Шодон Ҳаниф
Шодӣ Ҳанифов | |
Таърихи таваллуд: | 10 март 1934 |
Зодгоҳ: | ноҳияи Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон |
Таърихи даргузашт: | 5 май 2007 (73 сол) |
Маҳалли даргузашт: | Душанбе |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | |
Жанр: | ҳикоя, қисса, очерк, роман, повест |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Ҷоизаҳо: |
Шодон Ҳаниф (Шодӣ Ҳанифов; 10 март 1934, Вилояти Самарқанд — 5 май 2007, Душанбе) — нависанда, дромнавис, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз с.1975). Дорандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ (1987). Нависандаи халқии Тоҷикистон (2004).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Шодон Ҳаниф 10 марти соли 1934 дар деҳаи Оҳалики ноҳияи Самарқанд ба дунё омадааст. Шуъбаи тарҷумонии факултети таъриху филогияи УДТ ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1959). Ходими адабии рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло — «Ҷумҳурият», 1959—1961), муҳаррир, мудири шуъбаи нашриёти «Ирфон» (1962—1967), сармуҳарири идораи барномасозии Вазорати маданияти Тоҷикистон (1967—1971), мудири шуъбаи моҳномаи «Садои Шарқ» (1971—1980), тарҷумон ва мушовири ниҳодҳои ҳизбӣ дар Афғонистон (1980—1985), директори шуъбаи Тоҷикистонии Фонди адабии СССР (1986—1991). Ӯ 5 майи соли 2007 дар Душанбе вафот кардааст.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи маҷмӯаи ҳикояҳои
- «Майна» (1970),
- «Алмос» (1991),
маҷмӯаи очеркҳои
- «Дидор» (1974),
- «Кӯҳ ба кӯҳ мерасад» (1976),
повесту романҳои
- «Оҳугузар» (1975),
- «Бедорӣ» (1980),
- «Ҷон ба гарав» (1982),
- «Шикояти офат» (1986),
- «Хунбаҳо» (1990),
- «Дил ба ёдгор» (1991),
- «Уқоби захмин» (1993),
- «Дар суроғи модар» (2001),
- «Дар паноҳи Ҳиндукуш» (қ.1. 2004),
- «Аз ҳаёт ва фаъолияти Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон» (2003),
- «Миротворец» (дар бораи Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон, бо ҳамқаламии С. Мирзошо. — Душанбе, «Адиб», 2004),
асарҳои драмавии
- «Домоди шаҳрӣ» (1976),
- моҷарои «Обфурӯш» (1984).[1]
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ордени «Нишони Фахрӣ»,
- Ордени Шараф,
- медали Иттифоқи журналистони Россия,
- ва Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мукофотонида шудааст.
Бахшида ба 70-солагии зодрӯзаш шоир Алӣ Бобоҷон ин байтро дар ҳаққаш гуфтааст:
|
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013, — С. 145—184 с. — ISBN 978-99947-958-2-6
- Зодагони 10 март
- Зодагони соли 1934
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Самарқанд
- Даргузаштагони 5 май
- Даргузаштагони соли 2007
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Нависандагон аз рӯи алифбо
- Нависандагони Тоҷикистон
- Тарҷумонҳо аз рӯи алифбо
- Дорандагони ордени Шараф
- Адибон аз рӯи алифбо
- Зодагони вилояти Самарқанд
- Нависандагони тоҷик аз рӯи алифбо
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
- Нависандагони халқии Тоҷикистон