Jump to content

Абд Раббо Мансур Ҳодӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абд Раббо Мансур Ҳодӣ
ар. عبد ربه منصور هادي
27 феврал 2012 — 7 апрел 2022
Пешгузашта Алӣ Абдулло Солеҳ
Ҷонишин Рашод Муҳаммад Алимӣ
3 октябр 1994 — 25 феврал 2012
Пешгузашта Алӣ Салим ал-Бейд
Ҷонишин Холид Маҳфуд Баҳаҳ
29 май 1994 — 3 октябр 1994
Пешгузашта Haitham Qassim Taher[d]
Ҷонишин Abdul Malik al-Sayani[d]

Таваллуд 1 сентябр 1945(1945-09-01)[1][2][3][…] (79 сол)
Ҳизб
Таҳсилот
Эътиқод суннӣ
Вебгоҳ presidenthadi-gov-ye.info(англ.)(ар.)
Навъи артиш Republic of Yemen Armed Forces[d]
Рутба field marshal[d]
Набардҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Абд Раббо Мансур Ҳодӣ ( ар. عبد ربه منصور هادي‎ тав. 1 сентябри 1945, вилояти Абян, Протекторати Аден  — Чумҳурии Яман) — арбоби давлатии Яман Президенти Яман аз 27 феврали соли 2012.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]
Абд Раббо Мансур Ҳодӣ дар ҷавонӣ

Соли 1970 хидмати ҳарбиро дар артиши Ҷумҳурии Демократии Халқии Яман оғоз кардааст. Соли 1994, пас аз муттаҳид шудани Ҷумҳурии Демократии Халқии Яман ва Ҷумҳурии Ямани Араб дар соли 1990 ба Ҷумҳурии Яман, ӯ дар давоми 4 моҳ бо рутбаи генерал -майор вазири дифоъ буд. 3 октябри соли 1994 президент Алӣ Абдулло Солеҳ ӯро ноиби президент таъйин кард.

Аз 4 июн то 23 сентябри соли 2011 ҳангоми табобати Алӣ Абдулло Солеҳ, ӯ ба ҳайси президенти кишвар кор кардааст. 23 ноябри соли 2011 ӯ вазифаи худро ҳамчун сарвари давлат давом дод.

21 феврали 2012, дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ, Мансур Ҳодӣ ягона номзад буд, Мансур Ҳодӣ ба муҳлати ду сол президенти Яман интихоб шуд.[7] Рӯзи 25 феврали 2012 ӯ савганд ёд карда, ба вазифа нишаст [8]. Ходӣ ягона номзад дар интихобот буд, аз номзадии ӯ ҳам ҳизби ҳоким ва ҳам мухолифони порлумонӣ пуштибонӣ карданд. Кумиссиюни интихобот гуфт, 65% -и интихобкунандагони сабтиномшуда дар Яман ба ӯ раъй доданд.

Яке аз аввалинҳо қароре ки ӯ қабул намуд, он буд, ки Яман дар оянда бояд ба модели федеролии ҳукуматдорӣ гузарад. Декабри 2012 ӯ фармони президентро дар бораи азнавташкилдиҳии Нерӯҳои Ҳавоӣ, Артиш (нерӯҳои хушкигард), Нерӯҳои ҳарбии баҳрӣ, муҳофизати соҳили баҳрӣ, қӯшунҳои сарҳадӣ ва Нерӯҳои стратегии захиравӣ содир кард.[9]

Президент гуфт, ки мубориза бо "Ал-Қоида" ҳадафи муҳим аст. Дар мусоҳиба бо рӯзноманигори " Washington Post" дар моҳи сентябри соли 2012 Ҳодӣ ҳушдор дод, ки кишвараш ҳанӯз аз ошӯби мардумӣ, ки пешгузаштаи ӯ Алӣ Абдулло Солеҳро сарнагун кардааст, наҷот наёфтааст ва хатари ҷанги шаҳрвандӣ "бадтар аз Афғонистон" вуҷуд дорад. Вай ҳамчунин гуфт, ки Яман бо "се ҷанги эълоннашуда" рӯбарӯ шудааст: террористони Ал-Қоида, роҳзанҳо дар халиҷи Адан ва шӯришгарони Ҳусӣ дар шимол ва Эрон бавосита ин мухолифонро дастгирӣ мекунад.[10]

Моҳи январи соли 2014 ваколати Ҳодӣ ба як соли дигар тамдид карда шуд.[11]

