Jump to content

Ҳафиз Саидов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нусхаи вироиш аз 05:56, 23 феврали 2022 тавассути VASHGIRD (баҳс | ҳисса) (Ҳолнома: ислоҳи имло using AWB)
(фарқият) ←Нусхаи кӯҳнатар | Намоиши нусхаи феълӣ (фарқият) | Нусхаи навтарин→ (фарқият)
Ҳафиз Саидов
Ҳафиз Саидов
Таърихи таваллуд 1968(1968)
Таърихи даргузашт 25 август 2010(2010-08-25)
Пеша(ҳо) сароянда ва оҳангсоз

Ҳафиз Саидов – сароянда ва оҳангсоз, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (2004).

Соли 1986 ӯ мактаби миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи З.Шаҳидиро дар синфи скрипка назди Р.Сангинов хатм менамояд. Соли 1993 таҳсилро дар шуъбаи оркестрии (скрипка) Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (синфи С.Қашқарова) ба итмом мерасонад. Самти асосии эҷодиёт – суруд, мусиқии эстрадӣ. Роҳбари мусиқии дастаи эстрадии «Гулшан» (1993), ва эстрадии «Сипар» (2000). Вай беш аз 50 суруди эстрадӣ эҷод намудааст, ки онҳо дар репертуари устодони санъати мусиқии эстрадии тоҷик мақоми арзанда доранд. Ӯ тавонист дар мусиқии эстрадии тоҷик мақоми арзандаи бадеҳанавозии касбиро ворид созад. Мусиқии ӯ хеле дилнишин, лирикӣ ва ҳамзамон хеле муосир аст. Ин нишондоди он аст, ки он мусиқии ҳамаи наслҳо хоҳад шуд. Композитори ҷавони боистеъдод пур аз нақшаҳои эҷодӣ буд. Вале бо андӯҳи ҳамагон вай 25 августи соли 2010 ногаҳон аз олам даргузашт.

Мусиқӣ ба сурудҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • 2002 – «Милитсия», суруди мутантан, шеъри Азиза.
  • 2002 – «Тоҷикистон тӯй дорад».
  • 2005 – «Тоҷикистон».
  • 2005 – «Душанбе».
  • 2006 – «Салом алейкум».
  • 2006 – «Ҷавонӣ» ва диг.

Мусиқӣ ба филмҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • 2005 – «Гирдоб».
  • 2006 – «Шоҳин».
  • 2007 – «Нишони зиндагӣ».
  • 2007 – «Дар орзуи падар».
  • 2007 – «Умеди охирин».
  • 2008 – «Пуштаки хандақпеч».[1]
  1. Мусиқишиносон ва оҳангсозони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011. - c 164