Меҳргон
Парвандаҳо дар Викианбор |
Меҳргон (форсӣ: مهرگان), ё ҷашни Меҳр (форсӣ: جشن مهر) — яке аз қадимитарин ҷашнҳо, ки дар байни қавмҳои эронӣ расм шудааст.
Решашиносии ном
[вироиш | вироиши манбаъ]Бунёд ва решаи вожаи «Меҳр» ба вожа муштараки ҳиндуэронӣ «Митра» (miθra) бармегардад. Ин вожа дар Авесто ба сурати miθra «эзади Митро» ба кор рафтааст ва 1400 сол то милод дар сангнавиштаҳо ҳак шудааст. Меҳр ё Митро дар забони форсӣ ба маънои «фурӯғ, рӯшноӣ, дӯстӣ, пайвастагӣ, пайванду муҳаббат» ва зидди дурӯғ, дурӯғгӯӣ, паймоншиканӣ ва номеҳрубонӣ кардан аст. Дар Авесто низ суруде мансуб ба Меҳр мавҷуд аст:
... Меҳр миёни ду бародар навад ва миёни падару писар сад дараҷа аст ва миёни пайравон даҳ ҳазор дараҷа аст.
Авесто, банди 116 Меҳряшт
Дар осори санскрит, хоссатан дар Ведаҳо, ки қадимтарин ҷузъи он «Ригведа» аст, иттилоъеро роҷеъ ба ин эзад вомехӯрем. Тибқи тақвими зардуштии авестоӣ Меҳргон рӯзи эътидоли тирамоҳӣ оғоз меёбад, ки он ба 16-уми Меҳрмоҳ (моҳи ҳафтуми солшумории шамсӣ), мутобиқ ба 22 октябри солшумории григорианӣ рост меояд. Тибқи гоҳшумории авестоӣ ҳар як моҳ аз сӣ рӯз иборат буд, ки номи ҳар ка доми он рӯзҳо ба яке аз эзадон номгузорӣ шудаанд. Ҳар гоҳ номи рӯз ва моҳ бо ҳам баробар меомад, он рӯзро ҷашн мегирифтанд. Чун номи шонздаҳуми ҳар як моҳ номзад буд ба «Меҳр», ба он пасванди «гон»ро изофа намуда, «Меҳргон» номида, ҷашни бузург созмон медоданд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷашни Меҳргон пас аз Наврӯз куҳантарин иде мебошад, ки аз қадимулайём ба муносибати бардошти ҳосили кишти деҳқонӣ ва поин пазируфтани корҳои кишоварзӣ таҷлил мегардад. Доир ба пайдоиши ҷашни Меҳргон ривоятҳои гуногун мавҷуданд. Бино ба маълумоти Берунӣ дар «Осору-л-боқия», Фаридун ба муносибати маҳв намудани Заҳҳок дар кӯҳи Дамованд базме ороста, ба ҷашни Меҳргон асос гузоштааст. Берунӣ ин рӯй доди таърихиро чунин шарҳу эзоҳ додааст:
«Меҳргон, рӯзи аввали он Ҳурмуздрӯз аст ва рӯзи шонздаҳуми Меҳр аст, ки иди бузургест ва ба Меҳргон маъруф аст, ки хазони дувум бошад ва ин ид монанди дигар аъёд барои умуми мардум аст. Ва тафсири он дӯстии ҷон аст. Ва гӯянд, ки Меҳр номи Офтоб аст ва чун дар ин рӯз Офтоб барои ақди олам пайдо шуд. Ин аст, ки ин рӯзро Меҳргон гӯянд ва далел бар ин гуфтор он аст, ки аз ойини Сосониён дар ин рӯз ин буд, ки тоҷеро, ки сурати Офтоб бар ӯ буд, ба сар мегузоштанд ва Офтоб бар чархи худ дар он тоҷ савор буд ва дар ин рӯз барои эрониён бозоре ба по мешуд».
Осору-л-боқия
Дар «Таърихи Табарӣ» низ ривояте аз ҷашни Меҳргон ва пайванди он бо пирӯзии Фаридун ва бар тахт нишастанаш омадааст[1]:
«Афридун зафар ёфт ва Заҳҳокро бигирифту бикушт ва ҳамон рӯзгор тоҷ бар сари Афридун ниҳода, ҷаҳон бар вай супурд ва он меҳррӯз буд аз меҳрмоҳ ва онро Меҳргон ном карданд ва Афредун ба мулк нишаст».
Таърихи Табарӣ
Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ низ ҷашни Меҳргонро ба рӯзи ба тахт нишастани Фаридун мансуб дониста, аз ойинҳои кеши ӯ будани Меҳргон таъкид шудааст[1]:
Чунон чун Фаридуни фаррухнажод,
Дар ин Меҳргон тоҷ бар сар ниҳод.
