Jump to content

Урун Кӯҳзод

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Урун Кӯҳзод
Урунбой Ҷумъаев
Таърихи таваллуд: 15 март 1937(1937-03-15) (87 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Панҷакент ҶШС Тоҷикистон  Иттиҳоди Шӯравӣ
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: нависанда, рӯзноманигор, тарҷумон
Солҳои эҷод: 1971 -
Ҷоизаҳо: Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ (1977), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1996)

Урун Кӯҳзод (Урунбой Ҷумъаев) — нависандаи адабиёти муосири тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1975). Нависандаи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон барандаи Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ (1977), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1996).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Урун Кӯҳзод 15 марти соли 1937 дар деҳаи Ғаззаи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба ҷаҳон омадааст. Маълумоти миёнаи нопурраро дар зодгоҳаш гирифта, таҳсилро дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент идома додааст. Меҳри донишомӯзӣ баъдан ӯро ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Г. Шевченко бурдааст. Пас аз хатми донишкада чанде омӯзгори мактаби миёна, баъдан корманди илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, солҳои 1961-1963 дар хидматӣ аскарӣ будааст. Аз солҳои аскарӣ ба навиштан оғоз карда, нахустин офаридаҳояш аз ҳамон солҳо дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд.. Дастнависи яке аз ҳикояҳояш, ки ба маҷаллаи «Садои Шарқ» фиристода буд, диққати устод Фазлиддин Муҳаммадиевро ҷалб менамояд ва эшон, ки ҳамон солҳо сармуҳаррири маҷаллаи «Хорпуштак» буданд, пешниҳод мекунанд, ки нависандаи ҷавон ба маҷаллаи ҳаҷвии эшон ба кор биёяд. Ҳамин тариқ, фаъолияти ҷиддии эҷодии Урун Кӯҳзод аз маҷаллаи «Хорпуштак» оғоз ва таҳти назари Фазлиддин Муҳаммадиев ташаккул ёфтааст. Баъдан, солҳои зиёде, дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» дар вазифаҳои мудири шуъбаи адабиёт ва санъат, муовини сармуҳаррир кор кардааст. Соле чанд муҳаррири калони Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, мудири шуъбаи очерку публитсистикаи маҷаллаи «Садои Шарқ», мудири шуъбаи нашриёти «Адиб», сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» ва мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ будааст.

Ба кори эҷодӣ аз аввали солҳои шастуми асри мозӣ саргармӣ дошта, дар оғози фаъолияташ ба таълифи ҳикоя, бахусус, ҳикояҳои ҳаҷвӣ, пардохтааст, ки аксарашон дар ду маҷмӯа – «Сареву савдое» (1971) ва «Як сару сад хаёл» (1983) фароҳам омадаанд. Дар давоми солҳои ҳафтодуми асри гузашта насри тоҷик дар адабиёт мақоми устувор пайдо карда, аз тасвирҳои зоҳирӣ ба инъикоси рӯҳии инсон, мураккабии рафтору кирдор ва андешаю гуфтори қаҳрамонон рӯй овард, ки Урун Кӯҳзод ҳам дар ин ҷода аз ҷавонадибони муваффақ ва ҷӯяндаву тозанигор буд. Аз ҷумла, дар қиссаҳои «Роҳи ағба» (1971), «Писанддара» (1974), «Бандии озод», «Тақвими раҳгум» ва ғ., ки хусусияти мардумшиносӣ доранд, ба таҳқиқи хислату характер ва тасвири масъулияти инсонҳо дар ҷомеа рӯй оварда, сабку чеҳраи хоси нигорандагии худро аёну баён карда тавонист. Сипас қиссаи «Кини Хумор» (1976) ба дасти хонандагон расид, ки давоми мавзӯи пайгирифтаи нависанда буда, масъалаҳои одобу ахлоқи ҷомеаро мавриди таҳқиқи бадеӣ қарор додаст. Дар асарҳояш ба рухдоду ҳодисаҳо ва рафтору кирдори одамон бо назари танқидӣ менигарад. Соли 1977 қиссаи мусаннади «Як рӯзи дароз, рӯзи бисёр дароз» ба табъ расид, ки ба тасвири порае аз рӯзгори сангини фарзанди фарзона ва муборизи халқи тоҷик Устод Садриддин Айнӣ бахшида шудааст. Ин қисса муаллифашро ҳамчун нависандаи таърихдону рӯҳшинос муаррифӣ карда, сазовори Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ гардонид. Дар навиштаҳои Урун Кӯҳзод насри тасвиру андеша бо публитсистика омезиш ёфта, нависанда ин услубро ҳамчун силоҳи мубориза ба муқобили қамбудиву носозгориҳои ҷомеа ба кор мебарад. Ҳаҷв дар шакли истеҳзову заҳрханд дар ҳамаи асарҳои мавсуф мақоми хоасе дорад, аммо такомули чунин равия дар романи «Бандии озод» равшантар ба мушоҳида мерасад. Муборизаи рӯҳии қаҳрамонон дар роҳи ҷустуҷӯи ҳақ ва аз байн бардоштани ноҳақиҳо дар ин асар хеле шиддатноканд. Ҳамин буд, ки романи мазкур соли 1996 сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гардид. Дар романи «Ҳам кӯҳи баланд, ҳам шаҳри азим» (1983)-и ӯ масъалаи муҳимми ҳаётии пайванди аслҳову наслҳо ва давру замонҳоро мавриди баҳсу баррасии бадеӣ қарор додааст. Урун Кӯҳзод адиби пухтакору мушоҳидакор буда, дар давоми чанд соли охир қиссаву рисолаҳои публитсистии «Тоҷикони имрӯза» (2002), «Лоҳутӣ ва баъди ӯ» (2002), «Ҷамъи парешон» (2003), «Ахлоқи воло – дафъи бало» (2003), «Акашариф – Борбади асри бист» (2005) ва як силсила мақолаю ҳикоя ба табъ расонд, ки шоҳиди чунин даъвоянд. Романи таърихии Урун Кӯҳзод «Ҳайҷо», ки солҳои 2005-2006 дар маҷаллаҳои «Сухан» ва «Садои Шарқ» ва соли 2014 дар шакли китоб ба табъ расид, ба таҳқиқи адабии мавзӯи хеле муҳим – аз тарафи Русияи подшоҳӣ ғасб намудани Осиёи Миёна, хосса Аморати Бухоро, бахшида шудааст, ки аз нигоҳи паҳнои тасвири воқеаҳо ва баррасию арзёбии онҳо хеле ҷолибу беназир аст. Тарҷумаи бисёр асарҳои адибони маъруфи хориҷӣ, аз ҷумлаи К. Чандар, Ҳ. Ғулом, ��. Ленч, С. Хонзодян, В. Санги, қиссаи А.П. Чехов «Дашт», романи Г.Г. Маркес «Хазони умри Одамхудо», ҳикояҳои Азиз Несин «Мактубҳо аз он дунё», мунтахаби осори Р.Домонович «Бозгашти Шоҳзода Марко» ва ғ. ба қалами ӯ тааллуқ доранд, ки басо моҳирона анҷом ёфтаанд. Иддае аз асарҳои Урун Кӯҳзод ба забонҳои русӣ, украинӣ, ӯзбекӣ ва дигар халқҳои шӯравӣ ба табъ расидаанд.[1]

