Лутфӣ Зоҳидова
Лутфӣ Зоҳидова (6 ноябри соли 1925 — 10 октябри 1995) — аввалин раққосаи балети ҶШС Тоҷикистон. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон. Ҳунарпешаи халқии СССР(1957). Зоҳидова дар саҳнаи Театри давлатии опера ва балети тоҷик ҳунарнамоӣ намудааст. Барои иҷрои партияи Лайлӣ (дар балети «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Сергей Баласанян) бо ҷоизаи Сталин (ҷоизаи давлатии СССР) (1949) сарфароз гардидааст. Бо орденҳои "Парчами сурхи меҳнат" ва "Нишони фахрӣ" мукофотонида шудааст.[2][3]
Лутфӣ Зоҳидова | |
Таърихи таваллуд: | 6 ноябр 1925[1] |
Зодгоҳ: | Душанбе ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт: | 10 октябр 1995 (69 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | раққосаи балет |
Ҷоизаҳо: |
Лутфи Зоҳидова бори аввал дар балети тоҷик «Лайлӣ ва Маҷнун», ки 7 ноябри соли 1947 дар саҳнаи Театри давлатии опера ва балети тоҷик гузошта шуда буд, ҳунарнамоӣ намудааст. Балетмейстер Ғаффор ��аламатзода, дирижёр Л. Левин, рассом Е. Чемодуров; дар нақшҳо: Лайлӣ – Л. Зоҳидова, Маҷнун (Қайс) – М. Қобилов, Ибни Салом – Рафаэл Толмасов, Навфал – М. Ҳасанов. Гурӯҳи эҷодкорон – С. Баласанян, Ғ. Валаматзода, Е. Чемодуров, Л. Зоҳидова, М. Қобилов соҳиби – ҷоизаи Сталин (ҷоизаи давлатии СССР) (1949) гардидаанд
Адабиёт
вироиш- Народные артисты СССР. В 2-х тт. / Авторы-составители М. В. Музалевский и В. Л. Иванов. — М.: РИЦ «Кавалер», 2007.
- Лутфӣ Зоҳидова // Конибодом. Энсиклопедия. – Душанбе, 2005. – С.103.
- Зоҳидова Лутфӣ // Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 1988. – ҷ.1. – С.473- 474.Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 1988. – ҷ.1. – С.473
Эзоҳ
вироиш- ↑ Захидова Лютфи // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ Сомонаи вазорати фарҳанги Тоҷикистон
- ↑ ЭАСТ, ҷ.1.