Зуҳал
Зуҳал (ар. زحل), Кайвон (форсӣ: کیوان), Сатурн (аз лот. Sāturnus) — шашумин ва зеботарин сайёраи Манзумаи офтобӣ, ки бо ҳалқаҳои дурахшониашон гуногун аз дигар сайёраҳо фарқ мекунад. Зуҳал аз ҷиҳати дурӣ сайёраи шашум ва аз ҷиҳати андоза ва вазн дуввумин сайёра (баъд аз Муштарӣ) дар Манзумаи офтобӣ маҳсуб мешавад. Аломати астрономиаш — .
Вижагиҳои физикӣ
вироишЗуҳал, асосан, аз ҳидроген бо омехтаҳои гелий, об, метан, аммиак ва унсурҳои вазнин иборат аст. Қисми дохилии Зуҳалро ҳастаи иборат аз оҳан, никел ва яхи бо қабати тунуки ҳидрогени филиззӣ пӯшида ва қабати берунаи газӣ ташкил медиҳад. Зуҳал дар масофаи 1429 млн км ё 9,5 в. а. дур аз Офтоб воқеъ гашта, қутр (диаметр)-аш аз қутри Замин 9,5 баробар калонтар аст ва атрофи Офтобро дар давоми 29,5 сол як бор давр мезанад. Қадри ситоравии баландтаринаш ба +0,7m баробар аст. Бинобар газнок будани қабати сатҳаш, даври гардиши он дар нуқтаҳои гуногун қиматҳои гуногун дорад. Мас., агар дар экватор даври гардиш 10 соату 12 дақ. бошад, он дар арзи 40° ба 10 соату 39,4 дақ. ва дар соҳаҳои қутбии зиёда аз 57° аз 11 соат зиёд мешавад. Дар натиҷаи чархидани босуръат сайёра фишурда гардидааст (0,1).
То солҳои 80 асри 20 ҷузвҳои сатҳии сайёраро бо ёрии телескопҳо аз Замин хуб мушоҳида кардан мумкин набуд. Маълумоти дақиқ дар бораи Зуҳал минбаъд тавассути дастгоҳҳои сайёри кайҳонии амрикоии «Пионер-11» (1979), «Вояҷер-1» (1980), «Вояҷер-2» (1981) ва «Кассини-Гюгенс» (2004) дастрас гардидаанд. Майли экватор (хатти истиво) нисбат ба мадори сайёра 29° буда, ин ҳолат боиси ивазшавии фаслҳои сол дар Зуҳал мегардад. Тавассути «Вояҷер-2» дар соҳаҳои муайяни қабатҳои атмосферии сайёра ташкилаҳои сиклонӣ ба қайд гирифта шудаанд. Яке аз ташкилаҳои калони атмосферӣ Доғи Калони Қаҳваранг (ДКҚ) аст, ки он аз қутби шимол 16° дуртар воқеъ гаштааст. Арзи ташкилаҳои атмосферии Зуҳал то 78° буда, суръаташон то 600 м/с мерасад, ба зудӣ нест ва дар ҷойҳои дигар барқарор мешаванд. Мушоҳидаи радифони маснӯъ нишон медиҳад, ки тақсимоти арзии бодҳои Зуҳал дар Нимкураи ҷанубӣ ба суръати бодҳои Нимкураи шимолӣ монанд аст. Сарфи назар аз ин, ҳаракати атмосферӣ дар нимкураҳо аз ҳамдигар фарқ дорад. Қабатҳои абрноки тӯлкашида нури Офтобро суст карда, дар натиҷа дар умқи 350 км торик мешаванд. Дар сатҳи фишораш 105 Па ҳарорати Зуҳал ба 143 К (-130°С) баробар аст. Атмосфера аз ҳидроген Н (94 %), ҳелий Не (6 %) ва миқдори ками унсурҳои дигар иборат мебошад.
Зуҳал дар атрофаш ҳалқа дошта, он аз Замин таҳти кунҷҳои аз 0° то 28° мушоҳида мешавад. Ҳалқаҳои Зуҳалро аввал Галилей ба намуди нуқтаҳои ду тарафи он мушоҳида намудааст. Баъд аз ним аср Гюгенс Зуҳалро мушоҳида карда, ба хулоса омад, ки сайёра бо ҳалқаи тунуку ҳамвор ва ба он нарасандаи ба доиратулбуруҷ (эклиптика) моил иҳота шудааст. Меҳвари Зуҳал нисбат ба доиратулбуруҷ таҳти кунҷи 26,4° воқеъ гардида, сабаби тағйирёбии фаслҳои сол мешавад. Майдони магнитии он дуқутба (диполӣ) буда, тираш ба меҳвари сайёра мувозӣ (бо саҳеҳии 1°) ва маркази дипол ба маркази сайёра мувофиқ аст (бо саҳеҳии 0,01°). Сели гармии дохилӣ нисбат ба сели гармии аз Офтоб расанда бештар мебошад. Фишурдашавии ҷозибавии сайёра гармӣ ҷудо мекунад. Ҳастаи филиззӣ қариб ними радиуси сайёра ва радиуси дохилӣ 0,15-и ҳиссаи радиус ё тақр. 9 ҳазор км-ро ташкил медиҳад. Фишор дар марказ ба 2,3∙1012 Па ва ҳарорат ба 17000 К баробар аст.