Устод Урун Кӯҳзод муаллифи асарҳои машҳури “Сареву савдое” (1971), “Роҳи ағба” (1971), “Писанддара” (1974), “Кини Хумор” (1976), “Як рӯзи дароз, рӯзи бисёр дароз” (1977), “Як сару сад хаёл” (1983), “Бандии озод” (1994), “Ҳам кӯҳи баланд, ҳам шаҳри азим”(1983), “Тақвими раҳгум”, “Ҳайҷо” (2005-2014) ва “Дар ҳасрати кори ҳалол” ва амсоли инҳо буда, бо сабку салиқаи вежаи адабӣ дар таърихи адабиёти муосири тоҷик ҷойгоҳи муносиб дорад. Танҳо романи “Ҳайҷо” (ниг.: Кӯҳзод, Урун. Ҳайҷо. – Душанбе: “Адиб”, 2015. -416 саҳ.) басанда аст, ки устод Кӯҳзодро дар феҳристи бузургтарин нависандагони миллӣ қарор диҳем.[2].

Маҷмуаи ахирини Урун Кӯҳзод «Бурротар зи теғ». – Душанбе: “Маориф”, 2019.-240 с. — 14 асари нависандаро фаро мегирад, бахусус, дар ҳикояҳои “Достони муаллим” (С.12-27), “Қатли китобҳо” (С.27-48), “Ҳикоёт аз таърихи адабиёт” (С.49-59), “Пули ларзон” (С.61-78), “Хомтамаъ” (С.79-82), “Ҳосили умр” (С.83-88), “Гудоз” (С.88-103), “Бурротар зи теғ” (С.103-111), повести “Гардани ғам бишканед” (С.111-152), романи кӯтоҳи “Дар ҳасрати кори ҳалол” (С.153-203) ва се мақола-матлаби публитсистии “Садриддин Айнӣ” (С.204-215), “Ваҳдати сиёсат ва адабиёт” (С.215-222), “Фарҳанги ватандорӣ” (С.222-238) мавзуи характери миллӣ ва ислоҳи камбуду навоқиси руҳию равонии миллатро, ки асрҳо боиси шикасту забунии мардум гардидаанд, пажӯҳишу бозрасӣ мекунад ва бар мабнои донишу таҷрибаву мушоҳидаҳои шахсӣ сабабу иллатҳои пойин рафтани зеҳниёту ҳувияти миллиро ҷустуҷӯ ва роҳҳал пешниҳод менамояд. аз забони қаҳрамонони ҳикояву асарҳояш мекӯшад, ки иллати зуҳури разоили ахлоқию буҳрони ҳувиятиро, ки миллатро тайи таърихи тӯлонӣ ба нокомию бедавлатиҳо, шикасту сархамиҳо, хорию забуниҳо ва бегонапарастию беҳувиятиҳо мувоҷеҳ кардаанд, бозгӯ сохта, роҳро барои ҳалли мушкилоти фикрию равонию зеҳнӣ ҳамвор намояд.[3].

Мукофот ва ҷоиза

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 52 — 53 ISBN 978-99947-2-379-9
  2. Нависандаи ватанӣ ва иҷрои масъулияту рисолати миллӣ (Шодбошӣ ба ифтихори зодрӯзи адиб ва нависандаи муосири миллӣ устод Урун Кӯҳзод)(тоҷ.). ravshanfikr.tj (2024). 18 май 2024 санҷида шуд.
  3. Нависандаи ватанӣ ва иҷрои масъулияту рисолати миллӣ (Шодбошӣ ба ифтихори зодрӯзи адиб ва нависандаи муосири миллӣ устод Урун Кӯҳзод)(тоҷ.). ravshanfikr.tj (2024). 18 май 2024 санҷида шуд.