Jump to content

Ваҳҳобия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ваҳҳобия, ал-ваҳҳобия (ар. الوهابية‎) — ҳаракати динию сиёсие, ки Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб дар садаи XIX дар Арабистони Саудӣ асос гузоштааст.

Чунин номро ба ин ҳаракат мухолифини он ва сайёҳони аврупоӣ гузоштаанд. Пайравони ваҳҳобия худро «муваҳҳидун» (аҳли тавҳид) меномиданд. Ваҳҳобия бештар ба ҷиҳати ақидавӣ ва ахлоқии дин таваҷҷуҳ намуда, тавҳидро рукни асосӣ ва усули ягонаи эътиқоду ойин медонист. Ба ин хотир дар маҳалли интишори идеологияи ваҳҳобия бисёр ёдгориҳои таърихӣ ва санъати ислом ҳамчун падидаи бутпарастӣ тахриб мешуданд. Дар ибтидои пойдоиши ваҳҳобия дар Маккаву Мадина гунбази Хадиҷа, мавлиди Абубакр ва Алӣ, гунбазҳои мавҷуд дар қабристони Бақеъ хароб карда шуданд. Нукоти асосии ваҳҳобия дар таълифоти сершумори Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, аз қабили «Китобу-т-тавҳид», «Китобу-л-кабоир», «Фазлу-л-ислом», «Усулу-л-имон» ва ғ. баён шудааст.

Мувофиқи таълимоти ваҳҳобия афзалияти ислом нисбат ба динҳои дигар маҳз тавҳид аст, ки дар он замон (асри 18) зоеъ ва фаромӯш гардидааст. Ибораи «Ло илоҳа иллаллоҳ» дар ваҳҳобия маънои онро дорад, ки ҳокими ҳақиқии олами вуҷуд Худо аст. Аз ин рӯ, Аллоҳ ягона мабдаи сазовори парастиш ва ибодат мебошад. Қуръону ҳадис ҳуҷҷати асл, маъхази асосии дин буда, танҳо касе, ки шартҳои иҷтиҳодро ба ҷо оварда метавонад, ҳақ дорад дар боби дин сухан ронад. Муҷтаҳид ҳақ дорад мувофиқи фаҳми худ Қуръону ҳадисро тафсир ва дар масоили дин иҷтиҳод намояд. Бастани роҳи иҷтиҳод аҳли исломро ба шикасти моддию маънавӣ оварда, мутаассиб, тақлидгар, хурофотӣ, кӯтоҳназар, хилофпеша сохт. Қавли мутакаллимон ва фақеҳон ҳуҷҷату далели қотеъ нестанд.

Ваҳҳобия асоси ислоҳи муслиминро дар ислоҳи ақида ва рӯҳ дида, таъкид мекунад, ки агар ақидаву рӯҳияи исломи ибтидоӣ барқарор гардад, ҳама чиз ислоҳ мешавад; дуздӣ, фисқу фуҷур, майпарастӣ, кина, хусумат ва ғ. аз байн рафта, рушди маънавии мардум таъмин мегардад. Ваҳҳобия таъкид менамояд, ки муслимин ҳама кори худро бо номи Ҳақ ва адолат анҷом медоданд. Танҳо шарафмандии ҳақиқӣ ва тавҳиди саҳеҳ метавонад ҳамаи хурофот ва бидъати ботилу ҷоҳилонаро барҳам занад. Тавҳид — эътиқод ба Аллоҳ ҳамчун холиқи мудаббири қонунгузори ягонаи олам мебошад. Аз махлуқот касе ва чизе дар офариниш ба Ӯ баробар нест («Китоби тавҳид», саҳ. 134). Танҳо Офаридгор қодир аст ба одамон некӣ биёрад ва онҳоро аз бадӣ эмин дорад. Дар олам ҷуз Аллоҳ касе сазовори саҷда ва парастишу таъзим нест («Усули имон», саҳ. 167—168), вале олами ислом аз усулҳои рӯшани тавҳид дур рафта, одамон ба гуноҳи кабира — таҷаддуд гирифтор гашта («Фазоили ислом», саҳ. 198), сифоту қудрати илоҳиро ба махлуқоти Ӯ нисбат медиҳанд. Зиёрати ҷойҳои муқаддас, назру ниёз барои онҳо, қурбонӣ, дуою ибодат бо нияти хайру эҳсон ё аз бадӣ эмин доштан, сифоти Худовандро ба рустанию санг ва дигар ашё интиқол додан бо тавҳиди аслӣ мунтабиқ нест, зеро қурбонӣ танҳо дар роҳи Аллоҳ равост ва ёрӣ ҷустан танҳо аз Худованд дуруст аст. Фариштаҳо, пайғамбарон, порсоён, имомҳо, зоҳидон, авлиё ба шафоати гуноҳи муслимин қодир нестанд, магар ба розигии Худованд.

