Jump to content

Тило

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Зар)

Шаблон:Варақаи тило

79
Тилло
196,967
4f145d106s1

Тило (Au аз лот. Aurum), зар — унсури гуруҳи 11 (аз рӯи таснифоти кӯҳнашуда — дар зергурӯҳи иловагии гурӯҳи якум), даври шашуми системаи даврии элементҳои кимиёвии Д. И. Менделеев, бо рақами тартибии 79 мебошад. Бо аломати Au (лот. Aurum) ифода карда мешавад. Моддаи соддаи тило — метали асили рангаш зард аст. Рақами бақайдгириаш CAS: 7440-57-5 мебошад.

Тило яке аз металҳое аст, ки инсон онро 8 ҳазор сол муқаддам аввалин бор шинохт ва дар асри биринҷӣ (ё мезолит) занҳои Африқо худро бо муҳра, шадда ва нишонаҳои сарисинагии тилоӣ ороиш медоданд. Истеҳсоли аввалини тило, аз рӯи маълумотҳои археологӣ, дар Миср оғоз ёфта буд ва тилоро Офтоб «қурси калону дурахшони тило» меномиданд. Дар қадим ороиш бо тило рамзи Офтоб, бойгарӣ ва чун пул хидмат мекард. Парастиши тило чун инъикоси парастиши Офтоб дар рӯйи Замин, тавоногӣ ва бузургии он на танҳо дар Миср, балки ба тамаддуни дигар мамолик паҳн шуд. Дар он замонҳо дар Миср дар як сол 50 тонн тило истеҳсол мекарданд, ки ин рақам ба рақами истеҳсоли тило дар Русия (соли 1913), ё дар асри гузашта ИМА ва Канада ва ҳоло дар Ӯзбекистон, ки ҳамин миқдор тилоро ҳосил мекунанд, рост меояд. Ҳол он ки миқдори (кларки) тило дар қишри замин ҳамагӣ 5•10−7%-ро ташкил мекунад.

Археологҳо дар водии Шоҳони Фив, соҳили чапи рӯди Нил, аз оромгоҳи Фиръавни номаълум маснуотҳои аз тило сохташударо дарёфт намуданд. Соли 1922 археологи инглис Г.Картер аз тобути тилогини мумиёкардашудаи Фиръавн Тутанхамон, ки зиёда аз 3400 сол қабл ба хок супорида шуда будаст, 110 кг тило ва маргниқоби тилоӣ ҳафриёт кард. Дар бораи тило ривоят аст, ки фидоёни Миср бовар мекунонданд, ки гӯё Офтоб тилоро офарида, ба Замин чун борон мерезад, аз он ёдгориҳои сутуну девормонанд бино мекарданд. Фиръавни Миср Эхнатон, ки тарафдори ситоиши Офтоб буд, бо фидоён муносибаташро канда, Фивро тарк намуд. Ӯ маркази ситоишгарони нав — ибодатхонаи Ахет-Атони берӯпӯшро, ки дар болои деворҳояш курсиҳои сайқалдода офтобро инъикос мекарданд, сохт. Ситоиши Офтоб дар байни дигар қабилаҳо низ паҳн шуда буд. Дар давраи кашфиётҳои географӣ (соли 1519) сайёҳи испанӣ Эрнан Кортесу ба Америка роҳ пеша кард, ҳиндуҳо ӯро бо табъи хуш пешвоз гирифта, дар қатори дигар туҳфаҳо ду курсии доираашон 1 м (яктоаш аз тило, дигараш аз нуқра), чун рамзи ситоиши Офтобу Моҳтоб пешкаш карданд. «Ба некӣ — бадӣ» гуфтаанд. Ва Эрнан Кортес, Франсиско Писарро (а. XVI) ва дигар забткунандагони мамолики Америкаи Ҷанубӣ (Перу, Чилӣ, Аргентина, Эквадор, Боливия) тамоми бойгарии ин мамлакатҳоро тороҷ намуда, сиққа сохта ба Аврупо бурданд.

