Вилояти Гомел
беларусӣ: Гомельская вобласць | |||||
|
|||||
Кишвар | Белорус | ||||
Маркази маъмурӣ | Гомел | ||||
Роҳбар | Genadz' Salavej[d] ва Ivan Krupko[d] | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Таърихи таъсис | 15 январ 1938 | ||||
Масоҳат |
|
||||
Баландӣ | 130 м[2] | ||||
Вақти минтақавӣ | UTC+03:00 | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | |||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Рамзи ISO 3166-2 | BY-HO | ||||
Коди мошинҳо | 3 | ||||
Вебгоҳи расмӣ | |||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Вилояти Гомел (беларусӣ: Гомельская вобласць) — яке аз вилоятҳои Белорус мебошад, ки дар ҷануби кишвар воқеъ аст. Маркази вилоят — шаҳри Гомел. Масоҳаташ 40,4 ҳазор км2. Аҳолиаш 1,4 млн нафар (2014).
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Бахшбандии кишварӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Вилояти Гомел 21 ноҳияи маъмурӣ, 17 шаҳр ва 17 шаҳрак дорад. Шаҳрҳои калонтаринаш: Гомел, Мозир, Речиса, Жлобин, Светлогорск. вилояти Гомел бо вилоятҳои Брест, Минск, Могилёви Белорус, Киев Чернигов, Житомир, Ровнени Украина ҳамсарҳад мебошад.
Иқлим
[вироиш | вироиши манбаъ]Сатҳи вилояти Гомел ҳамвор; дар ғарб пастии ботлоқзор ва шӯразамини Полесияи Припят (баландиаш 120—140 м), дар шарқ пастии назди Днепр (100—130 м) воқеъ гаштаанд. Иқлимаш континенталии муътадил, тобистони гарм ва зимистони сабук дорад. Ҳарорати миёнаи январ −5-6°С, июл +18-19°С. Миқдори бориши солона аз 550 то 650 мм. Дарёҳои калони киштигардаш — Днепр, Сож, Березина, Припят. Дар вилояти Гомел кӯлҳо бисёранд, калонтаринаш Червоное (масоҳаташ 43,6 км2). Хоки заминаш бештар хокистарию чимтолӣ ва торфию ботлоқист, ҳавзаи Припят регдор аст. Масоҳати умумии замини вилояти Гомел 4036,2 ҳазор га, аз ҷумла замини кишоварзӣ — 1450,3 ҳазор га-ро ташкил медиҳад. Ботлоқзори калон дорад (12,6 %). Масоҳати ҷангалзорҳо — 1472,9 ҳазор га. Аз дарахтони сӯзанбарг — санавбар ва аз паҳнбаргҳо — булут, момроз, тӯс, роздор мерӯянд. Бешазор ва буттазорҳо зиёданд (60 %). Аз ҳайвонот заргӯш, санҷоб, рӯбоҳ ва аз парандаҳо чувшӣ, кабки хокистарӣ ва чилмурғ вомехӯранд. Дар вилояти Гомел зиёда аз 1500 кони истихроҷи торф ва заводи коркарди он мавҷуд аст.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Вилояти Гомел вилояти саноаташ рушдёфта буда, дар ҳудуди он зиёда аз 300 муассисаи саноатӣ мавҷуданд: Аз ҷумла саноати энергетика, кимиё, филиззоти сиёҳ, мошинасозӣ, коркарди нафт, хӯрокворӣ, ҷангал, чӯбгарӣ ва саноати селлюлозаю коғаз ва картон дорад. Дар вилояти Гомел кулли нафту гази мамлакат истихроҷ, техникаи кишоварзӣ, шишаи тиреза, дастгоҳи филизбурӣ, сӯзишвориҳои худрав ва дизелӣ, картон, коғаз истеҳсол карда мешаванд. Дар ш.-ҳои Гомел, Мозир, Речиса иттиҳодияи маҳсулоти чӯб, дар Добруш комбинати селлюллозаю коғаз ва дар Светлогорск комбинати селлюлозаю картон мавҷуданд. Саноати масолеҳи бинокорӣ (истеҳсоли оҳану бетони васлшаванда дар Гомел, Светогорск, Калинковичи, Мозир; лӯлаҳои сафолин дар Речиса) тараққӣ кардааст. Дар наздикии Гомел (Костюковка) заводи калонтарини шишаи «Гомелстекло» мавҷуд аст. Дар саноати вилояти Гомел корхонаҳои дӯзандагӣ, шоҳибофӣ чарму пойафзор ва коркарди катон (заводҳои Речиса, Уваровичи) нақши бузург мебозанд.
Саноати хӯрокворӣ низ рушд карда, комбинатҳои равған, қаннодии «Спартак», маҳсулоти гӯшт (Гомел, Калинковичи ва Жлобин), консерваи маҳсулоти шир, мева ва сабзавот дорад. Соҳаҳои асосии кишоварзии вилояти Гомел — ғаллакорӣ (ҷавдор, гандум, ҷав, бомус, марҷумак), чорводорӣ (гов, хук), инчунин боғдорӣ, парвариши катон, картошка ва сабзавот. Ҳоло дар вилояти Гомел 245 колхоз, 166 совхоз, хоҷагиҳои фермерӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони хусусӣ, 3 комбинати истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва 16 заводи ширу равған мавҷуд аст.
Нақлиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Воситаи асосии нақлиёт — р. о. (876 км). Шоҳроҳи асосиаш: Минск — Харков — Санкт-Петербург — Одесса, Брянск — Гомел — Брест. Роҳҳои автомобилгард вилояти Гомел-ро бо ш.-ҳои Санкт-Петербург, Киев, Одесса, Брянск, Кобрин, Минск ва Мозиф мепайванданд. Нақлиёти ҳавоӣ ва обӣ низ нақши муҳим мебозанд. Д.-ҳои Припят, Днепр ва Березина киштигарданд.
Илму фарҳанг
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳоло дар вилоят 789 муассисаи фарҳангӣ, 782 китобхона, 23 осорхона, 4 театр ва филармония, Институти муҳандисони нақлиёти р. о. (Гомел), Институти омӯзгорӣ (Мозир), Институти политехникӣ (Минск) ва 3 Институти таҳқиқотии илмӣ мавҷуданд. Ходими давлатӣ, собиқ вазири корҳои хориҷӣ ва Раиси Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС Громико А. А. зодаи вилояти Гомел мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гомел // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
Вилоятҳои Белорус | |
---|---|
Минск (шаҳр) · Брест · Витебск · Гомел · Гродно · Минск (вилоят) · Могилёв |