***
Бикард андар он кишвар оташкада,
Бад-ӯ тоза шуд Меҳргону Сада.
***
Парастидани Меҳргон дини ӯст,
Таносониву хӯрдан ойини ӯст.
Дар даврони куҳан маъмултарин ва ҷолибтарин русуми меҳргонӣ оростани хони меҳргонӣ будааст, ки хеле бошукӯҳ бо оростану перостани хон бо анвои меваҷот сурат мегирифтааст. Дар замонҳои қадим чунин одат будааст, ки дар ҷашни Меҳргон агар касе ба тани худ равғани бон молида, ба наздиконаш гулоб пошад, ҳамеша сиҳҳату саломат ва сарбаланд мегаштааст. Дар Меҳргони бузург шоҳ намояндагони вилоятҳо ва шаҳрҳои кишварашро қабул мекард. Онҳо барои шоҳ ва ғанӣ гардондани хазинаи давлат туҳфаҳо меоварданд. Баъзан дар лагани тилоӣ, болояшро бо матоъи гаронбаҳо пӯшида, ашёи рамзиро ба назди шоҳ мегузоштанд, ки онҳо пандомӯз буданд.
Ҳамин тариқ Меҳргон баробари рушди деҳқонӣ пайдо шудааст ва онро баъди ғунучини ҳосил ид мекардаанд. Деҳқонҳо ба пешвози Меҳргон ҳашар мекарданд, сарулибоси нав мепӯшиданд, сайру базмҳо анҷом медоданд, шоирон дар васфи Меҳргон шеърҳо менавиштанд. Ҳофизону мутрибон ба муносибати ин ҷашни бузург суруду оҳанг ҳои ҷашнӣ эҷод мекарданд, ки онҳо «Меҳргонӣ», «Меҳргони бузург», «Меҳргони хурдак» ва ғайра ном доштанд. Дар рӯзи Меҳргон шоҳи сосонӣ бомдодон ҷомаи махсусе, ки аз матоъи «Бурди яманӣ» ва зарбофти гаронбаҳо таҳия мегардид, дар бар мекард, тоҷи махсусро, ки нақши Хуршед дошт, ба сар мениҳод, дар толори бузург менишаст ва мардуми аз вилоятҳо ва ҷой ҳои дур омадаро мепазируфту ҳадяҳояшонро қабул мекард. Меҳргонро Ҳахоманишиён ва пеш аз онҳо таҷлил мекарданд. Ин идро дар давраи Сомониён бо шукӯҳу тантана ҷашн мегирифтаанд. Чунончи, Рӯдакӣ яке аз маликони сомониро бо фаро расидани Меҳргон табрик карда, гуфтааст:
Малико, ҷашни Меҳргон омад!
Ҷашни шоҳону хусравон омад!
Хаз ба ҷойи мулҳаму хиргоҳ
Ба дили боғу бӯстон омад.
Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон,
Май ба бахти ту навҷавон омад.
Масъуди Саъди Салмон дар рӯзҳои Меҳргон ҳамеша ба ҳам дигар меҳрубон буданро таъкид мекунад:
Рӯзи Меҳр аст, меҳрубонӣ кун,
К-аз ҳама чиз меҳрубонӣ беҳ.
То давраи ҳамлаи муғул (асри 13) Меҳргонро дар дарбори шоҳон бо тантана таҷлил мекарданд. Муғулҳо ҷашни Меҳргонро дар дарбори шоҳон манъ карда бошанд ҳам, ин ҷашн дар байни кишоварзон бо ин ё он ном таҷлил мешуд ва ин анъана то замони мо расидааст. Масалан, сокинони деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё баъди бардошти ҳосили деҳқонӣ, дар миёнаи моҳи октябр бо номи «Сайри мазор» ҷашне доранд. Дар ин рӯз гӯсфанд ё гов кушта, аҳли деҳа ҷашни бузурге меороянд, дасторхонашонро бо мева ҳои гуногун, тарбузу харбуза ва сабзаҷот пур карда, дар атрофи хони пурнозу неъмат таронасароӣ менамоянд, дафу танбӯру дутор навохта, рақсу бозӣ мекунанд ва ин шодиву сурур то бегоҳ идома меёбад. Аҳли деҳа баъди хӯр дани таоми махсус сурудхонон ба деҳа бармегарданд. Мардум ҷашни «Сайри мазор»-ро барои он баргузор менамоянд, ки кишти деҳқониашон фаровон гардад, рӯзгорашон осуда бошад. Чунин маросимҳое, ки бо қи мондаи ҷашни бостонии Меҳргон мебошанд, дар дигар маҳалҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ ҳам ба мушоҳида мерасанд.
