Новёр якум
| ||||
Кӯтаҳнивишт | форсӣ: ناویار یکم | |||
Кишвар | Русия | |||
Дараҷаи болотар | Сарновёр | |||
Дараҷаи пойинтар | Новёр дувум | |||
Ҳамто |
Новёр якум (форсӣ: ناویار یکم) — дараҷае размоварӣ дар нерӯи дарёӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз новёр дувум ва пойинтар аз сарновёр дорад ва баробар бо размдор дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ аст[1].
Дараҷаи пойинтар: Новёр дувум |
Новёр якум |
Дараҷаи болотар: Сарновёр |
Вожашиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]«Новёр» (форсӣ: ناویار) аз ду вожа сохта шудаву мақулаи дастурии он исм ва сохтвожаи он ба сурати (исм (нов) + таквож (ёр)) аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркибу иштиқоқ истифода шудааст.
нов (форсӣ: ناو < порсии миёна: nāv- < порсии бостон: nāvam- ‘киштӣ’ + ёр.
Дар забони форсии имрӯз таквожи «ёр», сарфи назар аз ин ки пасванд шумурда шавад ё вожае мустақил, ба исми ҳирфа ё исми масдар мепайвандад ва исми ҳирфае месозад, ки дар як сохтори силсиламаротибӣ зери дасти як мақоми болотар анҷоми вазифа мекунад[2]. Пасванди «-ёр» дар вожаҳое чун «сарҳангёр», «додёр» (муовини додситон; додситонёр), «донишёр», «устодёр» ҳамин маъноро мерасонад[3].
Рутбабандӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Новёр ҳамчун дараҷаи размоварӣ соли 1991 дар нерӯи дарёии Сипоҳи посдорон ҷорӣ шуда ва се рутба дорад[4]:
Пешина
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳамтои дараҷаи «новёри якум» дар Нерӯи дарёии Иттиҳоди Шуравӣ «старшинаи дараҷаи якум» (русӣ: старшина первой статьи) буд, ки соли 1940 ҷорӣ шуда буд[5]. Ҳамтои ин дараҷа дар Нерӯи дарёии Артиши Эрон «меҳновӣ» аст, ки соли 1935 ҷорӣ шуда ва се рутба дорад[6]:
- меҳновии якум
- меҳновии дувум
- меҳновии севум
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Рубинчик Ю.А. Персидско-русский словарь. - М.: Русский язык, 1970. — 1613 с.
- ↑ Таботабоӣ, Алоъуддин. Фарҳанги тавсифии дастури забони форсӣ. – Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1395. – 640 с. ISBN 978-600-105-121-0. – с. 115 – 116
- ↑ Фарҳангномаи форсӣ: вожагон ва аълом. Ғуломҳусайн Садрии Афшор, Насрин Ҳакамӣ, Настаран Ҳакамӣ. Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1388. – 3 ҷилд. ISBN: ҷ. 1: 978-964-8637-92-2; ҷ. 2: 978-964-8637-89-2; ҷ. 3: 978-964-8637-91-5
- ↑ Қонуни муқаррароти истихдомии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ. 14 Декабри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 августи 2013.
- ↑ РУТБАИ ҲАРБӢ // Энсиклопедияи тоҷикӣ
- ↑ Алиев Г. Г. канд. филол. наук. Персидско-русский и русско-персидский военный словарь / Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. — М.: Воениздат, 1972. — С. 279; 606; 653. — 655 с. — 3 500 экз.