Азия-Плюс

(Тағйири масир аз ASIA-Plus)

ASIA-Plus, Оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс», яке аз Оҷонсиҳои Иттилоотии Тоҷикистон мебошад. Асосгузор ва сармуҳаррири медиа-гурӯҳ - Умед Бобохонов. Муассис - ҶДММ «Оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс». Мавзӯъҳои Оҷонсии иттилоотӣ – шарҳу тавзеҳи рафти воқеаҳо дар Тоҷикистон ва ҷаҳон. Таҳлил ва шарҳи масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мебошад. Оҷонсии иттилоотии ASIA-Plus бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ хизматгузориҳои иттилоотӣ пешниҳод мекунад.

Таърих

вироиш

Оҷонсии иттилоотии ASIA-Plus, дар бозори иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1995 инҷониб амал карда истодааст. Агентии иттилоотии мустақили Тоҷикистон ASIA-Plus тирамоҳи соли 1995 дар Вазорати адлияи ҶТ ба қайд гирифта шуд. ASIA-Plus дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон шабакаи хабарнигорони худро дорад. Имрӯз аз хизматгузориҳои иттилоотии Агентии ASIA-Plus сохторҳои давлатии Тоҷикистон, парлумони кишвар, вазорату идораҳо, бонкҳо, сохторҳои бузурги тиҷоратӣ, ҳамаи сафоратхонаҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ва аксари созмонҳои байнулмилалии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта истифода мекунанд. Бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ хизматгузориҳои иттилоотӣ пешниҳод мекунад. Аз рӯи шумори корбарон дар Интернет-паҳнои TJ портали иттилотии www.news.tj (www.asiaplus.tj) яке аз сершумортарин аст.

Оҷонсии иттилоотии мустақили Тоҷикистон ASIA-Plus тирамоҳи соли 1995 дар Вазорати адлияи ҶТ ба қайд гирифта шуд. Моҳи апрели соли 1996 нахустин шумораи варақаи иттилоотӣ-таҳлилии Агентӣ нашр шуд. ASIA-Plus дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон шабакаи хабарнигорони худро дорад. Имрӯз аз хизматгузориҳои иттилоотии Агентии ASIA-Plus сохторҳои давлатии Тоҷикистон, парлумони кишвар, вазорату идораҳо, бонкҳо, сохторҳои бузурги тиҷоратӣ, ҳамаи сафоратхонаҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ва аксари созмонҳои байнулмилалии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта истифода мекунанд. Аз рӯи шумори корбарон дар Интернет-паҳнои TJ портали иттилотии www.news.tj (http://asiaplustj.info) бидуни шубҳа пешсаф аст.[1]

Сохтор

вироиш

ASIA-Plus – гурӯҳи расонаҳои мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Аз се ширкати мустақил - Агентии иттилоотӣ, Нашрия ва Ширкати телевизиону радио иборат аст, ки зери як тамға (бренд) фаъолият мекунанд. Назди оҷонсӣ Мактаби мустақили рӯзноманигории "Тоҷикистон - асри XXI" аз соли 1999 амал карда истодааст. Ин ташкилоти ҷамъиятиест, ки дар баргузор намудани барномаҳои таълимӣ шарики гурӯҳи расонаҳои ASIA-Plus мебошад.[1]

Нигаред

вироиш

Пайвандҳо

вироиш