Аксели Галлен-Каллела
финӣ: Akseli Gallen-Kallela | |
Таърихи таваллуд | 26 апрел 1865[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 7 март 1931[1][2][5][…] (65 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Мамлакат: | |
Жанр | такчеҳра |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Аксели Валдемар Галле́н-Ка́ллела (финӣ: Akseli Gallen-Kallela; 26 апрели 1865, Пури, Дӯкнишини бузурги Финлонд — 7 марти 1931, Стокҳолм, Суэд) — мусаввир ва графики фин, роҳбари равияи миллию романтикӣ дар ҳунари нави фин.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Академияи Р. Жюлени Порис (1889). Таъсири Ж. Бастен-Лепажро таҷриба кард. Аз сабки романтикию деҳқонии охир («Писарбача ва 307», 1884) ба наққошии ҳамосӣ дар мавзӯи «Колевалҳо» («Дифои Сампо», 1896; «Модари Лемминкяйнен», 1897 ва ғайра) рӯ овард. Ҳамчун манзараофару чеҳранигор низ фаъолият кард. («А. М. Горкий», 1906). Бо талоши шакл додани сабки томи миллӣ фаъолона ба тарроҳии тазӣинӣ (ангораҳои гулдӯзӣ, ҳаккокии филиз, кандакорӣ ва доғзании чӯб, мебелҳо, қолинҳои дастбофи суннатӣ, маркаҳои почта ва пулҳои коғазӣ) пардохт. Ду хона-студияи шахсияшро тарроҳӣ кард: дар Руовеси (1894) ва «қаср»-и Леппявара дар наздикии Ҳелсинки (1913; дар ин ҷо ҳоло осорхонаи ӯ боз шудааст). Китоби «Хотирот ва мулоҳизаҳо пиромуни ҳунар»-ро (1923) нашр кардааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 Akseli Valdemar Gallen-Kallela (нидерл.)
- ↑ Internet Speculative Fiction Database (ингл.) — 1995.
- ↑ (unspecified title) (фин.)
- ↑ Akseli Valdemar Gallen-Kallela (ингл.) — OUP, 2006. — ISBN 978-0-19-977378-7
- ↑ KulturNav (ингл.) — 2016.
- ↑ https://www.moma.org/artists/2059 (ингл.)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Левинсон А. Я. А. Галлен. СПб., 1908;
- Безрукова М. И. Искусство Финляндии. М., 1988;
- Новая российская энциклопедия. Т. 4 (1). М., 2008.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Галлен-Каллела // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.