Jump to content

Мероси тоҷикон дар Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик — бо мақсади татбиқи нишондодҳои «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №263 аз 31 майи соли 2012 ба тасвиб расидааст, таҳия гардидааст.

Соли 2003 Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ қабул гардида, то имрӯз кишварҳои зиёд, аз ҷумла Тоҷикистон (с. 2010) ба он шомил гашта, намунаҳои беҳтарини фарҳанги ғайримоддии худро дар феҳристҳои ЮНЕСКО - Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳангии ғайримоддии башарият сабт кардаанд. Ҳар як кишвар вазифадор аст, ки барои ҳифзи намунаҳои фарҳанги моддию ғайримоддӣ ва табиӣ сарзамини хеш тадбирҳои амалӣ андешад. Созмони ЮНЕСКО танҳо барои муаррифӣ ва ҳифзи онҳо мусоидат мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои мутамаддини ҷаҳон буда, дорои фарҳанги суннатии қадимтарини моддиву ғайримоддӣ мебошад. Барои ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии тоҷикон Хукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои оқилона ва саривақтӣ меандешад. Таҳияи ва чопи Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддӣ яке аз қадамҳои устувори ҳифз, таблиғ ва рушди намунаҳои фарҳанги миллӣ ба шумор меравад. Соли 2010 нусхаи аввалини "Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик" тартиб дода шуд. Яке аз шартҳои асосӣ дар самти таҳияи Феҳрист аз он иборат аст, ки бояд ҳар 4 сол як маротиба таҷдид шавад. Соли 2014 нусхаи аввали Феҳрист таҷдиду такмил шуд. Феҳристи такмилёфта фарогири чузъиёти намунаҳои фарҳанги ғайримоддӣ буда, дар бораи касбу ҳунарҳои анъанавӣ, тавсифи унсури фарҳангӣ, маҳаллӣ густариши унсури матлуб, вазъи кунунии он ва пахлӯҳои дигар маълумот медиҳад. Феҳристи мазкур, дар оянда, замина ва воситаи муҳими ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар ҳудуди кишвар ва дар шакли номинатсия пешниҳод кардани намунаҳои барҷастаи он ба феҳристҳои ЮНЕСКО, инчунин таблиғу густариши намунаҳои пураҳамияти фарҳангӣ барои таҳкими ҳуввияти миллӣ хоҳад буд.[1] Феҳрист аз бахшҳои зерин иборат аст:

  • Бахши 1. Анъанаи шифоҳӣ – А000.
  • Бахши 2. Ҳунарҳои иҷроӣ – B000.
  • Бахши 2. Ҷашну маросимҳо – C000.
  • Бахши 3. Расму одатҳо, таҷрибаҳои иҷтимоӣ – D000.
  • Бахши 4. Донишҳои суннатӣ дар бораи табиат ва кайҳон – E000.
  • Бахши 5. Касбу ҳунарҳо – F000.
  • Бахши 6. Хӯрокҳои миллӣ – G000.

Сабт дар феҳристи ЮНЕСКО

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 бахшҳои «Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавӣ ва фазои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон» ва «Наврӯз» барои сабт гардидан ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳангии ғайримоддии башарият пешниҳод гашта буд. Омода сохтани ҳуҷҷатҳои бахшҳои «Оши палав» ва «Наврӯз» аз ҷониби олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияву тарҷума ва ба дафтари мероси фарҳанги ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО фиристода шуданд. Маврид ба ёдоварист, ки аз соли 2010/2013 дар Пажӯҳишгоҳи мазкур гурӯҳи «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ» фаъолият мекунад. Аз ҷониби ин гурӯҳ «Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ» тартиб дода шуд, ки он 515 унсури фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷикро дар бар мегирад ва соли равон он бо забонҳои тоҷикӣ ва инглисӣ аз чоп баромадааст.[2]


  • 29 ноябри соли 2018 дар ҷаласаи солонаи Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, ки дар Маврикий баргузор гардид, номинатсияи «Санъати чакандӯзӣ дар Тоҷикистон» ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид шуд.[3]
  • Моҳи декабри соли 2021 Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии [[ЮНЕСКО|ЮНЕСКО], оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг ворид гардидани номинатсияи «Фалак» -и тоҷикиро ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид намуд.[4].
  • 4 декабри соли 2024 дар ҷаласаи 19-уми Кумитаи байнидавлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар шаҳри Асунсйони Парагвай номинатсияи якҷояи Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Ӯзбекистон “Санъати сохту навохтани рубоб” ва номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷашни Меҳргон» расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шудрасман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд[5].[6].

Ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии мардуми кишвар тадбирҳои оқилона ва саривақтӣ меандешад. Дар феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО сабт гаштани намунаҳои беҳтарини мероси фарҳанги ғайримоддии тоҷикон яке аз самтҳои дигари фаъолияти сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ме��ошад. Дар феҳристи мазкур то кунун се номинатсияи тоҷикон: «Шашмақом» (соли 2008, ҳамроҳ бо Ӯзбекистон), «Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавӣ ва фазои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон» (2016) ва «Наврӯз» (2016, ҳамроҳ бо Афғонистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ироқ, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Ҳиндустон) сабт шудаанд.

  1. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ./ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ. Сармуҳаррир Раҳимов Д. Мураттибон: Раҳимов Д., Қличева Н., Муҳаммадиев Ҳ., Муродов М., Обидпур Х. Қодиров Ф., Аминов А., Холмуродов З. - Душанбе:«Адиб», 2014, 96 саҳ.
  2. pitfi.tj. Оши палав ҳам ҷаҳонӣ шуд.(тоҷ.). www.pitfi.tj. pitfi.tj. 2 апрели 2020 санҷида шуд.
  3. ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. МУСОҲИБА ДАР МАВЗӮИ РӮЗ(тоҷ.). www.jumhuriyat.tj. 2 апрели 2020 санҷида шуд.
  4. www.asiaplustj.info. “Фалак”-и тоҷикӣ расман ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият дохил шуд(тоҷ.) (16 Декабри 2021). 26 Декабри 2021 санҷида шуд.
  5. “Ҷашни Меҳргон” расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид. АМИТ "Ховар" (4 Декабри 2024). 4 Декабри 2024 санҷида шуд.
  6. “Меҳргон” ва “Санъати сохту навохтани рубоб” ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд. asiaplustj (4 Декабри 2024). 5 Декабри 2024 санҷида шуд.