Парчами Тоҷикистон
Таърихи таъсис | 24 ноябр 1992 |
---|---|
Қонунӣ барои | Тоҷикистон |
Жанр | horizontal triband[d] |
Падидоваранда | Зуҳур Ҳабибуллоев ва Анатолий Заневский[d] |
Тарафҳои тасвир | 2:1[d] |
Ранг | сурх, сафед, сабз ва тилоӣ |
Тавсифҳо | field[d], тоҷ ва ситораи панҷгӯша[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (форсӣ: پرچم جمهوری تاجیکستان) — рамзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 254 аз 12 май 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад.
Шаклу андоза
[вироиш | вироиши манбаъ]Бар асоси Низомнома Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори № 892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон[1] тасдиқ шудааст:
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матоъи росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.
Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлуи амудиаш 0,8 ва паҳлуи уфуқиаш 1,0 аз паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд.
Тоҷи баландиаш 0,55 аз паҳнои рахи сафед, ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2 аз бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0,2 аз рахи сафед васл мегарданд.
Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.[2]
Маънии рангҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Рангҳои миллии тоҷикон чун дигар мардуми ориёнажод ва эронитабор сурху сафеду сабз ҳастанд, ки аз гаҳи бостон то кунун замон расидаанд.
Дар ҷомеаҳои ориёӣ (ҳиндуэронӣ) табақаҳои сегонаи аслӣ бо ранги вижаи худ таъбир ва шинохта мешудаанд. Дар забони ҳиндии бостон varna- (аз решаи var- «пӯшидан») ҳам ба маънои ранг ва ҳам ба маънои табақаи иҷтимоӣ будааст. Дар забони эронии бостон низ pištra- ҳам мафҳуми ранг дошта ва ҳам маънии табақаи иҷтимоӣ. Вожаи пеша ба маънои шуғл дар забони форсӣ-тоҷикӣ аз ҳамин вожа аст.
Дар он рӯзгор ранги сафед вижаи рӯҳониён, сурх вижаи размиён ва кабуд вижаи мардум (кишоварзон ва чорводорон) будааст. Ду ранг аз он се ранг ҳануз ҳам дар дирафши Эрон ҳастанд: сурху сафед. Аммо ранги севум ба ҷои кабуд сабз гаштааст ва иттифоқан ба кори кишоварзон наздиктар аст.[3]
Дар Эрон пеш аз густариши Ислом табақаҳои суннатии ҷомеа бино бар суннат ҷомаҳое мепӯшиданд ки аз назари ранг бо якдигар мутафовит ва муаррифи шахсияти табақотии соҳиби ҷома буданд. Рӯҳониён, ки онҳоро осрунон (авестоӣ: āθravan-, aθaurvan- [āsrōnān]) мехонданд, ҷомаи сафед мепӯшиданд ва мазҳари осмонии онҳо Ҳурмузд буд. Рӯҳониёни зардуштӣ ҳануз ҳам ҷомаи сафед бар тан доранд.
Ҷанговарон ё артишторон (авестоӣ: raθaē-štar-) ҷомае мепӯшиданд, ки сурх ва арғувонӣ дар таркиби он саҳми бисёр дошт ва мазҳарии осмонии онҳо Вой буд.
Востриюшон (авестоӣ: vāstrya.fšuyant-) ки дар давраи Сосониён бештар деҳқонони содаи рустоҳоро бад-он ном мехонданд, ҷомаи нилӣ ё кабуд мепӯшиданд ва мазҳари осмонии онҳо Сипеҳр буд. Ҷомаи нилиранги деҳқонон то чанд даҳа пеш дар Эрон ҳануз ривоҷ дошт.[4]
Дар адабиёти паҳлавӣ Ҳурмузд (авестоӣ: ahura.mazdā-; порсии миёна: ohrmazd) ҷомаи сафеди рӯҳониён, Вой (авестоӣ: vayu- / vayaw-; паҳлавӣ: порсии миёна: way — ба маънии фазо, — эзиди ҷанг) ҷомаи арғувонии артишторон ва Сипеҳр (авестоӣ: θwāša-; порсии миёна: spihr) ҷомаи нилии кишоварзонро бар тан доранд ва ҳар як муаррифи минуи яке аз табақаҳои сегонаи ҷомеа ҳастанд.[5]
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи парчам аз 23 ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» донист ва гуфт:
«Ранги сурх — рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед — нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз — нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».[6]
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]«Парчам» вожае суғдӣ («*parčam») аст ба маънии «зулфу кокул» ва ҳамчунин «пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи ғажговро мегуфтанд ки бар сари дирафш ё найза мебастанд».[7] Ин вожа аз забони суғдӣ ба забони туркӣ ва аз он ба забони форсӣ роҳ ёфта ва бо гузашти замон, бар ҳукми итлоқи ҷузъ бар кулл, бар худи дирафш низ гуфта шуд.[8]
«Дирафш» дар порсии миёна «drafš» гуфта мешуд ва бозмонда аз эронии бостони «*drafša-» аст ва баробари он дар ҳиндии бостон вожаи «drapsá-»[9] буд. Аз ин вожаи эронии бостони «*drafša-» дар забонҳои авестоӣ «drafšā-», суғдӣ «’rδ’šp» [arδašf / ərδəšf][10] ва бохтарии «λraφo»[11] падид омадаанд.