22 январи соли 2015, ҳангоми муноқишаи мусаллаҳона ва забти муассисаҳои давлатӣ аз ҷониби ҳуситҳо, ки назорати пойтахтро таъсис доданд, Ҳодӣ аризаи истеъфо дод, ки онро парлумон баррасӣ мекард.[12] Тибқи конститутсия, иҷрокунандаи вазифаи президент Яҳё Алӣ ал-Рай гардид[13]. Ҳукумати кишвар низ истеъфо дод; дар асл, президент ва вазирон дар ҳабси хонагӣ буданд [14]. Аммо, 25 январ, Ҳодӣ тасмим гирифт, ки аризаи истеъфояшро бозпас гирад, аммо ин амал натавонист ӯро ба қудрат баргардонад [15]. Дабири кулли СММ Пан Гӣ Мун пас аз таъсиси ҳукумати ҳусиҳо даъват кард, ки Ҳодӣ ба мақоми президенти Яман барқарор карда шавад. 6 феврали соли 2015 Кумитаи Инқилобӣ таъсис дода шуд, ки мебоист Шӯрои президентӣ иборат аз панҷ нафарро таъйин мекард. Ҳамин тариқ истеъфои Ҳодӣ оҷибат ниҳоӣ шуд.

21 феврали соли 2015 пас аз дар ҳабси хонагӣ дар муҳлати як моҳ будан Ҳодӣ тавонист аз Санъо ба Аден фирор кунад. Дар он ҷо ба ӯ муяссар шуд, ки бо ҳокимони музофотҳои Ямани ҷанубӣ мулоқот кунад ва барои бозпас гирифтани аризаи истеъфояш изҳорот дод. 25 феврал Кумитаи Инқилобӣ ва мақомоти расмии давлатӣ ба ҷустуҷӯи собиқ президенти фирорӣ шурӯъ карданд [16][17].

Ҳангоми фирор, Ҳодӣ шаҳри Аданро пойтахти муваққатии кишвар таъйин кард. Ҳодӣ аз як суиқасд наҷот ёфт ( ҳуситиён ба қасри Адан, ки дар он ҷо Мансур Ҳодӣ ҷойгир буд, ҳамлаи ҳавоӣ карданд). Ҳодӣ муқовиматро идома дод ва инчунин ба ҳуҷуми низомӣ ба Яман даъват кард. Пас аз он ки шӯришиён рӯзи 25 март Аданро ба даст гирифтанд, президенти пешин дар баробари намояндагиҳои дипломатии давлатҳои араб кишварро тарк кард.[18] Рӯзҳои 27-29 марти соли 2015 дар ҷаласаи 26-уми Лигаи кишварҳои араб ширкат варзид.

Охири соли 2015 муносибатҳо байни Мансур Ҳодӣ ва ноиби президенти пешин, сарвазир Холид Баҳаҳ бад шудан гирифтанд. 1 декабр Бахах таъйинотҳои нави кабинети вазиронро аз ҷониби собиқ президенти фирорӣ Мансур Ҳодиро рад кард. Тибқи фармони президент аз 1 декабр, дар Яман бояд роҳбарони панҷ раёсат иваз мешуданд. Аз ҷумла президент Ҳодӣ роҳбари вазорати хориҷаро иваз кард: ба ҷои Абдулмалик ал-Маҳлафӣ, Риёз Ёсин таъйин шуд ва Ҳусейн Муҳаммади Араб роҳбари нави Вазорати корҳои дохилӣ эълон шуд. Ҳамчунин, роҳбарони вазоратҳои нақлиёт, хидмати давлатӣ ва иттилоот бояд иваз карда мешуданд. Вазири нави нақлиёт Салоҳ ал-Шанфара низ аз таъйиноти худ изҳори норозигӣ кард. Бино ба як манбаъ дар "Ҷунбиши Ҷанубӣ", ки яке аз фармондеҳони он Аш-Шанфара аст, шайхони маҳаллӣ кӯшиш мекунанд, ки ӯро бовар кунонанд [19]. https://avatanplus.com/files/resources/mid/578d74d9b36e615600907287.png

Таҳқиқи фаъолияти президент

[вироиш | вироиши манбаъ]

9 апрели соли 2015 Прокурори генералии Яман оид ба далели эҳтимолияти содир кардани ҷиноятҳои зидди амнияти давлатӣ аз ҷониби собиқ президенти ҷумҳурӣ Абд Раббу Мансур Ҳодӣ ва як қатор шарикони ӯ чораҳои маъмурӣ оғоз кард [20].

