Jump to content

Бобилистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бобулистон (аслаш – Бобилистон) — кишвари бостонӣ дар ҳудуди Байнаннаҳрайн, воқеъ дар бахши марказии Ироқи ҳозира. Номи кишвар аз номи пойтахти он Бобил гирифта шудааст. Бобилистон аз ҳазораи 2 то м. то с. 538 то м. дар ҳайати давлатҳо (империяҳо)-и гуногуни аҳди бостон вуҷуд дошт. Ин кишвар дар аввал дар ихтиёри Шумериёну Аккадиён буд ва баъд номи Бобилистонро гирифт. Таърихи Бобилистонро пажӯҳандагон ба чаҳор давра ҷудо кардаанд: Бобилистони куҳан, давраи Коситҳо, пас аз Коситҳо ва Бобилистони нав.

Давраи Бобилистони куҳан солҳои 1894–1595 то м.-ро дар бар мегирад. Ин давраи ҳукмронии ҳукуматдорони сулолаи нахустин бобилиҳо буд, ки асосгузори он амаритҳо буданд. Давлати Ошуриён, ки дар Байнаннаҳрайн дар байни чаҳор шаҳр – Ошур (Шарғоти кунунӣ), Арбела (Арбиёи кунунӣ), Кулах (Намруди кунунӣ) ва Найнаво (муқобили шаҳри Мавсили кунунӣ) иқтидор пайдо намуда буд, ба Бобил ҳуҷум намуда, тақр. соли 1830 то м. «Бобилум» (Дарби Худо)-ро тасхир кард. Султони овозадори ӯ Хаммурапи (1792–1757) дар назди худ мақсад гузошт, ки Байнаннаҳрайнро аз ҷиҳати сиёсӣ муттаҳид созад. Ӯ шумериҳоро тобеъ кард, иломиҳоро аз Лорсо ронд, бар эшнунҳо ғолиб омад. Баъдан бо Мари муоҳида баста, ин шоҳигариро низ соли 1757–1756 то м. шикаст дод. Пас аз муддате ба Ошур ҳамла оварда, онро ба тобеияти худ даровард. Ин давраи таърихӣ як марҳилаи густариш ва давраи тилоии сарзамини Бобилистон дар Байнаннаҳрайн буд. Дар аҳди Хаммурапи санадҳои ҳуқуқӣ таҳия шуданд, ки дар он замон хеле муҳим буданд. «Маҷмӯи қонунҳо» бо хатти мехӣ дар 286 модда таҳия шудааст, ки он дар илми ҳуқуқшиносӣ бо номи қонунҳои Хаммурапи машҳур ва ба мисли «Шариати Мусо» ранги қудсӣ дошт. Дар ин давра ҳокимияти шоҳӣ, дастгоҳи идорӣ, лашкари кишвар такмил ёфт. Тиҷорат боло рафт, дар шаҳрҳои Бобил, Ниппур, Сиппар, Лорсо марказҳои савдо ташкил намуд. Дар охири ин давр дар шаҳрҳои шумериҳо ҷудоихоҳӣ авҷ гирифт. Исёни кишварҳои тобеъ ва душманони хориҷӣ ба монанди иломиҳо, коситҳо, хетҳо боло рафт. Ҳуҷуми хетҳо соли 1595 то м. ҳокимияти мавҷударо сарнигун намуда, сулолаи ҳокимияти коситҳоро дар Бобилистон аз байн бурд.