Куҳантарин ишора дар бораи корбурди дирафш дар ҷомеаи ориёиҳо дар «Авесто» омадааст. Чунончӣ, дар нахустин фаргарди «Видевдод» аз шаҳри Балх, ки пойтахти Кави Виштосп — пуштибони Зартушт буд, чунин ёд шудааст: «Baxδim sriram ərəδβō.drafša-»[12], яъне «Балхи зебо бо дирафшҳои барафрошта». Ҳамчунин дар «Авесто» чанд бор ҳам аз «дирафши говпайкар» — «gaoš drafša-»[13] ва «дирафшҳои душманони ариёҳо»[14] ёд шудааст.
Бархе аз пажӯҳишгарон бар ин боваранд, ки дирафшҳои ёдшуда дар «Авесто» монанд ба «Дирафши Ковиёнӣ» будаанд, ки басе дертар падид омадааст.[15]
Дирафши Ковиёнӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Куҳантарин намоди кишвардории тоҷикон парчаме бо номи «Дирафши Ковиёнӣ» будааст, ки онро «Ахтари Ковиёнӣ» низ хондаанд.
Парчамҳои Бухоро
[вироиш | вироиши манбаъ]Хонигарии Бухоро, дертар Аморати Бухоро, баъдан Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро.
-
Парчами Аморат то 1 сентябри соли 1920
-
аз 23 сентябри соли 1921 то 14 августи соли 1923
-
аз 11 октябри соли 1923 то 19 сентябри соли 1924
Парчамҳои Тоҷикистон дар солҳои 1929—1992
[вироиш | вироиши манбаъ]-
Нахустин парчами Тоҷикистон (аз 23.02.1929)
-
Парчами ҶМШС Тоҷикистон (1929–1931)
-
Парчами ҶШС Тоҷикистон (1931–1935)
-
Парчами ҶШС Тоҷикистон (1935–1940)
-
Парчами ҶШС Тоҷикистон (1940–1946)
-
Парчами ҶШС Тоҷикистон (1953–1991)
-
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991-1992)
Парчам дар солҳои 1924—1929
[вироиш | вироиши манбаъ]Тоҷикистон 14 октябри соли 1924 чун Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистӣ дар таркиби ҶШС Ӯзбекистон бунёд шуд ва 16 октябри соли 1929 ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ табдил ва ба таркиби ИҶШС дохил шуд. Ин парчам 23 феврали соли 1929 пазируфта шудааст.
Парчам дар солҳои 1931—1935
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо ҷумҳурии иттиҳодӣ шудани Тоҷикистон ва пазириши Қонуни Асосии нав, парчами он низ дигар шуд ва ин дарафшро 25 феврали соли 1931 сохтаанд.
Парчам дар солҳои 1935—1940
[вироиш | вироиши манбаъ]
4 июли соли 1935 парчам дигаргун шуд ва номи ҷумҳурӣ дар парчам ба забони русӣ навишта шуд.
Парчам дар солҳои 1940—1946
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1928 алифбои тоҷикиро аз порсӣ ба лотинӣ табдил доданд. Ин дигаргунӣ ба парчам низ таъсир кард. Дар он рӯзгор номи ҷумҳуриро дар парчам бо ҳарфҳои зарҳалии лотинӣ (RSS Tojikiston) ва русӣ (Таджикская ССР) менавиштанд ва дар болои он нишонаи зарини «досу болға»-ро менигоштанд.
