Jump to content

Абдулғанӣ Мирзоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдулғанӣ Мирзоев
Абдулғанӣ Муҳаммадович Мирзоев
Таърихи таваллуд 1908(1908)
Зодгоҳ Ӯзбекистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 1976(1976)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар Шаблон:Парчамбаандӣ
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Академияи илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Ленинград
Ҷоизаҳо
Ордени «Нишони Фахрӣ» Ордени «Нишони Фахрӣ» Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
Медали ҷашнии «Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди Владимир Илич Ленин»
Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1952)
Арбоби шоистаи илми ҶШС Ӯзбекистон (1976)
Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1972)

Абдулғанӣ Мирзоев (Абдулғанӣ Муҳаммадович Мирзоев; 1908, Ӯзбекистон1976, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — адабиётшинос ва шарқшиноси маъруфи тоҷик, доктори илми филологӣ (1957), профессор (1960). Академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1957). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1948). Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1952). Арбоби шоистаи илми ҶШС Ӯзбекистон (1976). Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1972).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдулғанӣ Мирзоев соли 1939 факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинградро (ҳоло Санкт-Петербург) хатм кардааст, ихтисос — «адабиётшиносӣ».

  • 1942—1944 — референти Сафоратхонаи СССР дар Эрон,
  • 1945—1947 — мудири бахши адабиёт, Институти таърих, забон ва адабиёти Пойгоҳи Тоҷикистонии АИ ИҶШС,
  • 1947—1951 — директори Институти таърих, забон ва адабиёти Пойгоҳи Тоҷикистонии АИ ИҶШС,
  • 1951 — узви вобастаи АИ ҶШС Тоҷикистон,
  • 1957 — узви пайвастаи АИ ҶШС Тоҷикистон,
  • 1951—1958 — мудири бахши адабиёти классикии Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон,
  • 1958—1970 — мудири Шуъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон,
  • 1970—1976 — директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мақолаву очеркҳояш бо тахаллусҳои «Гулханӣ», «Шаҳидӣ» ва «Абдулғанӣ» дар рӯзноҳои «Овози тоҷик», «Бедории тоҷик», «Тоҷикистони сурх» ва маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» ба табъ расидаанд. Аввалин асари илмии ӯ «Дар атрофи палеонтологияи забон» (1936) буда, пас аз он доир ба масъалаҳои забон, адабиёт ва фолклор як қатор мақола ва китобҳояш чоп шудаанд. Вай дар китоби «Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик» (1947) на фақат як симои барҷастаи адабиёти тоҷикро кашф кард, балки дар тақвияти равияҳои пешқадами адабии давраи шоир мавқеи асосӣ доштани эҷодиёти адибони доираи ҳунармандонро низ муайян намуд. Ӯ зимни тадқиқи хусусиятҳои адабиёти садаи XVII собит кард, ки ин давра ҳамчун давраи инкишофи минбаъдаи адабиёти пешина дар таърихи маданияти халқи тоҷик мавқеи хос дорад. Қисми зиёди тадқиқоташ ба адабиёти баъд аз садаи XV бахшида шудааст, ки кам омӯхта шуда буд. Ӯ доир ба сарчашмаҳои адабӣ, оид ба зиндагӣ ва фаъолияти адибони ҷудогона як миқдор мақолаю рисолаҳо дорад. Танҳо доир ба ҳаёти Малеҳои Самарқандӣ ва тазкираи ӯ «Музаккиру-л-асҳоб» чор мақола: «Муҳимтарин сарчашма доир ба таърихи адабиёти асри XVII», «Тазкираи Малеҳо ва як қатор масъалаҳои таърихӣ», «Малеҳо ҳамчун сухансанҷи адабиёти асри XVII», «Бори дигар дар бораи тазкираи Малеҳо» (м. «Шарқи Сурх», 1940–1961) таълиф намуда, дар Конгресси байналхалқии шарқшиносон (Москва, 1960) низ дар ҳамин мавзӯъ суханронӣ кардааст. Доир ба ҳаёт ва фаъолияти Мулҳами Бухороӣ (1948), Бадриддини Ҳилолӣ (1948), Сайфии Бухороӣ (1955) ва Камолиддини Биноӣ (1954–1955) як силсила мақолаҳо дорад. Соли 1957 тадқиқоти пурарзиши ӯ - «Биноӣ» дар шакли китоби алоҳида нашр шуд. Ба муносибати ҷашни ҳазорсолагии Абуалӣ ибни Сино ва ҳазору садсолагии Рудакӣ мақолаву рисолаҳо нашр кард: «Ҳикоятҳо оид ба Иб- ни Сино ва шахсияти ӯ» (1953), «Рӯдакӣ ва инкишофи ғазал дар асрҳои Х-ХV» (1957 бо ҳуруфоти арабӣ; тарҷумаи русӣ 1958), «Абу Абдулло Рӯдакӣ» (1958; тарҷумаи русӣ 1965). Чанде аз асарҳои тадқиқотиаш ба эҷодиёти Аҳ��ади Дониш ва таҳлили асарҳои ҷудогонаи ӯ бахшида шудаанд: «Аҳмади Дониш ва воқеаҳои қатли омми қипчоқҳо дар нимаи асри XIX», «Аҳмади Дониш ва гузориши масъалаи истифода бурда шудани оби дарёи Аму» ва ғ. Дар ин мақолаҳо муносибати ҷараёни маорифпарварӣ ба тамоюли халқии адабиёти гузаштаи форсу-тоҷик пайваста тадқиқ шудааст. Яке аз соҳаҳои фаъолияти илмии ӯ омӯзиши равобити адабии халқи тоҷик бо халқҳои дигари ИҶШС ва Шарқи хориҷӣ буд: «Аз таърихи равобити адабии Мовароуннаҳр ва Ҳиндустон дар нимаи дуюми асри XVI ва аввали асри XVII» (1963), «Алишер Навоӣ ва Хоҷа Ҳофиз» (1966), «Робитаҳои адабӣ ва таърихи адабиёт» (1968), «Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ» (1968) ва ғ.

