Мардумсолорӣ

(Тағйири масир аз Демократӣ)

Мардумсолорӣ (форсӣ: مردم‌سالاری‎), демокра́тия (юн.-қад. δημοκρατία аз δῆμος «мардум» + κράτος «ҳукумат») — шакли ташкилоти сиёсии ҷамъият, ки аз руйи иштироки шаҳрвандҳо дар кори идоракунӣ, баробарии онҳо дар назди қонун, хуқуқҳои сиёсӣ ва озодии шахс, аз дигар шаклҳои ҳокимият фарқ мекунад.

Таърих

вироиш

Дар асоси маълумоти таърихӣ — инкишофёбӣ ва тағйирёбии демократия бо ҳадди инкишофёбии ҷамъият алоқаманд аст.

Яке аз навъҳои таърихии демократия дар давраҳои атиқа пайдо шудааст, ки он демократияи Афинаи Қадим мебошад. Нишонаи демократияи қадим — ҷамъомадҳои халқӣ, интихобкунӣ, масъулиятнокии шахсони мансабдор мебошад. Нишонаи асосии демократия интихобӣ будани мақомоти ҳокимияти давлатӣ мебошад. Ду намуди демократия фарқ карда мешавад:

  1. демократияи намояндагӣ (қабули қарорҳои асосӣ ба воситаи мақомоти интихобӣ қабул карда мешавад);
  2. демократияи бевосита (қабули қарорҳои асосӣ бевосита аз ҷониби худи шаҳрвандон қабул карда мешавад).[1]

Демократия аз ҳама шакли давлат аст. Демократия аз шаклҳои дигари давлат (истибдод, автократия, диктатураи ҳарбӣ ва ғайрахо) бо хусусиятҳои зерин фарқ мекунад: ба таври расмӣ эътироф намудани принсипи тобеияти ақаллият ба аксарият; баробарӣ ва озодии шаҳрвандҳо; интихоби будани органҳои давлатӣ ва ғайраҳо.

Мардумсолорӣ дар Тоҷикистон

вироиш

Дар моддаи якуми Қонуни асосии Ҷ��мҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки Тоҷикистон давлати демократӣ, хуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон аз соли 1991 демократияи худро сохта истодааст.

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 153