Муродалӣ Иброҳимов

Муродалӣ Иброҳимов (Иброҳимов Муродалӣ Файзалиевич; 8 марти 1964, Ҷамоати деҳоти Гулистони, ноҳияи Рӯдакӣ, ҶШС Тоҷикистон) — муаррих, номзади илмҳои таърих (2003), доктори илмҳои таърих (2013), дотсент (2013), профессор (2016), узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон (2011), Дорандаи Медали «Хидмати шоиста» (2022). Аълочии маорифи Тоҷикистон (2011).

Муродалӣ Иброҳимов
Муродалӣ Файзалиевич Иброҳимов
Таърихи таваллуд 8 март 1964(1964-03-08) (60 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Рӯдакӣ, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ Таърих
Ҷойҳои кор Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ дотсент (2016)
Алма-матер филиали Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (1984-1989)
Ҷоизаҳо Медали «Хидмати шоиста» (2022), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2011)

Зиндагинома

вироиш

Муродалӣ Файзалиевич Иброҳимов 8 марти соли 1964 дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст. Таҳсил: мактаб-интернати № 1 ноҳияи Рӯдакӣ (1974-1979), мактаби № 2 шаҳри Ваҳдат (1980-1981). Хатмкардаи факултети технологии филиали Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (1984-1989). Фаъолияти меҳнатӣ: Устои басти сехи ресмономодасозии Фабрикаи бофандагии № 1 Иттиҳодияи истеҳсолии матоъҳои пахтагини Душанбе (1989-1990), ассистент, муаллими калон, мудири кафедраи технологияи саноати сабук, декани факултети саноати нассоҷӣ ва сабук, сардори шуъбаи таълим, проректор оид ба тарбия ва тарғибот, профессор ва мудири кафедраи дизайни либос ва санъати мӯди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (1991-2017). муовини ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон оид ба таълим (2017-2021), профессори кафедраи санъатшиносии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон (2021-2022). Аз январи соли 2023 - ҷонишини директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ.[1]

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Муаллифи 7 монография, 4 луғати соҳавӣ, 18 китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ, зиёда аз 120 мақола ва 3 пантенти ихтироот.

Соли 2003 дар Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи номзадиро дар мавзӯъи «��аърихи бофандагии анъанавии тоҷикон» дифоъ намудааст. Соли 2013 бошад, рисолаи докториро бо мушовирии яке аз олимони маъруфи тоҷик, академик Раҳим Масов дар мавзӯъи «Таърихи санъати нассоҷии тоҷикон» ҳимоя намудааст. Бори нахуст ба таври мукаммал таърихи санъати нассоҷии тоҷиконро аз давраи қадимтарин то давраи навин таҳқиқ намудааст Доир ба равияҳои таърихи санъат ва таърихи либоси миллӣ тадқиқот мебарад. Таҳти роҳбарии ӯ 2 нафар (Дилафрӯз Раҷабова ва Давлатёр Шералиев) оид ба таърихи фарҳанги маънавӣ ва моддии тоҷикон рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намудаанд.

Профессор Муродалӣ Иброҳимов муаллифи бештар аз 120 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 5 монография, зиёда аз 80 мақолаи илмӣ, 3 фарҳанги соҳавӣ, 4 китоби дарсӣ, 5 дастури таълимӣ-методӣ, 3 патенти ҶТ оид ба ихтироот мебошад.

Китобҳо (Монографияҳо)

вироиш
  1. Таджикский ремесленный текстиль: Словарь-справочник. Иброхимов М. Ф. Душанбе: Ирфон, 2003. – 60 с.
  2. Традиционное ткачество таджиков: История и технология. Иброхимов М. Ф. Душанбе: Ирфон, 2006. – 210 с.
  3. Текстильные промыслы таджикского народа в конце XIX – начале XX в. Иброхимов М. Ф. Душанбе: Ирфон, 2013. - 182 с.
  4. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон: Таърихи рушд ва дурнамо. Иброхимов М. Ф. Душанбе: Ирфон, 2010. - 198 с.
  5. История таджикского костюма (конец XIX – начало XXI века) / Дар ҳаммуалифӣ бо З. Н. Сафарова. Душанбе, 2018. - 07 с.
  6. Таърихи санъати тасвирӣ ва ороишии амалии тоҷикон. Давраҳои қадимтарин ва қадим. Душанбе, 2022. - 337 с.

Китобҳои дарсӣ

вироиш
  1. Сохт ва тарҳрезии матоъҳо: Дастури амалӣ. Иброҳимов М. Ф., Бобомуродова Ф. Р. – Душанбе 2006. – 128 с.
  2. Технология ва таҷҳизоти истеҳсолоти бофандагӣ: китоби таълимӣ барои макотиби олӣ. Ишматов А. Б., Иброҳимов М. Ф. - Душанбе: Ирфон, 2007. – 265 с.
  3. Луғати русӣ - тоҷикии нассоҷӣ.Ишматов А. Б., Иброҳимов М. Ф. - Душанбе, 2010. – 602 с.
  4. Луғати мухтасари русӣ – тоҷикии абрешимчигӣ. Салимҷонов С., Ишматов А. Б., Иброҳимов М. Ф., Ҷӯраев Ҷ. – Хуҷанд, 2010. – 122 с.
  5. Технология ва таҷҳизоти барои бофт омодасозии ресмонҳо: Китоби таълимӣ барои макотиби олӣ бо тавсияи Вазорати маорифи ҶТ.Ишматов А. Б., Иброҳимов М. Ф., Ҳакимова З. Ғ., Ҷалилов Ф. С. – Душанбе: ЭР-граф, 2011. – 104 с.
  6. Проектирование ткацкой фабрики: Методическое пособие по курсовому и дипломному проектированию. Иброхимов М. Ф.– Душанбе: Ирфон, 2013. – 72 с.
  7. Технология ва таҷҳизоти истеҳсолоти бофандагӣ. Ишматов А. Б., Иброҳимов М. Ф., Ҳакимова З. Ғ., Ҷалилов Ф. С. – Душанбе: ЭР-граф, 2013. – 110 с.
  8. Дастурамали заминавӣ оид ба татбиқи барномаи корҳои тарбиявӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.Шоев Н. Н., Иброхимов М. Ф., Раҷабова Д. Қ., Наботов Ю. Ш. – Душанбе: Ирфон, 2012. – 276 с.[2]

Мукофотҳо ва ҷоизаҳо

вироиш


Пайвандҳо

вироиш
  1. Муродалӣ Иброҳимов муовини директор оид ба илм(тоҷ.). www.institute-history.tj (2023). 29 июли 2023 санҷида шуд.
  2. Муродалӣ Иброҳимов муовини директор оид ба илм(тоҷ.). www.institute-history.tj (2023). 29 июли 2023 санҷида шуд.
  3. Муродалӣ Иброҳимов муовини директор оид ба илм(тоҷ.). www.institute-history.tj (2023). 29 июли 2023 санҷида шуд.