Даҳана (деҳа, н. Кӯлоб)

Даҳана (форсӣ: دهنه‎‎) — деҳаест дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб. Аз Даҳана то маркази ноҳия 20 км роҳ. Аҳолиаш — 1419 нафар (с. 2017), тоҷикон.

Деҳа
Даҳана
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Кӯлоб
Ҷамоат Деҳоти Даҳана
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1929
Деҳа аз 1826
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1419 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонон
Номи қавмӣ даҳанагӣ, даҳанагиҳо
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3322
Нишонаи почта 735140

Ҷойгоҳ

вироиш

Даҳана дар соҳили наҳри Даҳана, 202 км ҷанубу шарқтар аз шаҳри Душанбе, дар доманаи қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ ҷойгир буда, маркази маъмурии Ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб, дар вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар шимол бо деҳаи Сафар Амиршоев, дар ғарб бо деҳаҳои Баҳористон, Сариёзи Боло, дар ҷануб бо деҳаи Гулрез ва дар шарқ бо деҳаи Пистамазор дар ҳамсоягӣ қарор дорад.

Нақлиёт

вироиш

Даҳана дар қитъаи роҳи ҷанубии «РҶ034» ҷойгир шудааст ва аз ин ҷо то фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб 12 км, то маркази ноҳия, шаҳри Кӯлоб 20 км, то маркази вилоят, шаҳри Бохтар 174 км ва то пойтахт, шаҳри Душанбе 202 км роҳ мавҷуд аст.

Бахшбандӣ

вироиш

Сарвари деҳаи Даҳана, Раиси ҷамоати деҳоти Даҳана мебошад, ки ӯро Ҷамоат бо пешниҳоди Раиси шаҳри Кӯлоб, ба муҳлати 5 сол интихоб менамояд. Ҳоло сарварии Даҳанаро Раиси Ҷамоати деҳоти Даҳана ва Раиси маҳаллаи Даҳана ба уҳда доранд.

Номи мавзеъ

вироиш

Даҳана — аз форс. "دهانه" ва тоҷик. «Даҳана» гирифта шуда, ин ҷо ба маънои «даҳанаи кӯҳ» омадааст. Вобаста ба мавқеъи ҷуғрофиаш, ки дар доманаи қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ ҷой дорад, ба ин деҳа чунин номгузори кардаанд.

 
Қаторкӯҳи Ҳазрати Шоҳ, атрофи деҳаи Даҳана

Иқлим

вироиш

Иқлими деҳаи Даҳана хушкӣ буда, гармии миёнаи ҳаво дар фасли тобистон +18 °C ва дар зимистон хунукии ҳаво −9 °C мерасад. Бо сабаби дар даҳонаи кӯҳ ҷой доштан, ин ҷо шамол бештар мевазад. Дар зимистон наҳри Даҳана ях баста, то андозае ҳавзаи обаш кам мегардад ва дар тобистон хушк мешавад. Баъзан солҳо, бо сабаби боронҳои зиёд дар кӯҳсорон, маҷрои наҳри Даҳана сел мешавад.

 
Наҳри Даҳана, зимистони соли 2023

Табиат

вироиш

Дар кӯҳсори Даҳана гулҳои наврӯзи, лолаи даштӣ, сияҳгӯш ва як чанд навъи гиёҳҳои шифобахш мерӯянд. Дар баландкӯҳҳо ҷайра, мор [1] [2] ва кабк мавҷуд аст, ки аз сабаби шикори зиёд шумораашон бисёр ҳам кам шудааст ва аз ин ҳисоб онҳоро дар Китоби сурхи Тоҷикистон сабт намудаанд. Дар ҳамвориҳо бештар пахта, ғалла, помидор, ҷуворимакка, ангур, хурмо, тут ва ҳама зироатҳо ва меваҳое, ки дар Тоҷикистон мерӯянд ин ҷо кишт ва парвариш карда мешаванд. Заминҳо аз наҳри Даҳана ва дарёи Яхоб обёри мешаванд.

 
Соҳили наҳри Даҳана, баҳори соли 2023

Таърих

вироиш

Даҳана ба минтақаи Кӯлоби бостонӣ дохил мешавад ва таърихи ин минтақа дар асарҳои бостоншиносон ва таърихнигорон Юсуфшо Ёқубов ва О. Нуриддинов дарҷ гардидааст. Аввалҳои асри XVIII ин ҷо одамон зиндагӣ мекарданд, дар соли 1932 деҳаи Даҳана дашти қамишзор ва санглох буд. Бо қарори Ҳукумати Шӯравӣ одамонро аз маҳаллаҳои Дашти Ҷум, Балҷувон ва Ховалинг ба Даҳана мекӯчонанд, хоҷагии ба номи Сафар Амиршоев ташкил ёфта, деҳаи Даҳана обод шуд.

