Вешаб
Деҳа | |
| |
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Айнӣ |
Ҷамоат | Деҳоти Шамтуч |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1936 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3479 |
Нишонаи почта | 735520 |
|
Вешаб — деҳа ва маркази ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ. Аз Вешаб то марказ�� ноҳия 48 км. Аҳолиаш 1936 нафар (2017), тоҷикон[1].
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Иншоотҳо: мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, дорухона, маркази саломатӣ, китобхона, маркази савдо, клуб ва чойхона. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, зироаткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо обӣ мебошанд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа таърихи беш аз ҳазорсола дорад. Номи ин деҳа дар катибаҳои маъруфи суғдӣ, ки солҳои сиюми асри гузашта ҳангоми ковишҳои бостоншиносӣ аз қалъаи Муғ ба даст омадаанд, дар ду шакл — Вешаб ва Вешак ба мушоҳида расида, ба фаровонии обу гиёҳ дар ин мавзеи файзбори кӯҳистон далолат мекунад.[2]
Таърихшинос Юсуфшо Ёқубов дар китоби «Ёдгориҳои болооби Зарафшон» овардааст, ки «Вешаб 1300 сол боз мавқеашро иваз накардааст». Дар маркази деҳа мазорест, ки бо номи марқади Шамси Табрезӣ маъруф буда, зиёратгоҳи сайёҳон аст. Сарвари мамлакат зимни суханронӣ ҳангоми зиёрати оромгоҳи Шамси Табрезӣ, аз ҷумла, чунин зикр намуданд: «Яке аз шахсиятҳои бузургу камназири олами ирфон — Мавлоно Шамсиддин Муҳаммад ибни Алӣ ибни Маликдоди Табрезӣ мебошад, ки ҳанӯз шахсияташ ба таври комил шинохта нашудааст ва оқибати кору фарҷоми тақдири асрорангезаш ҳам чандон равшан нест. Дар кишварҳои Туркияву Эрон барои ин орифи бузург гӯрхона таъйин кардаанд, ки мардум барои зиёрат ба ин шаҳрҳо мераванд. Мардуми кӯҳистони Тоҷикистон, гӯрхонаи Шамси Табрезиро ба ҳамин деҳаи Вешаб эҳтимол медиҳанд. Шахсиятҳои зиёди таърихӣ, аз ҷумла бунёдгузори давлати Темуриёни Ҳинд — Мирзо Бобур, шоҳи Афғонистон Абдурраҳмонхон ва дигар шахсиятҳои маъруф дар давраҳои гуногун мазори ба истилоҳ Шамси Табрезии ин деҳаро зиёрат кардаанд. Амирони Бухоро низ ба ин мазор таваҷҷуҳ доштанд, аз ҷумла бо фармони амир Насруллоҳ дар болои гӯрхонаи ин бузургвор хонақоҳ сохтаанд, ки Абдурраҳмони Мустаҷир бунёди онро дар соли 1842 эҳтимол додааст. Мувофиқи нақлу ривоятҳои мардумӣ дар ҳамин хонақоҳ то айёми Инқилоби Октябр „Куллиёти Шамси Табрезӣ“ — маъруф ба „Девони Кабир“-и Ҷалолуддини Балхӣ нигаҳдорӣ мешуд, ки бар асари китобсӯзиҳои даврони инқилоб эҳтимол аз байн рафтааст».
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- ↑ Суханронӣ ҳангоми зиёрати марқади Шамси Табрезӣ (08.07.2010 16:00, деҳаи Вешаб, ноҳияи Айнӣ).
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вешаб / А. Султонов, Ш. Тошева // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Аҳрор Мухторов. Санг ҳам диле дорад. Душанбе, 1987;
- Абдураҳмони Мустаҷир. Рӯзномаи сафари Искандаркӯл. Душанбе, 1989.
- Юсуфшо Ёқубо. Ёдгориҳои болооби Зарафшон. Душанбе, Ирфон, 1977.