Мусиқӣ (юн. musike, аз musa – муза, олиҳа) — як навъ санъат, инъикоси воқеият бо тасвири бадеии садоҳо; яке аз шаклҳои ғояҳои ҷамъиятӣ мебошад. Мусиқӣ дорои қувваи бевоситаи тавонои таъсирбахши маънавӣ мебошад. Мусиқӣ дар тӯли таърихи башарият нақши ҷамъиятӣ – ғоявӣ, маданӣ – тарбиявӣ ва ташкилкунандагиро бозидааст ва мебозад. Мусиқии ҳар як халқ дорои хусусиятҳои миллӣ мебошад. Мусиқии халқӣ бо такмилдиҳии эҷодиёти бисёр наслҳо ба зинаи баланди бадеии баркамол ноил гардидааст; дар алоқаи зич бо мусиқии халқӣ, мусиқии касбӣ эҷодиёти композиторон рушд меёбад. Воситаҳои таҷҷасумёбии образ дар мусиқӣ садоҳои мусиқӣ мебошанд. Асоси мусиқӣ -ин хушнавоӣ (мелодия) аст. Бо шумораи муҳимтарин воситаҳои ифодаи мусиқӣ тааллуқ доранд: лад, ритм, метр, гармония, инструментовка. Мусиқӣ бо нота қайд ва навишта мешавад ва мавриди иҷро намудани мусиқӣ қабул карда мешавад. Бо тарзу усули иҷрошавӣ мусиқӣ ба 2 соҳаи асосӣ тақсим мешавад: созӣ (ниг. Созҳои мусиқӣ) ва вокалӣ (ниг. Сурудхонӣ). Мусиқӣ метавонад яковоза (монодия) ва бисёровоза (полифонӣ, гомофонӣ) бошад. Мусиқӣ бо назм (Мусиқии вокалӣ), рақс, театр (опера, балет, Мусиқӣ дар намоишномаҳои драмавӣ) ва санъати кино пайваст карда мешавад.[1]

Аломати мусикӣ

Нигаред

вироиш
  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 239-240 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)