Баркас
Зоҳир
Барка́с, барка́з (итол. barcaccia — заврақи калон, ҳол. barkas)
- киштии худгарди андозааш начандон калон, ки барои боркашонӣ ва мусофиркшонӣ дар бандар ва лангаргоҳҳо таъйин шудааст
- заврақи баҳргарди калони 14-22 белдор, ки дарозиаш 12,2 м, бараш то 3,66 м, ғунҷоиши обаш 4-5 т буда, ду бодбон дорад.
Дар замони истифодаи киштиҳои бодбондор барои кашонидани об ё хӯрокворӣ ба кор бурда мешуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баркас // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.