Баробарҳуқуқӣ
Баробарҳуқуқӣ — баробарҳуқуқии расман эътирофшудаи инсон ва шаҳрванд дар назди давлат, қонун ва суд, яке аз унсурҳои аввалиндараҷаи демократия. Қатъи назар аз ҷинс, нажод, миллат, шаҳрвандӣ, забон, муносибат ба дин, ақидаҳои сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ, хизматӣ ва амволӣ, мансубият ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, маҳалли истиқомат ва диг. ҳолатҳо ��ар назди қонун баробар будани шахсон баробарҳуқуқӣ аст. Хусусият ва дараҷаи демократияи воқеиро дар сохтори ҷамъиятию давлатӣ баробарҳуқуқӣ инъикос мекунад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Принсипи баробарҳуқуқӣ аввалин маротиба дар Инқилоби Фаронса охири садаи XVIII («Озодӣ, баробарӣ ва бародарӣ») пешниҳод гардида, дар конститутсияҳо, эъломияҳои ҳуқуқи инсони аксар кишварҳои ҷаҳон, эъломияю паёмҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ва дигар санадҳои байналмилалӣ тақсим гардидааст.
Баробарҳуқуқӣ дар Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Баробарҳуқуқӣ яке аз принсипҳои конститутсионии вазъи инсон ва шаҳрванд дар ҶТ буда, махсус дар моддаи 17 Сарқонуни (Конститутсияи) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки тибқи он: «Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд».
Баробарҳуқуқӣ дар асоси Сарқонуни (Конститутсияи) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чандин самт: баробарҳуқуқии инсон бо инсон, баробарҳуқуқии зан ва мард, баробарҳуқуқии миллӣ, баробарҳуқуқии диндорон, баробарҳуқуқӣ дар интихобот (интихоб кардан, интихоб шудан), баробарҳуқуқӣ дар хидмати давлатӣ ва ғ. ҷудо мешавад. Тибқи моддаҳои 1 ва 2 Эъломияи ҳуқуқи башар «Тамоми одамон озод ва аз лиҳози шарафу номус бо ҳам баробар ба дунё меоянд» ва «ҳap як инсон бояд бидуни тафовуте, махсусан аз лиҳози нажод, ранги пӯст, ҷинсият, забон, дин, ақидаи сиёсӣ ё ақидаи дигар, асли миллӣ ё иҷтимоӣ, вазъи молӣ, хонаводагӣ ё вазъи дигар тамоми ҳуқуқ ва тамоми озодиҳоро, ки дар ҳамин Эъломия зикр шудаанд, дошта бошад». Тибқи моддаи 7 Эъломияи ҳуқуқи башар «Ҳамаи одамон дар назди қонун баробаранд ва бидуни ҳеч як тафовут ба ҳимояи баробари ҳуқуқӣ ҳақ доранд. Ҳамаи одамон дар муқобили ҳар гуна табъиде, ки хилофи ҳамин Эъломия мебошад ва таҳдиди табъид аз ҳар ҷонибе, ки бошад, ба ҳимояи баробар ҳақ доранд» ва ғ. Баробарии ҳама дар назди қонун ва суд яке аз асосҳои муайянкунандаи мавқеи шахс дар низоми ҳуқуқӣ мебошад. Ин падидаи ҳуқуқиро санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки ҶТ онҳоро эътироф кардааст, пешбинӣ кардаанд. Таъмини ин ниҳоди ҳуқуқӣ баёнгари он аст, ки ҳангоми вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд онҳо аз ҷониби ҳокимияти судӣ ҳифз гардида, ҳуқуқҳои вайронгардида барқарор карда мешаванд. Чунин амал аз ҷониби суд бо роҳи баррасӣ кардани парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оид ба баҳсҳои иқтисодӣ, маъмурӣ ва конститутсионӣ амалӣ карда мешаванд. Ҳамзамон бо ин, тартиби бевосита амалӣ гардондани ин талаботи Конститутсия дар кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, мурофиавии гражданӣ, дар бораи мурофиаи суди иқтисодӣ, дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва диг. қонунҳо пешбинӣ шудааст. Мас., тибқи талаботи моддаи 7 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ дар асоси баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, инчунин ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, шакли моликият, мaҳалли ҷойгиршавӣ, тобеият ва диг. ҳолатҳо амалӣ карда мешавад. Илова бар ин, қонунгузории ҶТ барои вайрон кардани ҳуқуқу озодиҳо вобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҷазои ҷиноятӣ муқаррар кардааст. Мас., моддаи 143 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қасдан бевосита ё бавосита вайрон намудан ё мaҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳо, ё ин ки бевосита муқаррар намудани бартарии шаҳрвандон вобаста ба ҷинс, нажод, миллат, забон, баромади иҷтимоӣ, мавқеи шахсӣ, амволӣ ё мансабӣ, мaҳалли истиқомат, муносибат ба дин, ақида, марбут будан ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд зарар расонидааст, ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар кардааст.
Баробарҳуқуқии зан ва мард
[вироиш | вироиши манбаъ]Мардон ва занон баробарҳуқуқанд. Оид ба масъалаи баррасишаванда барномаҳои давлатӣ низ қабул гардидаанд, ки онҳо барои дар амал татбиқ шудани баробарии занон ва мардон мусоидат мекунанд. Илова бар ин, барои таъмини воқеии баробарҳуқуқии занон Фармони Президенти ҶТ аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» қабул гардид, ки он санади нодири ҳуқуқӣ мебошад. Давлат барои таъмини баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғ. тадбирҳои мушаххас меандешад. Барои ҳалли ин масъалаҳо Қонуни ҶТ «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» қабул гардидааст, ки тибқи он давлат иштироки баробари занонро дар идоракунии давлат кафолат медиҳад. Давлат иштироки баробари мардону занонро дар рукнҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судии ҳокимияти давлатӣ бо тарзу воситаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва ғ. таъмин менамояд.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сарқонуни (Конститутсияи) Ҷумҳурии Тоҷикистон. 1994;
- Эъломияи ҳуқуқи башар аз 10 дек. соли 1948
- Эъломияи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аз соли 1966;
- Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998
- Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 янв. с. 2008;
- Қонуни ҶТ «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти с. 2005; Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ, Д., 2009;
- Энциклопедический словарь конституционного права;
- Юридический словарь. М., 2000.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баробарҳуқуқӣ / Ғ. Мустафоқулов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.