Майдони магнитии Зуҳал нисбатан суст, шадидияти майдони магнитиаш дар сатҳи абрҳои намоёни экватор 15-16 А/м буда, нисбат ба Замин қариб ду баробар камтар аст. Меҳвари гардиши Зуҳал бо тири диполи майдони магнитӣ мувофиқат мекунад. Баъзе зарраҳои заряд (барқа) ҳангоми ҳаракат аз як қутб то қутби дигар аз дохили силсила (системаҳо)-и ҳалқаҳо гузашта, аз тарафи чангу яхҳо фурӯ бурда мешаванд ва боиси кам шудани зарраҳои барқа дар атрофи магнитосфераи Зуҳал мегарданд. Поинтар аз атмосфера уқёнуси ҳидрогени молекулавии моеъ ҷойгир шудааст. Дар умқи он тақр. 30 ҳазор км ҳидроген дар зери фишори тақр. 3∙1011 Па ба ҳолати филиззӣ мегузарад. Ҳаракати онҳо майдони магнитии қавитарро ба амал меорад. Маркази сайёраро ҳастаи оҳаниву сангӣ ташкил медиҳад.
Ҳалқаҳои Зуҳал дар ҳамвории экватори сайёра хобида, кунҷи тамоюлашон нисбат ба ҳамвории мадор ба 27° баробар аст ва дар давоми соли Зуҳал тағйир намеёбад. Вале ин кунҷ аз манзари Замин тағйирёбанда аст. Ҳалқа дар шакли тасмаҳои сарбаста зоҳир мешавад. Сарҳадди ба сайёра наздики ҳалқа 146000 км ва қисми канории он то 273000 км дур аст. Ғафсии қабат аз садҳо метр то якчанд км мерасад.
Мушоҳидаҳои заминии фототайфсанҷӣ ва кайҳонӣ нишон доданд, ки ҳалқаҳо аз анбӯҳи зарраҳои яхи об ва зарраҳои чанг иборатанд. Ҳалқа аз се ҳалқаи тӯлкашида (А — ҳалқаи беруна, В — ҳалқаи мобайнӣ ва С — ҳалқаи дохилӣ) иборат мебошад, ки бо тарқишҳои Кассинӣ аз ҳам ҷудо карда мешаванд ва қутрашон аз чанд сантиметр то чанд метр буда, ҳар кадоме аз онҳо аз рӯи мадори кеплерии худ ҳаракат мекунанд. Ҳалқа то масофаи 2,3 радиуси сайёра тӯл кашидааст. Ҳалқаҳои алоҳида аз маҷмӯи ҳалқаҳои дигар иборатанд ва шакли мадори баъзеи онҳо аз давра фарқ дошта, сохторашон хеле мураккаб мебошад. Онҳо эҳтимол аз даҳҳо ҳазор ҳалқача иборатанд, ки дар маҷмӯъ онҳоро аз самти сайёра ба гурӯҳҳои зерин тақсим намудан мумкин аст: D, C, B, A, F, G, E.
Дастгоҳҳои сайёри кайҳонӣ хусусияти аҷиби ҳалқаҳоро нишон доданд. Онҳо ташкилаҳои радиалии вобастаи равшану тира ё баръакс равшан доранд, ки нисбат ба ҳалқаҳо сусттар ҳаракат карда, суръаташон ба суръати кунҷии магнитосфера баробар аст. Ташкилаҳои мазкурро спокҳо меноманд, ки табиаташон хуб омӯхта нашудааст. Се ҳалқаи асосии А, В, С аз Замин бемамоният фарқ карда мешаванд. Дар шабҳои соф ҳалқаҳои сусти D, E, F ва тарқишҳои нисбатан ноаёнро мушоҳида кардан мумкин аст. Қисми дохилии ҳалқаҳо нисбат ба қисми беруна тезтар чарх мезананд. Суръати онҳо тақр. ба 10 км/с баробар аст.
Силсилаи радифҳои Зуҳал хеле мураккаб буда, 64 радифи он омӯхта шудаанд. Бузургтарин радифи Зуҳал Титан ном дорад (қутраш 5880 км, массааш 2,4·10−4 массаи Замин). Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки Титан ба Зуҳал ҳамеша бо як тарафаш нигарон аст. Радифонро ба 2 гурӯҳ — мунтазам ва номунтазам ҷудо мекунанд. Радифони мунтазам аз рӯи мадори қариб доирашакли ба сайёра наздик ва дар ҳамвории экватори он ҷойгирбуда ба са��ти гардиши сайёра чарх мезананд. Ин далели пайдоиши ягона доштани онҳо мебошад. Радифони ғайримунтазам дур аз сайёра, ба самти муқобил чарх мезананд. Онҳо эҳтимол астероид ва ё ҳастаи зузанабҳо (кометаҳо)-и аз назди сайёра гузаранда бошанд, ки баъдан ба он ҷазб шудаанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 Standish E. M. Keplerian elements for approximate positions of the major planets (ингл.) — 2015. — 3 p.
- ↑ https://ssd.jpl.nasa.gov/sats/discovery.html
- ↑ 3.0 3.1 3.2 https://www.le-systeme-solaire.net/modules.php?name=syssol&page=saturne
- ↑ Institut de mécanique céleste et de calcul des éphémérides https://www.imcce.fr/langues/fr/grandpublic/systeme/promenade/pages1/123.html
- ↑ https://nssdc.gsfc.nasa.gov/planetary/factsheet/saturnfact.html
- ↑ кеплерова орбита
- ↑ Saturn Fact Sheet (ингл.)
Адабиёт
вироиш- Зуҳал / А. Раҳмонов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.