Таҷлил
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Эрон
[вироиш | вироиши манбаъ]Меҳргонро зардуштиёни Эрон имрӯз ҳам бо тантана ҷашн мегиранд. Зардуштиёни Язд ва Кирмоншоҳ ҷашни Меҳргонро дар давоми шаш рӯз бо риояи анъанаҳои бостонӣ таҷлил мекунанд. Онҳо дар ин рӯз либоси нав мепӯшанд, шодиву хурсандӣ мекунанд, даруни мурғро бо маводди ғизоӣ пур карда мепазанд, дар рӯйи дасторхони меҳргонӣ оина, сурмадон, китоби Авесторо мегузоранд. Атрофи хони меҳргониро бо овшин (пудинаи кӯҳӣ) оро медиҳанд. Дар дасторхони меҳргонӣ шарбат, гулоб, ширинӣ, сабзаҷот, меваҷот: анор, себ, ангур ва гулҳои рангорангро мегузоранд. Гузоштани чанд адад сиккаи нуқра, санҷиду бодому писта ва зарфи оби хушбӯйи овшинро риоя менамоянд. Дар атрофи хон шамъҳоро фурӯзон ва дар зарфе испанд дуд мекунанд. Ҳангоми зуҳр аҳли хонавода, хурду бузург бо шодиву сурур дар сари дасторхон баробари қадди оина рост истода дуо мехонанд ва сипас ба нӯшидани шарбат сар мекунанд, зану мард ба чашмонашон сурма мекашанд ва овшини хушкро бо нуқлу санҷид ба сари ҳамдигар рехта, ҳамдигарро табрик мекунанд. Дар ин рӯз барои тозадомодон ва номзадҳояшон порча, ширинӣ мебаранд, ба тангдастону бечорагон ёрӣ мерасонанд. Агар дар ин рӯз тифле ба дунё ояд, номе бар ӯ мегузоранд, ки вожаи «Меҳр» дар он бошад. Масалан, Меҳрдод, Меҳрноз, Меҳрбону, Меҳрваш, Меҳр духт, Меҳрон, Меҳрубон, Меҳроб ва ғайра.
Дар Тоҷикистони Шӯравӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар даврони шӯравӣ ба ҷойи Меҳргон Иди ҳосилот пойдор гардид. Заҳматкашон ҳар сол баъди ҷамъоварии зироат Иди ҳосилот анҷом медоданд, ки он қисме аз унсурҳои ҷашни бостонии Меҳргонро фаро мегирифт. Рӯзҳои ҷашн дар шаҳру деҳот бозиҳои варзишӣ — бузкашӣ, куштигирӣ, камонварӣ ва ғайра барпо мегардиданд.
Дар Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Меҳргон дар баробари ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Тиргон аз ҷумлаи ойинҳои куҳантарини аҷдоди мо ба ҳисоб меравад… Аз ин хотир эҳтиром гузоштан ба суннату ойинҳои миллӣ, бахусус ҷашни Меҳргон арҷгузорӣ ба миллату давлат, сарзамини муқаддас ва таъриху фарҳанги куҳанбунёди халқи тамаддунсозамон мебошад.
Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ин ҷашни аҷдодӣ дубора эҳё гардид. Ҷашни Меҳргон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун ҷашни миллӣ ҳар сол дар Тоҷикистон баъди ҷамъоварии зироати кишоварзӣ бо тамоми шукӯҳу шаҳоматаш таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат дар ҷумҳурӣ Иди харбуза, Иди асал, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, барномаҳои махсуси консертӣ ва сайру гашти оммавии мардум ташкил карда мешаванд.
Меҳргон дар феҳристи ЮНЕСКО
[вироиш | вироиши манбаъ]4 декабри соли 2024 дар ҷаласаи 19-уми Кумитаи байнидавлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар шаҳри Асунсйони Парагвай номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷашни Меҳргон» расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд[2].
Нигористон
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷашни «Меҳргон» дар Душанбе, 19 октябри 2019
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Фарангис Шарифзода. «Малико, ҷашни Меҳргон омад!». Андешаҳо дар хусуси ҷашни Меҳргон. АМИТ "Ховар" (20 октябри 2024). 4 Декабри 2024 санҷида шуд.
- ↑ “Ҷашни Меҳргон” расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид. АМИТ "Ховар" (4 Декабри 2024). 4 Декабри 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Меҳргон / Р. Аҳмадов // А — М. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2015—2016, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-79-8.
- Аҳмадов Р. Наврӯзи оламафрӯз. Д., 1978.
- Д. Раҳимов, Ҷашни Меҳргон. Д, 2012.