Дар садаҳои 16–12 то м. дар Бобилистон ҳукмронии давлати коситҳо шурӯъ шуд. Дар ин давра Бобилистон ҷойгоҳи худро дар сатҳи империяҳои байналмилалии бостонӣ тадриҷан аз даст дод, мавқеи мисриён ва хетҳо дар кишвар қавӣ шуд. Ин ҳодиса ҳокимияти марказиро ба таҳлука гузошт, зеро ҳукмронӣ бар Ошур торафт суст мешуд. Бо вуҷуди ин, дар ин давра иқтисоди Бобилистон то ҳадде рӯ ба беҳбуд ниҳод ва умури низомӣ низ рушд кард. Дар умури кишоварзӣ аз олоти кории нав истифода шуд, дар меъморӣ низ тозагиҳо ба вуҷуд омад, ибодатгоҳу маъбадҳо ва шаҳрҳо имтиёз пайдо карданд, дар ҷангҳо аз аспҳо ва хачирҳо истифода мешуданд. Дар садаи 12 то м. иломиҳо ба коситҳои Бобилистон ҳуҷум оварда, онҳоро шикаст доданд. Шоҳро асир гирифтанд ва мавофиқи қонуни Хаммурапи ҷазо доданд. Давраи сеюми таърихи Бобилистон баъд аз коситҳо буда, садаҳои 12–7 то м.-ро дар бар мегирад, ки дар он замон ҳокимияти сиёсии кишвар хеле заиф мегардад. Дар натиҷа Бобилистон макони муборизаҳои ошуриҳо, иломиҳо ва ҳокимияти халди-оромии соҳили баҳр мешавад. Пойтахти Бобилистон аз даст ба даст мегузарад то он замоне, ки нерӯи ошуриҳо боло мегирад. Шоҳони ошурӣ гоҳе ҳамчун шоҳ зимоми Бобилистонро ба даст доштанд ва гоҳе ҳам дастнишондаҳои худро ба тахт менишонданд.

Давраи чоруми ҳукумати Бобилистонро давраи нави бобилӣ меноманд, ки солҳои 626–539 то м.-ро дар бар мегирад. Ин давра бо исёни сарлашкари халдиҳо бо номи Набопаласар шурӯъ мешавад, ки ӯ дар иттиҳоди Модҳо с. 609 то м. ошуриҳоро шикаст дода, бо муттаҳидини худ мероси ошуриҳо ва ҳукумат дар Осиёро тақсим мекунад. Писари ӯ Навуходоносор II (605–562 то м.) аз ҷониби низомиёни тобеи худ сазовори шуҳрати зиёд гардид. Дар ин давра кишвари Тира ба тобеият дароварда шуд ва дар солҳои 597–586 то м. то Уршалоим (Урушалим, Ерусалим) ду бор ишғол гардид. Ҳамчунин дар замони ҳукмронии Навуходоносор II биноҳои бошукӯҳ дар пойтахти Бобилистон – шаҳри Бобил анҷом пазируфт. Аммо пас аз марги ӯ барои соҳиб шудан ба тоҷу тахт муборизаҳо шурӯъ шуданд. Дар дарбор табаддулотҳо ва кушторҳои талабгорони ҳокимият авҷ гирифт. Дар натиҷа ба сари ҳокимият Нубонид (Набонид) омад, ки солҳои 556–539 то м. ҳукмрони Бобилистон буд. Ӯ ҳукумати худро бар асоси ҷангҳо дар ҳудуди соҳилҳои шарқии Баҳри Миёназамин ва дар Арабистон мустаҳкам ва парастиши худоёни оромии Синоро таъйид намуда, ибодатгоҳҳо ва шаҳрҳои зиёд, аз ҷумла Ҳеррон, Ур ва ғ-ро, бозсозӣ кард. Соли 539 то м. Бобилистонро шоҳи форсиёни давлати Ҳахоманишиён Куруши Кабир (Куруши II) тасарруф кард. Бобилистон дар замони ҳукмронии шоҳи форсҳо Дорои I ба яке аз сатрапҳои Форс табдил дода шуд, ки хироҷи зиёд медод. Пас аз лашкаркашии Искандари Мақдунӣ Бобилистон с. 330 то м. ба тасрруфи вай даромад. Пас аз марги ӯ Бобилистон с. 312 то м. ба дасти селевкиён, аз нимаи садаи 2 то м. ба дасти портҳо ва дар садаҳои 3–7 м. ба дасти Сосониён гузашт.

  • Белявский В. А. Вавилон исторический и Вавилон легендарный. М., 1971;
  • Кленгель - Брандт Э. Древний Вавилон / пер. с нем. М., 2002;
  • Васильев Л. С. История Востока. Т.1. М., 1994;
  • История Востока. Т.1. Восток в древности. М., 2000.