Назаршо Додхудоев
|
|
Таваллуд |
20 декабр 1915 |
Даргузашт |
30 июн 2000 (84 сол) |
Фарзандон | Лариса Додхудоева ва Lola Dodkhudoeva[d] |
Ҳизб | |
Ҷоизаҳо |
Назаршо Додхудоев – арбоби намоёни давлатӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, собиқ Раиси Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1956-1961),[1]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Назаршо Додхудоев 20 декабри соли 1915 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони ВМКБ таваллуд ёфтааст. Техникуми педагогии шаҳри Хоруғ (1932) ва курсҳои Мактаби олии ҳизбии Маскавро (1949) хатм кардааст. Солҳои 1932-1949 ба сифати мухбири рӯзномаи «Бадахшони Советӣ», котиби кумитаи комсомолии ноҳияи Рӯшон, муҳаррири масъули рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», корманди масъул дар мақомоти Комиссариати корҳои дохилии Тоҷикистон, раиси комиҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хидмат намудааст. Солҳои 1950-1956 Раиси Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон, 1956-1961 Раиси Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон буд. Моҳи апрели соли 1961 бо баҳонаи «изофанависии пахта дар Тоҷикистон» аз вазифа сабукдӯш гардид. 30 июни соли 2000 аз олам даргузашт.
Фаъолияти меҳнатӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Роҳи паймуда ва фаъолияти кории Назаршо Додхудоев барои ҳар фард, баҳри имрӯзиёну фардоиён намудаи ибрат аст ва тақдираш ба тақдири Тоҷикистон сахт пайваст буд. Он пур аз меҳр, ҷасорату матонат, некномӣ, диловарию мардонагӣ ва дардошноист. Фаъолияти самарабахш, кордонию созандагӣ варо ба зинаҳои баланди роҳбарӣ расонд. Зиндагӣ ва ҳастии худро баҳри бунёд ва таҳкими давлатдории ҷумҳурӣ, инкишоф ва рушду нумӯъи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи он сарф намудааст. Маҳз дар даврони роҳбарии ӯ бо ибтикори Ҳукумати Тоҷикистон сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Норак, корхонаи алюминии Регар (ҳоло ш. Турсунзода) ва кимиёвии Ёвон ба нақша гирифта шуда, бунёдашон аз ҳисоби буҷаи умумииттифоқӣ оғоз ёфта, таҳкурсии корхонаи маъдани Анзобро гузоштанд, бинои боҳашамати Қасри Арбоб дар вилояти Суғд сохта шуд. Ӯ дар сохтмони корхонаи сементбарории пойтахт, комбинати қолинбофии Қайроқум, дигар корхонаҳои саноатӣ, биноҳои маъмурию фарҳангӣ бевосита саҳм гузошт. Ҳангоми иҷрои вазифаи Раиси Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон тибқи анъанаи ҳамон замон ҳамчун ҷонишини Раиси Президуми Советии Олии СССР бо навбат дар иҷлосияҳои парлумони шӯравӣ (дар Кремл) раисӣ менамуд ва ба ҳалли бисёр масоили хоҷагию иҷтимоӣ ва мадании Тоҷикистон муваффақ гардид. Тоҷикистон дар ҷабҳаи хо¬ҷагии қишлоқ пешрафти босуръат намуда, ба зиёда аз чил давлат пахта мефурӯхт, дар саноат, сохтмон, нақлиёт, алоқа ва дигар соҳаҳо комёбиҳо афзуданд. Дар тарбияи кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаҳои гуногун ташаббуси назаррас зоҳир менамуд. Назаршо Додхудоев шахси соҳибирода буд ва бовуҷуди аз вазифаҳои баланди роҳбарӣ ноҳақ ва барвақт (дар 46 солагӣ) барканор кардан ва сиёҳ намуданаш ба изофанависии пахта солҳои минбаъда дар муассисаҳои сохтмонии ҷумҳурӣ босамар заҳмат кашид, рисолаи номзади илмҳои иқтисодиро дифоъ намуд, то охири умр узви фаъоли ҳайати Шӯрои кӯҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон буд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Хидмати ӯ бо чор ордени Ленин, cоли 1998 бо ордени «Дустӣ» ва чандин медалу ифтихорномаҳо қадр шудааст.
