Ҳасанбой Шарифоврӯзноманигор, нависанда , узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1980), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2003)

Ҳасанбой Шарифов
Ҳасанбой Шарифов
Таърихи таваллуд: 30 декабр 1951(1951-12-30)
Зодгоҳ: шаҳри Хуҷанд
Таърихи даргузашт: 29 май 2010(2010-05-29) (58 сол)
Навъи фаъолият: нависанда,журналист

Зиндагинома

вироиш

Ҳасанбой Шарифов 30 декабри соли 1951 дар шаҳри Ленинобод (Хуҷанд) таваллуд ёфтааст. Дастпарвари Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин буда, соли 1974 шуъбаи журналистикаи онро бо дипломи аъло хатм намудааст. 22 сол дар нашрияҳои гуногуни вилояти Ленинобод (аз ҷумла, ҳаждаҳ сол дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод») ба рӯзноманигорӣ шуғл варзидааст. Баробари рӯзноманигорӣ, тадқиқи таърихи кишварро пешаи доимӣ қарор дода, соли 1989 рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Солҳои 1996-1998 котиби матбуоти раиси вилояти Суғд, баъдан муовини сардори идораи иттилоот ва таҳлили ҳукумати вилоят будааст.Аз соли 1980 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. 29 майи соли 2010 аз олам даргузашт.

Эҷодиёт

вироиш

Муаллифи китобҳои «Онҳо партизан буданд» (1985), «Дилҳои пурҷасорат» (1986,1989), «Яъқуббек» (Хуҷанд, 1994), «Ради жизни на земле» (Хуҷанд, 1995), «Тоҷикони бурунмарзӣ» (Хуҷанд, 1996, 1999), «Дар талоши некномӣ» (Хуҷанд, 1997), «Яъқуббеки бадавлат» (Маскав, 2001), «Тоҷики гумгашта боз ояд...» (Хуҷанд, 2003), «Оинаи рӯзгори сарбозон» (таърихи матбуоти ҳарбии тоҷик; Хуҷанд, 2003) ва даҳҳо мақолаву очерк аст. Котиби масъул ва муовини сармуҳаррири энсиклопедияи «Хуҷанд» (1939) будааст. Ҳамчунин, яке аз муаллифон ва мураттибони асосии энсиклопедияҳои «Парвозгоҳи бузургон» (таърихномаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров; Хуҷанд, 2002) ва «Ғӯлакандоз: дирӯз, имрӯз, фардо» (Хуҷанд, 2002), муаллифи рисолаҳои муфассали «Тоҷикон дар ҷанги партизании солҳои 1941-1945» ва «Манзили аҷдоди мо» мебошад.Силсилаи мақолаҳояш дар бораи сабабҳои суқути Давлати Советӣ («Бо мо чиҳо кард ҳилаи бадхоҳ» ва ғайра) дар байни хонандагон шуҳрат доранд.

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Ҷоизаи Комсомоли ленинии вилояти Ленинобод (1987);, ба
  • Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (1990);
  • Ҷоизаи ба номи Бобоҷон Ғафуров (1997);
  • Ҷоизаи ба номи Деваштич (2000);
  • Корманди шоистаи Тоҷикистон (2000);
  • Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ (2002).[1]

Сарчашма

вироиш
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.295 ISBN 978-99947-2-379-9