Jump to content

Ҳалимахон Эркаева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳалимахон Эркаева
Таърихи таваллуд: 28 феврал 1948(1948-02-28) (76 сол)
Зодгоҳ:
Касб: раққоса
Ҷоизаҳо:

Ҳалима Эркаева (28 феврали 1948, Душанбе) — раққоса, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1973), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ (1974).

Зиндагинома

Соли 1965 узви ансамбли рақсии «Лола» гардид ва ба зудӣ чун санъаткори боистеъдод ном ёфт. Дар ҳайати ансамбл «Офтоб», «Сайри гул», «Гулбозӣ», «Танаввор», «Муноҷот», «Ҷавонӣ», «Дӯстӣ» барин рақсҳоро хуб адо карда, як силсила рақси яккаро ба хидм��т овардааст. Баробари рақси тоҷикӣ арғушти дигар халқҳоро(ҳиндӣ, арабӣ, туркӣ, узбекӣ, озарӣ, русӣ) бо маҳорати баланд иҷро намудааст. Аз соли 1987 роҳбари бадеии ансамбли рақсии «Фирӯза»-и Қасри иттифоқхои касабаи ш. Душанбе буд, рақсҳои «Лайло», «Дилбарҷон», «Духтари Фархор», «Ширин», «Хатлон», «Гулҳои Мастчоҳ», сюитаҳои рақсии «Эй дилбари ман», «Гулҳои Тоҷикистон», «Ту ҷонони манӣ» ва ғайраро рӯи саҳна овард. Ба Афғонистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Таиланд, Ангола, Фаронса, Муғулистон, Лаос, Ветнам, Олмон ва дигар кишварҳо сафарҳои ҳунарӣ анҷом додааст.

Ҷоизаҳо

Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадр шудааст.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.