Аз донишмандони пурвуқуфи илми адабиётшиносӣ ва таърихи адабиёти форс-тоҷик маҳсуб меёбад, ки ҳамеша пайи тозакорию навҷӯӣ буд. Дар густариши ин илм саҳми беҳамто гузоштааст. Завқи худодод ва мутолиаи фаровон имконаш доданд, ки осори пурбаҳо ба мерос гузорад. Аз нигоҳи ҳаҷм ин осор чандон зиёд нест, лекин бо усули навоваронаи таҳқиқӣ, тарзи масъалагузорӣ, фаровонии мадраку санадҳо, далелнокӣ, ҳадафгирӣ ва академизм дар адабиётшиносии муосири тоҷик собиқа надорад. Вусъати тафаккур, фардияту қудрати илмӣ, нуктасанҷӣ ва маҳорати олимӣ дар ҳар сатри навиштааш ҳувайдост. Дар чандин конгресси байналмилалии шарқшиносӣ, симпозиумҳои ҷаҳонии эроншиносӣ ширкат варзида, маърӯзаҳои пурмӯҳтаво кардааст. Осораш ба бисёр забонҳои дунё тарҷумаю нашр шудааст. Хидматаш дар ташаккули илми тоҷик тарбияи мутахассисони ҷавон калон аст.[1]

  • Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик". — Сталинобод, 1947;
  • Мулҳами Бухорӣ. — Сталинобод, 1948;
  • Очеркҳо оид ба таърих, фалсафа ва афкори ҷамъиятӣ-сиёсии СССР. — Сталинобод, 1956;
  • Рӯдакӣ ва инкишофи ғазал дар асрҳои X—XV. — Сталинобод, 1957;
  • Таърихи фалсафа. — Сталинобод, 1957;
  • Абуабдулло Рӯдакӣ. — Сталинобод, 1958;
  • Рудаки и развитие газели в X—XІ вв. — Сталинабад, 1958;
  • Ҳикояҳо оид ба Ибни Сино ва шахсияти ӯ. — Д., 1968;
  • Фонӣ ва Ҳофиз. — Д., 1968;
  • Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ. — Д,, 1968.[1]
  • Афсаҳзод А. Академик Абдулғанӣ Мирзоев. — Д., 1983;
  • Абдулгани Мухаммадович Мирзоев. Биобиблиография. — Д., 1988;
  • Ёдномаи академик Абдулғанӣ Мирзоев. — Д., 2008.
  • Бо ду ордени «Нишони фахрӣ»,
  • ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
  • медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин»,
  • Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1952),
  • Арбоби шоистаи илми ҶШС Ӯзбекистон (1976),
  • Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон.[2]
  • Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1972).[3][4]
  1. 1.0 1.1 Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2017. — С. 337.
  2. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с
  3. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216с.
  4. Аъзои пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ.. 20 Декабри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 сентябри 2017.