешавад, гриппи мурғон аст. Онро вируси H5N1, ки соли 1997 дар Сянган (Ҳонконг) ошкор шуда буд, меангезад. Вирус бевосита аз парандаҳо ба одам сироят мекунад. Гриппи мурғон соли 1997 якбора дар 30 мамлакати дунё ба қайд гирифта шуд. Ҳолатҳои аз одам ба одам гузаштани вируси H5N1 муқаррар нашудааст. Аломатҳои гриппи мурғон шабеҳ ба гриппи муқаррарӣ мебошанд. Вируси гриппи мурғонро мурғу мурғобӣ, ғоз, қу, кабӯтар, мурғи марҷон ва дигар парандаҳо интиқол медиҳанд.
Солҳои охир дар бисёр мамлакатҳо гриппи хукҳо ба қайд гирифта шудааст. Онро штаммҳои вируси А/H1N1, A/H1N2, A/H3N2 ба вуҷуд меоранд. Ангезандаи гриппи хукҳо, ки соли 2009 дар бисёр мамолики Амрико, Аврупо ва Осиё густариш ёфт, штамми вируси H1N1 буд. Аломатҳои гриппи хукон шабеҳ ба дигар намудҳои грипп мебошанд. Бештар дар одамони гирифтори бемориҳои дил, шуш, гурда, ҷигар, диабети қандӣ, омосҳои гуногун, солхӯрдагон, занҳои ҳомила, кӯдакон, кормандони ҳифзи тандурустӣ ба мушоҳида мерасад.
Грипп доруи махсус надорад. Косаву табақи беморро ҷудо карда, онро дар маҳлули содаи 1 % (ба 1 л об 2 қошуқча содаи хӯрданӣ) ё дар маҳлули оҳаки хлорноки 0,5 % (ба 1 л об 1 қошуқи чойхӯрӣ) 5 дақ. ҷӯшондан лозим аст. Ба пасмондаи ғизо об андохта, онро 5 дақ. меҷӯшонанд ва сипас мерезанд. Фаршу ҷиҳози хонаи беморро ҳар рӯз 2 бор бо латтаи тар (маҳлули 0,5%-и оҳаки хлорнок) пок кардан шарт ва ҳатмист.
Барои пешгирии грипп обутоби организм, варзиш, муолиҷаи бемориҳои аъзои нафас муҳим аст. Аз давои махсус — ваксинаи зидди грипп низ истифода мекунанд. Моягузаронӣ гриппро ҳамеша пешгирӣ накунад ҳам, ҷараёни онро сабук месозад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Грипп / Ш. А. Тошева // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Қамардинов Х. Қ. (ва дигрипп). Бемориҳои сироятӣ. Д., 2000;
- Шувалова Е. П. Инфекционные болезни. М., 1999;
- Камардинов Х. К. Инфекционные болезни человека. Д., 2005;
- Ҳамон. Инфекционные и паразитарные болезни. Д., 2009.