Адабиёт доир ба Назаршо Додхудоев
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҳалимшо, С. Ободӣ кардем, ҷаллодӣ накардем [Матн]: Мусоҳиба бо ходими давлатӣ Назаршо Додхудоев // Адабиёт ва санъат. – 1990. – 12 июл.
- Ҳусёин, М. Ин қофилаи умр аҷаб мегузарад [Матн]: Мусоҳиба бо ходими намоёни давлатӣ Назаршо Додх��доев // Садои мардум. – 1995. – 11 октябр.
- Назаршо Додхудоев [Матн]: Таъзияномаи роҳбарони давлату ҳукумат // Ҷумҳурият. – 2000.– 6 июл.
- Назаршо Додхудоев. Власть времени.-Алматы, 2001.
- Мирзошоев, С. Парвози одам ба кайҳон ва рӯзи сиёҳ дар Тоҷикистон [Матн] // Минбари халқ. – 2005. – 9 апрел.
- Ализода, Ҳ. Порае аз рӯзгори арбоби давлатӣ [Матн]: Мусоҳиба бо профессор Усмонҷон Ғаффоров муаллифи китоб дар барои Н. Додхудоев // Садои мардум. – 2005. – 17 декабр.
- Додхудоев Назаршо [Матн] //Вакилони халқ. – Душанбе, 2006. – С.187, 272.
- Ғаффоров, У. Назаршо Додхудоев [Матн]. – Душанбе, 2006. – 256 с.
- Ҳасанов, К. Имзои ӯ васиятномаи ӯст [Матн] // Минбари халқ. – 2005. – 7 декабр.
- Хайруллоев, С. Ёде аз инсони комил [Матн] // Асри қонун. – Душанбе,2011. – С.147-154.
- Додхудоев Назаршо. Tajikistan [Текст] : Land of sunshine / By N. Dodkhudoyev. - London : [б. и.], 1959. - 23 с., 4 л. ил. : портр., ил.; 22 см. - (Soviet booklet / The Fifteen Soviet socialist republics today and tomorrow. Stupendous programme. 1959-1965; № 60/50).
- Додхудоев Назаршо. Торжество национальной политики Коммунистической партии [Текст]. - Сталинабад : Таджикгосиздат, 1954. - 56 с.; 20 см. - (XXV лет Таджикской ССР).
- Додхудоев Назаршо. К новому расцвету Советского Таджикистана [Текст]. - Москва : Госполитиздат, 1959. - 64 с. : ил.; 20 см. - (СССР в семилетке. 1959-1965).
- Додхудоев Назаршо. Развитие промышленного строительства в Таджикистане 1925-1965 годы и дальнейшие его перспективы [Текст] : Автореферат дис. на соискание ученой степени кандидата экономических наук. (592) / Ташк. ин-т нар. хоз-ва. - Душанбе : [б. и.], 1969. - 19 с.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2015). Мураттиб Ё. Сучони. –Душанбе, 2014
Пайванд
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 20 декабр
- Зодагони соли 1915
- Зодагони ноҳияи Рӯшон
- Даргузаштагони 30 июн
- Даргузаштагони соли 2000
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Аъзои Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Дӯстӣ
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Мақолаҳо дар бораи ходимони давлатӣ бидуни тасвир дар Викианбор
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- Шаблони «Пайвандҳои беруна» холӣ
- Раисони Шӯрои Вазирони Тоҷикистон
- Ҳукуматдорони Тоҷикистон
- Арбобони давлатии Тоҷикистон