Парчам дар солҳои 1946—1953
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1940 алифбо аз лотинӣ ба кирилии русӣ табдил дода шуд ва парчам низ дигаргун шуд. Ранги он сурх монд ва номи ҷумҳурӣ дар парчам бо ҳарфҳои зарҳалии кирилии тоҷикӣ (ҶШС Тоҷикистон) ва кирилии русӣ (Таджикская ССР) навишта шуд. Дар болои номи ҷумҳурӣ нишонаи зарини «досу болға» нигошта шуд.
Парчами ҶШС Тоҷикистон аз 20 марти 1953 то 9 сентябри 1991
[вироиш | вироиши манбаъ]Парчами Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон порчаи сурхе буд ба андозаи 1:2, ки ду рахи сафед ва сабз дошт. Рахи сафед ду баробар паҳнтар аз рахи сабз буд. Ранги сафед рамзи пахтакорӣ, бунёди санъатии кишвар ва ранги сабз намояндаи дигар маҳсулоти кишоварзӣ буд.
Парчами Тоҷикистон дар солҳои 1991—1992
[вироиш | вироиши манбаъ]То пазириши парчами кунунӣ, Тоҷикистон парчами пешинаи шӯравиашро, бо андак дигаргунӣ, бе ситораи панҷгӯша ва нишонаи коммунистии «досу болға» ба кор мебурд.
Рангҳои парчам ба андозаи зерин буданд: 1:2 сурх, 1:5 сафед, 1:10 сабз, 1:5 сурх.
Пайнавиштҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 26 октябри 2009 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 сентябри 2009.
- ↑ НИЗОМНОМА Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- ↑ Қурашӣ, Амонуллоҳ. Эронномак (Нигарише нав ба таърих ва номи Эрон). Теҳрон, чопхонаи «Маҳорат», баҳори 1373. 317 саҳ. — саҳ. 76, пайнавишти 2.
- ↑ Баҳор, Меҳрдод. Пажӯҳише дар асотири Эрон (пораи нахуст ва дуюм). Виростор: Катоюн Маздопур, чопи дувум пойизи 1376, Интишороти «Огоҳ», саҳ. 74, ёддошти 2. ISBN 964-416-045-2
- ↑ Баҳор, Меҳрдод. Пажӯҳише дар асотири Эрон (пораи нахуст ва дуюм). Виростор: Катоюн Маздопур, чопи дувум пойизи 1376, Интишороти «Огоҳ», саҳ. 158, ёддошти 10, пайнавишти 1. ISBN 964-416-045-2
- ↑ Паёми телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчам http://www.president.tj/habarho_231110.html(пайванди дастнорас)
- ↑ Фарҳанги форсии тоҷикӣ. Зери назари Муҳаммадҷон Шакурӣ ва дигарон. Баргардон аз хатти кирилӣ ва тасҳеҳот: Муҳсин Шуҷоъӣ. — Теҳрон: «Фарҳанги муосир», 1384 ҳ.ш. — саҳ. 377. ISBN 964-8637-24-5 (ҷ. 1)
- ↑ Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Муҳаммад Ҳасандӯст. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон, 2004. саҳ. 258. ISBN 964-7531-28-1 (ҷ. 1)
- ↑ Horn, Etymologie, no. 553; AirWb., col. 771
- ↑ Бадруззамон Қариб. Фарҳанги суғдӣ (суғдӣ-форсӣ-англисӣ). — Теҳрон: «Фарҳангон», 1995. — саҳ. 56, #1425. ISBN 964-5558-06-9
- ↑ Рудигер Шмитт. Роҳнамои забонҳои эронӣ, 1989. Тарҷума ба форсӣ зери назари Ҳасан Ризоӣ Боғбедӣ. — Теҳрон: «Қақнус», 1382 г. / 2004 г. — саҳ. 363. ISBN 964-311-403-1
- ↑ Видевдод, 1.7
- ↑ Ясно, 10.14
- ↑ Ясно, 57.25; Яшт 1.11, 4.3, 8.56
- ↑ Литвинский Б. А. (ред.), Ранов В. А. История таджикского народа. Т. 1 — Древнейшая и древняя история. АН РТ, Душанбе, 1998. стр. 227
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баҳор, Меҳрдод. Пажӯҳише дар а��отири Эрон (пораи нахуст ва дуюм). Виростор: Катоюн Маздопур, чопи дувум пойизи 1376, Интишороти «Огоҳ», ISBN 964-416-045-2
- Қурашӣ, Амонуллоҳ. Эронномак (Нигарише нав ба таърих ва номи Эрон). Теҳрон, чопхонаи «Маҳорат», баҳори 1373. 317 саҳ.