2 декабри соли 2015 дар Санъо мурофиаи президенти собиқ Абд Раббо Мансур Ҳодӣ оғоз ёфт. Додсит��нии кулл парвандаҳои ҳафт узви баландпояи роҳбарияти давлатро ба мурофиа фиристод. Додгоҳи ҷиноӣ, ки ба терроризм ва амнияти давлатӣ тахассус дорад, нахустин мурофиаи худро бо иттиҳоми хиёнат ба кишвар ва кумак ба "душмани саъудӣ" дар тахриби кишвар боз кард. Се мушовири президент, вазири пешини корҳои хориҷӣ Риёд Ясин, сардори ситоди Хадамоти амнияти миллӣ ва сафири ин кишвар дар ИМА низ ғоибона айбдор карда шуданд.[21]

[[25 март|25 марти ] соли] 2017, додгоҳи таҳти назорати Ҳусҳо дар шаҳри Санъо амалкунанда, президенти фирорӣ Ҳодиро бо иттиҳоми "барангехтан ва кумак ба давлати таҷовузкор - Арабистони Саудӣ - ва иттифоқчиёнаш" ва "хиёнат ба ватан" ба қатл маҳкум кард. Илова ба ин, додгоҳ шаш мақоми дигари ҳукумати ӯро ба ҳукми қатл маҳкум кард, аз ҷумла сафири Яман дар ИМА Аҳмад Авад бин Муборак ва вазири пешини хориҷии ин кишвар Риёз Ясинро.[22][23]...

Ҳолати саломатӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар моҳи сентябри соли 2018 агентии иттлоотии "Reuters" дар бораи мушкилоти саломатии қалби Мансур Ҳодӣ хабар дод, ки ӯро маҷбур кардаанд, ки барои табобат ба Иёлоти Муттаҳида сафар кунад.[24] 11 майи соли 2020 расонаҳо хабар доданд, ки Ҳодӣ бо сактаи дил дар беморхона бистарӣ шудааст. Бино ба иттилои Маркази тадқиқоти стратегии Санъо, Ҳодӣ дар панҷ соли охир аллакай панҷ маротиба аз беморхонаи Кливленд дар ИМА барои табобати дилу рагҳо ба воситаи ҳавопаймои хусусии саудӣ дидан кардааст. Як моҳ пеш, чунин сафар аз сабаби манъи парвозҳои марбут ба пандемияи COVID-19 сурат нагирифт [25].

  • Гюстерин П. Яман дар давраи гузариш. Ба сӯи сулҳ ё парокандагӣ? - Саарбрюккен: Нашри академии LAP LAMBERT. - 2014. -ISBN 978-3-659-28300-0.
  1. http://www.breakingnews.com/topic/abd-rabbuh-mansur-al-hadi/
  2. http://read.navize.com/article/6069e262ed1c9e28716505d903f5df9d/
  3. Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  4. http://www.aljazeera.com/news/middleeast/2014/09/yemen-201493133157861697.html
  5. http://www.miamiherald.com/2012/06/12/2846224/ansar-al-shariah-driven-from-zinjibar.html
  6. http://www.thenational.ae/news/world/abdrabu-mansur-hadi-the-enigmatic-general-to-take-charge-in-yemen
  7. Конец эпохи А. Салеха: народ Йемена выбрал себе нового президента.(пайванди дастнорас — таърих). 22 феврали 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 феврали 2012.
  8. Новый президент Йемена принял присягу, после чего Салех официально ушел в отставку с поста президента.(пайванди дастнорас — таърих). РИА «Новости» (25.02.12). 25 феврали 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 сентябри 2012.
  9. [Yemeni president orders new structure of armed forces. BBC Monitoring International Reports, 21 December 2012]
  10. Rothkopf, David "Yemen's president warns of a civil war 'worse than Afghanistan'", FP, 29 September 2012. Blog.foreignpolicy.com. 26 августи 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 сентябри 2014.
  11. Yemeni president’s term extended, Shi’ite Muslim leader killed
  12. Yemen President Hadi resigns: government source(пайванди дастнорас — таърих). 4 Декабри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 сентябри 2015.
  13. Йемен: хуситы стремятся к политической власти
  14. UN calls for Yemen President Hadi’s reinstatement (8 February 2015). Проверено 9 феврали 2015.
  15. Президент Йемена решил отозвать своё прошение об отставке, сообщает пресса
  16. Свергнутый президент Йемена отозвал прошение об отставке
  17. Мятежники Йемена разыскивают бежавшего в Аден президента страны Хади
  18. Переворот в Йемене
  19. СМИ: премьер Йемена Бахах отверг новые назначения в кабмине
  20. Президента Йемена подозревают в совершении преступлений против безопасности страны
  21. Хуситы начали заочный суд над руководством Йемена
  22. В Йемене президента страны приговорили к смертной казни за госизмену(рус.). rbc.ru. РБК (26 марти 2017). 26 марти 2017 санҷида шуд.
  23. Суд в Йемене приговорил президента страны к смертной казни
  24. Президент Йемена отправится в США лечить сердце
  25. Reports Yemen president's health is deteriorating after heart attack