Ҳоло дар пойтахти Колумбия шаҳри Богото дар Осорхонаи тило 8000 номгӯйи маснуотҳои ситоишии ҳиндуҳои қадим маҳфуз аст. Саволе ба миён меояд, ки тило дар осорхона аз куҷо пайдо шуд? Посух. Мардуми таҳҷоӣ як қисми маснуоти тилоро аз испанҳо дар ҷангалҳои тропикӣ андаруни решаҳо пинҳон карданд. Қисми дигари онҳо садсолаҳо дар қаъри кӯли Гаутовита, ки аз рӯи расму оини муқаддаси атстекамҳо, инкиҳо ва халқиятҳои дигари Америкаи Ҷанубӣ ба кӯл партофта шуда буданд, онҳоро ба даст оварданд. Аз рӯи урфу одати ин халқият дар қадим доҳиро меҳрубонӣ мекарданд ва ба танаи вай хокаи тилоӣ мемолиданд. Пас аз он ӯ бо ашхоси муқаддас дар сал нишаста, дар кӯл ба самти шарқ шино мекарданд. Ҳангоми шуъла задани Офтоб дар соҳили шарқии кӯл доҳиро муборакбод, меҳрубонӣ намуда, ангуштарӣ, шадда, муҳра, тасбеҳ, гарданбанд, чанголи ҳайвонҳои аз тило сохташударо ба болояш мепошиданд. Ҳоло қисми кӯлро хушк карда, маснуотҳои тилоиро гирифта ба осорхона супориданд. Дар асрҳои баъдина муайян шуд, ки Миср аз тило бой будаст ва онро ба бозори ҷаҳонӣ мебароварданд.

Ҳазорсолаҳо сипарӣ шуда (2500 сол қабл), давлати Лидия (дар Осиёи Хурд) барои ба низом даровардани муносибатҳои иқтисодӣ бо Юнон ва Шарқ тангаи тилоиро ба савдо баровард. Аз ин иқдоми нек шоҳи форсҳо Кир огоҳ шуда, Лидиоро ба итоати худ мегирад ва сиққакунии тангаи тилоиро дар дигар мамолик паҳн мекунад.

Дар асри XVII тангаҳои тилоӣ дар Русия пайдо шуда, 10 руб. арзиш доштанд ва ба шарафи императори Русия Елизавета Петровна ин тангаҳо «империал» ногузорӣ мешуданд. Тило металли асил, зардранг, ёзанда, кашолёбанда, вазнин (зичиаш 15,6 — 19,2 г/см3), мулоим (сахтиаш — 2,5-3), дар ҳарорати 10630С об мешавад, ба тунукаҳои нозук ва то 3-15 км сим дароз кашида мешавад. Аз рӯи ин хусусиятҳояш тилоро дар ҷавоҳирот ва саноат истифода мебаранд. Дар ҷавоҳирот 75-76 % тило, электроника 9 %, стоматология 3 %, сиқкакунии тангаҳо 4 % ва дигар соҳаҳои 8 %, ва препаратҳои тиббӣ, хӯла, таҳқиқотҳои илмӣ, оптика, зарфҳои кимиёвӣ, симсозӣ ва расмтайёркунӣ истифода мешавад. Дар солҳои охир тилоро бисёртар дар саноат барои тайёр кардани хӯлаҳое, ки барои кафшери маводи двигателҳои реактивӣ, мушакҳо, реакторҳои ядроӣ, самолётҳои суръаташон аз суръати овоз зиёдтар аст ва дигар таҷҳизотҳо истифода мебаранд. Бо тило мушакҳо, киштиҳои кайҳониро мепӯшонанд. Масалан, дар киштии «Колумбия» америкоиҳо зиёда аз 40 кг тилоро истифода карданд. Дар сатҳи қоғаз ё чӯб ширеши махсус молида, хокаи тилоиро медавонанд, бо тило рӯпӯш мешавад. Дар 1 м2 сатҳи ҷисм 3 гр. тило сарф мешавад.

  • Паддефет, Р. Золото Химия. М. : Мир, 1982. — 259 с.
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
Тило дорад