Шарофат Рашидова
Таърихи таваллуд | 2 декабр 1948 (76 сол) |
---|---|
Кишвар | |
Пеша | раққоса |
Ҳамсар | Ҳабибулло Абдураззоқов |
Шарофат Рашидова (тав. 2 декабри 1948, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — раққосаи тоҷик, бунёнгузори театри рақсии «Падида». Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1973), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2005), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ (1974).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1963 баъди пирӯзӣ дар азназаргузаронии ҷумҳуриявии ҳаваскорони санъат ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон даъват шуд ва ҳунари раққосиашро сайқал дод. Солҳои 1965—1991 раққосаи ансамбли давлатии «Лола», 1993—2001 роҳбари бадеии дастаи рақсии Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ буд. Аз соли 2002 муассис ва роҳбарии Театри таҷрибавии ғайридавлатии бачагонаи «Падида» ба уҳда дорад. Симои зоҳирии саҳназеб, заҳматписандӣ, омӯзиш аз устодон имконият доданд, ки ба дараҷаи раққосаи мумтоз расад. Ғайр аз рақсҳои миллӣ — «Гулузорам», «Помирӣ», «Муноҷот», «Парвона», «Роҳат», «Ҷигарпора», «Боғоро», «Ларзон» ва амсоли инҳо арғушти дигар халқҳо — лазгӣ, арабӣ, ҳиндӣ, русӣ, узбекӣ, туркманӣ ва ғайраро бо маҳорати баланд иҷро кардааст Саҳмаш дар тарбияи раққосони ҷавон хеле калон мебошад. Ба бисёр кишварҳои хориҷӣ сафарҳои ҳунарӣ анҷом додааст.
Хонавода
[вироиш | вироиши манбаъ]Шарофат Рашидова соли 1948 таваллуд шудааст. Ӯ ҳамсари Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов, модари суратгири маъруф Ниссор Абдурразоқов мебошад[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Зодрӯзи Шарофат Рашидова – асосгузори театри рақси тоҷик(тоҷ.). Pressa.tj (2 Декабри 2019). 19 Январ 2021 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.