Аз адабиётҳои таърихи:

вироиш
«Дар бораи таъғиротҳо дар сохти маъмурӣ — территориявии РСС Тоҷикистон. Указ аз 04.01.1963 с. (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, № 2). Бо мақсади боз ҳам такмил додани роҳбарӣ ба хоҷагии халқ, беҳтар намудани хидматрасонӣ ба аҳолии шаҳр ва қишлоқ, мувофиқи қарори Пленуми ноябрии соли 1962 КМ КПСС Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон қарор мекунад: Аз ҳайати райони Восеъ, Совети қишлоқи Даҳана ба тобеи Совети депутатҳои меҳнаткашони шаҳри Кӯлоб дохил карда шавад. Дар бораи даровардани баъзе тағирот ба тақсимоти маъмурӣ — территориявии РСС Тоҷикистон. Указ аз 06.01.1965, (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, № 2) Дар ҳайати РСС Тоҷикистон райони Кӯлоб ташкил карда шуда, ба ҳайати он Совети қишлоқи Даҳана дохил карда шавад ва Совети қишлоқи Даҳана аз тобеияти райони Восеъ бароварда шавад. Дар бораи барҳам додани баъзе Советҳои қишлоқии вилояти Кӯлоб, РСС Тоҷикистон. Укази аз 28.07.1954 (Протоколи № 44, § 45) Совети қишлоқи Зиракӣ барҳам дода шавад ва территорияи он ба Совети қишлоқи Даҳана дохил карда шавад.»[1]

Соли 1932 бо номи Даҳаначинор (Дагана-чинар) маркази маъмурии ҷамоатшӯрои Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб буд, ки дар он дар 26 хоҷагӣ 103 нафар зиндагӣ мекарданд[3].

Санаҳои таърихӣ

вироиш
  • 28.07.1954 — Дар вилояти Кӯлоб, ҳудуди Совети қишлоқи Зиракӣ ба Совети қишлоқи Даҳана дохил карда шуд.
  • 04.01.1963 — Совети қишлоқи Даҳанаи ноҳияи Восеъ, тобеи Совети депутатҳои меҳнаткашони шаҳри Кӯлоб дохил карда шуд.
  • 06.01.1965 — Совети қишлоқи Даҳана, аз тобеияти ноҳияи Восеъ бароварда шуда ба тобеияти шаҳри Кӯлоб дода шуд.

Маориф

вироиш
 
Мактаби миёнаи № 16, деҳаи Даҳана


Хизматрасониҳо

вироиш

Зеристгоҳи барқӣ, китобхона, хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ, Идораи маъмурияти Ҷамоати деҳоти Даҳана, маркази саломатӣ, дорухонаҳо, хонаи фарҳанг, толори варзишӣ [6], филиалҳои Амонатбонк, Агроинвестбонк, бозори фурӯши молҳои ниёзи мардум, бозори фурӯши ҳайвонот, мағозаҳо, ошхонаҳо, осёбҳои барқӣ, нуқтаҳои фурӯши сузишворӣ, коргоҳҳои хурди нонпазӣ, хиштбарорӣ, коркарди чӯб, кафшергарӣ, ҷои шустани нақлиёт, таъмири техникӣ, масҷиди ҷомеъ.

Демография

вироиш

Асосан тоҷикон зиндагӣ мекунанд, ба яке аз гӯишҳои забони тоҷикӣ, шеваи ҷанубӣ сухан мегӯянд, шуғли асосиашон кишоварзӣ, чорводорӣ ва савдогарӣ ба ҳисоб меравад. Даҳана зодгоҳи файласуф Абдулвоҳидов Саттор буда, олими соҳаи фалсафа Султон Наврӯзов мактаби миёнаи №16 ҳамин деҳаро соли 1957 хатм намудааст. [2]

Аҳолӣ

вироиш

Шумораи аҳолии деҳаи Даҳана мувофиқи баруйхатгирии аҳолӣ давоми солҳо:

сол 1932 1987 2009 2010 2017
шумора
(нафар)
103 851 1471 1493 1419

Галерея

вироиш
 
Наҳри Даҳана, зимистони соли 2023
 
Соҳили наҳри Даҳана, баҳори соли 2023
 
Манзараи умумии деҳаи Даҳана
 
Манзараи деҳаи Даҳана
 
Мактаби миёнаи № 16, деҳаи Даҳана
 
Идораи ҷамоати деҳоти Даҳана
 
Қаторкӯҳи Ҳазрати Шоҳ, атрофи деҳаи Даҳана
 
Даромадгоҳи деҳаи Даҳана
 
Деҳаи Даҳана

Адабиёт

вироиш

2006, саҳифаи 170.

Пайвандҳо

вироиш
  • [3] Деҳаи Даҳана 
  • [4] Ҷамоати Даҳана
  • [5] Мактаби № 34, деҳаи Даҳана

Ҳаволаҳо

вироиш
  1. Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон : Олами ноботот ва ҳайвонот / Ш. Курбонов, А. Тошев. — 2-е изд. — Душанбе : Дониш, 2015. — 535 с. — ISBN 978-9975-45-07-7.
  2. Конвенция о биологическом разнообразии : Пятый национальный доклад Республики Таджикистан о сохранении биологического разнообразия. — Душанбе : UNEP, 2014. — 154 с.
  3. Список населённых пунктов ТаджССР 1932.pdf. Google Docs. 24 октябри 2023 санҷида шуд.
  4. http://www.president.tj/node/13289
  5. https://www.president.tj/event/domestic_trips/12332
  6. https://www.youtube.com/watch?v=HqVKBfqJy2Q