Ваҳҳобия эҳтироми беандозаи асҳобу ансори Паёмбар (с), бинои масҷиду марқадҳои боҳишмат ба шарафи онҳо, ба маъбуду саҷдагоҳ табдил додани онҳоро ҷоиз намедонад. Зиёрати қабри Муҳаммад (с) равост, вале бе ҳеч гуна нияту хоҳиш. Фардо рӯзи қиёмат Паёмбар (с) метавонад мудофеи муслимин бошад. Ваҳҳобия фақеҳону илоҳиётшиносони се қарни аввали ислом, чаҳор тан муассисони мазоҳиби фиқҳи суннӣ, инчунин Ибни Таймия ва Ибни Қайими Ҷавзиро эътироф мекунад.

Назарияи сиёсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи назарияи сиёсии ваҳҳобия, раият бояд дар итоати аъён бошад, зеро носипосӣ ва сарпечӣ аз ҳукми амирону салотин азоби дӯзахро ба авом таъмин менамояд. Дар айни ҳол дар таълимоти ваҳҳобия назарияи ҳамоҳангии иҷтимоӣ таблиғ мешуд: «Ҳар яки шумо барои раияти хеш масъулед. Имом дар ғами табааи хеш, мард дар фикри оила ва рамаи худ, зан дар ғами хонадони шавҳар ва фарзандони ӯ, писар пуштибони молу чизи падар, ғулом дар нигаҳбонии мол, ҷоҳу ҷалоли хоҷаи хеш бояд бошад» («Китобу-л-кабоир», саҳ. 240). Тарғиби муттасили «бародарии аҳли ислом» низ қисман ба ҳамин мақсад аст. Дар айни ҳол таълимоти ваҳҳобия аз меъёру мизони умумиинсонӣ барӣ нест. Ваҳҳобия одамонро ба меҳрубонӣ, раҳимӣ, эҳтиёткорию некӣ, устуворӣ дар ваъда ва дурӣ аз таҳдид, сабурӣ, ёрӣ ба заифон, дурӣ аз кизбу дурӯғ, туҳмату ғийбату хабарчинӣ, ёвагӯӣ, қаллобӣ, хасисӣ, ҳасудию рашк даъват менамояд. Ин нукоти ваҳҳобия то андозае назари баробарии иҷтимоиро ифода мекард ва аз ин рӯ фаллоҳун (барзгарон) аслан ин таълимотро пазируф��анд. ваҳҳобия моҳиятан таълимоти динию сиёсист, на иҷтимоӣ. Ҳаракати ваҳҳобия ҷиҳодро бар зидди мушрикин ва куффор раво медонист. Дар ин замина ҷанги бераҳмона бар зидди «ҷоҳилон», «мушрикон», «бутпарастон» ва дигар қабоили ғайриваҳҳобӣ ҳақ дониста мешуд. Дар ваҳҳобияи асри 18 таассуби шадид, тамоюли зиддифорсӣ ва аҳли шиа баръало мушоҳида мешуд. Ваҳҳобия эҳтироми қабри авлиё ва истионат аз соҳибони онро як навъи ширк хонда, ҳар ақида, назар ва мабдаеро, ки мутобиқи Қуръон ва ҳадис набошад, куфри маҳз медонист. Дар ин замина хона, ҷиҳози он, либос бояд зоҳидона бошад. Ваҳҳобия қимор, шатранҷ, мусиқӣ ва сигору қаҳваро, ки монеи зикри Ҳақ ва намоз буда метавонанд, мамнуъ эълон кард.

Ҳаракати ваҳҳобия аз назари сиёсӣ навъе эътироз ва мубориза бар зидди ҳукмронии сиёсии Туркияи Усмонӣ дар Арабистони Саудӣ ва умуман мустамликадорӣ буд. Солҳои 1920 ваҳҳобия мазҳаби расмии давлати Арабистони Саудӣ эълон шуда, таълимоти он шакли либералию замонавӣ гирифт. Таълимоти мазҳабии ваҳҳобия ҳоло дар зумрае аз мамолики араб, Ҳиндустон, Индонезия, Афғонистон, баъзе мамлакатҳои мусулмонии Осиёву Африқо нуфузи зиёд ва дар иддае кишварҳои мусулмоннишин пайравони худро дорад.