Jump to content

Подшоҳии Наҷд ва Ҳиҷоз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нусхаи вироиш аз 04:13, 23 феврали 2022 тавассути VASHGIRD (баҳс | ҳисса) (top: ислоҳи имло using AWB)
(фарқият) ←Нусхаи кӯҳнатар | Намоиши нусхаи феълӣ (фарқият) | Нусхаи навтарин→ (фарқият)
Подшоҳии Наҷд ва Ҳиҷоз

8 январ 1926 — 23 сентябр 1932



Дирафш Нишон
Пойтахт Риёз
Забон(ҳо) арабӣ
Шакли ҳукмронӣ подшоҳии мутлақ[d]

Подшоҳии Наҷд ва Ҳиҷоз (ар. مملكة الحجاز ونجد‎) — давлат дар нимҷазираи Арабистон пас аз забт шудани салтанати Ҳиҷоз дар соли 1920 аз ҷониби Наҷд таъсис ёфт. 8 январи соли 1926 Султони Наҷд Абдулазиз ибни Сауд дар Масҷиди бузурги Маккаунвони подшоҳи Ҳиҷоз тоҷгузорӣ карда шуд. 29 январи соли 1927 ӯ ҳамчунин унвони "Подшоҳи Наҷд"-ро (ба ҷои "Султон" -и собиқ) ба уҳда гирифт. Мувофиқи шартнома дар Ҷидда, ки 20 майи соли 1927 имзо шуда буд, давлати Абдулазиз аз ҷониби Бритониёи Кабир эътироф шуда, номи "Шоҳигарии Наҷд ва Ҳиҷоз"-ро гирифт [1].

23 сентябри соли 1932, минтақаҳои Наҷд, Ҳиҷоз, Ал-Хаса ва Катиф ба як салтанати нави ягона бо номи Арабистони Саудӣ муттаҳид шуданд.

Муносибатҳои байналмилалӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба туфайли робитаҳои наздик бо Британияи Кабир.Абдулазиз тавонист сиёсати экспансионистии худро бо кумаки низомии Бритониё идома диҳад. Аз ин сабаб, Наҷд ва Ҳиҷоз аз Лигаи Миллатҳо хориҷ карда шуданд.

Шоҳигарии Наҷд ва Ҳиҷозро Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1926, Иёлоти Муттаҳида дар соли 1931 эътироф карданд.

То соли 1932 Британияи Кабир, СССР, Туркия, Форс ва Нидерланд дар Ҷидда намояндагиҳои дипломатӣ доштанд ; Фаронса, Италия ва Миср намояндагони ғайрирасмӣ доштанд.

  1. Joseph Kostiner. The Making of Saudi Arabia, 1916—1936: From Chieftaincy to Monarchical State (Oxford University Press US, 1993). ISBN 0-19-507440-8. p. 104.